Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар нимсолаи аввали соли 2017

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

 

Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи мазкур муайян гардидааст. Татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷамъбасти Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур Кумита моҳи марти соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” аз 23-юми январи соли 2017, №6 Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён намояндагӣ мекунад. Гурӯҳи кории мазкур дар ҳамкориҳо то имрӯз 192 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намудааст.

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми апрели соли 2017, №сод.263м ҷиҳати «Барӯйхатгирии номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд» аз 20-ум то 30-юми апрели соли равон роҳбарият, кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо сафарбар шуда, номҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ғайра дар асоси моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор дода шуд. Барои ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намудан ва эҳё намудани номҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис додашуда, корҳо дар ин самт идома дорад. Аз натиҷаи супориши мазкур оид ба мутобиқ намудани номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ба талаботи забони тоҷикӣ ҷавобгӯй кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасии гурӯҳи корӣ дар нимсолаи дуюми соли равон гузориш пешниҳод карда мешавад.

Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти санҷишӣ Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риоя гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, барои соли 2017 таҳия карда, барои тасдиқ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намуд, ки 3-юми марти соли 2017 тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 28-уми марти соли 2017, №38 аз 3-юм то 14-уми апрели соли 2017 гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раёсатҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ; иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм; илм ва инноватсия; таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; муносибатҳои байналмилалӣ; омори муассисаҳои таълимӣ, кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ, низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм, таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот ва Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои ислоҳи камбудиҳо санад ба Вазорати мазкур пешниҳод карда шудааст.

Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 1-уми майи соли 2017, №49 гурӯҳи корӣ аз 15-ум то 31-уми майи соли равон оид ба иҷрои Нақшаи санҷишии Кумита дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси вилоят, раёсатҳои омор, андоз, маориф ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, студияҳои «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдвидео», шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан, Нозироти андоз, раёсатҳои омор, маориф ва Бозори марказии шаҳри Истаравшан, инчунин, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод, Нозироти андоз, шуъбаҳои омор, маорифи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро тибқи Номгӯи барномаи санҷиш мавриди санҷиш қарор дода шуд ва аз натиҷаи санҷиш санад таҳия гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 29250 сомонӣ таъин гардида, аз ин маблағҳо 14400 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

 

Экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот

 

Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар Кумита зиёда аз 35 мавод аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

1) Хулоса ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (аз 10-уми марти соли 2016, №647)»;

2) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар»;

3) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022»;

4) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот»;

5) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «Устод шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2017-2021»;

6) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи интизомии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

7) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030»;

8) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;

9) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»;

10) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;

11) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»;

12) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»;

13) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

14) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»;

15) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи кино»;

16) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»;

17) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»;

18) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006, №610»;

19) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»;

20) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо»;

21) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»;

22) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2015, №570»;

23) Хулоса ба «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ»;

24) Хулоса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ;

25) Хулоса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

26) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Оиннома, ҷадвали корбаст ва нақшаи сохтор»;

27) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

28) Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноятии №16196 ба айбдории Нозимов Д. Д. ва Нозимов И. И.;

29) Хулоса ба лоиҳаи китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 2-юми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ;

30) Хулоса ба лоиҳаи китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ;

31) Хулоса ба китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ;

32) Хулоса ба нахустнусхаи китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 5 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ;

33) Хулоса ба нахустнусхаи китобҳои “Забони давлатӣ” барои синфҳои 3, 7 ва 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ;

34) Хулоса ба нахустнусхаи китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 4 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ;

35) Хулосаи экпертиза ба китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ.

 

Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот

 

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита аз 14-уми декабри соли 2016, №7 бо дарназардошти такмилу таҳлилҳо нисбат ба фаъолияти аъзои Шӯро ҳайати нави Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита тасдиқ карда шуд. Бо мақсади рушду густариши забони давлатӣ дар кишвар ва барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои мухталиф, дар гурӯҳи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ бахши нави тахассусӣ дар риштаи илмҳои дорусозӣ таъсис дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот фарҳангҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

1) Хулоса ба лоиҳаи «Фарҳанги русӣ - англисӣ ба тоҷикии политехникӣ»- и Пирмуҳаммад Нуров, (19140 вожаю истилоҳи техникӣ);

2) Хулоса ба лоиҳаи «Луғати истилоҳоти варзишӣ» (Муассисаи давлатии «Хонаи ҷумҳуриявии методӣ», иборат аз 1910 истилоҳ).

Инчунин, аз ҷониби мутахассисони Кумита ба маводи зерин доир ба истилоҳот хулоса пешниҳод гардид:

1) Баррасӣ ва ташхиси забони нахустнусхаи барномаи «Прогмат», ки аз се қисмат (Арифметика, Алгебра, Геометрия) иборат аст;

2) Хулоса ба тавзеҳоти истилоҳи «Туризм – сайёҳӣ, турист – сайёҳ ва саёҳат (экскурсия)»;

3) Хулоса ба вожаҳои варзишӣ ва коркарди истилоҳоти варзишӣ (муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш») (28 истилоҳи варзишӣ);

4) Хулоса ба лоиҳаи “Луғати истилоҳоти варзишӣ”, (1910 истилоҳ);

5) Хулоса ба шарҳ ва таърихи пайдоиши калимаи «озуқаворӣ» ба Раёсати банақшагирӣ ва стратегии ислоҳоти ДИПҶТ;

6) Хулоса ба лоиҳаи фарҳангномаҳои тахассусии кишоварзии «Фарҳанги тафсириии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ», «Феҳристи истилоҳот», «Истилоҳоти соҳаи агрономӣ, боғдорӣ, биотехнологияи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот» (бахши аввал), «Истилоҳоти соҳаи гидромелиоративӣ ва механиконии кишоварзӣ» (бахши дувум), «Истилоҳоти соҳаи зооинженерӣ ва тибби ветеренарӣ» (бахши сеюм), «Истилоҳоти соҳаи зооинженерӣ ва тибби ветеренарӣ» (бахши сеюм давомаш) «Истилоҳоти соҳаи иқтисодӣ, молия, бонкдорӣ, маркетинг ва менеҷмент» (бахши чорум)-ро, ки аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (муаллифон Қодиров Т. А. ва Дустов К. А.) ҷиҳати баррасӣ, таҳия ва ба нашр омода намудани «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти кишоварзӣ» пешниҳод гардидааст (дар умум -7 китоб), (дар ҳолати баррасӣ);

7) Хулоса ба лоиҳаи “Луғати футболи русӣ -тоҷикӣ” (мураттиб - мураббии шоистаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шарипов), 3500 истилоҳро дар бар мегирад);

8) Хулоса ба мафҳуми чорабинии “Бойчечак” ва “Гулгардонӣ” (пешниҳод “Гулгардонӣ”) ва милликунонии баъзе ҷашнҳо ва расму оинҳо, аз ҷумла, Рӯзи 1-уми Май (пешниҳод: “Рӯзи пешаварон”);

9) Хулоса ба номи писарона Султонкарим дар асоси муроҷиати шаҳрванд Деҳқонов Султонраҳим;

Қобили зикр аст, ки агар дар шаш моҳи соли 2016, 6 фарҳангнома (дар соҳаҳои забоншиносӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, компютерӣ ва техникӣ) дар ҳаҷми 16094 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда бошанд, дар шаш моҳи аввали соли равон 21981 истилоҳ (дар соҳаҳои техникӣ, варзишӣ, кишоварзӣ, байторӣ ва илмҳои дақиқ) мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 76% зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон дод, ки аксар мураттибон ба ҷои коркарди истилоҳоти соҳавӣ бештар дар такя ба Фарҳангҳои умумӣ истилоҳоту вожаҳои дар соҳаи тахассусӣ бегона ва мухталифро дар китоб ҷой медиҳанд. Яъне, дар бештари маврид муаллифон ва мураттибон бидуни хулоса ва ё тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳу донишкадаҳо онро ба Кумита пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, агар мураттиб ё муаллиф на кам аз 3 то 7, 10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси шуъба ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз 1 то 3 моҳ муҳлат доранд. Мутаассифона, чунин таҷриба барои дар сатҳи зарурӣ коркард ва роҳандозӣ гардидани истилоҳот мусоидат карда наметавонад. Бинобар ин, хуб мебуд, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ дар ҳар семоҳа ба таври интихобӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 истилоҳ ба Кумита пешниҳод карда мешуд.

 

Номгузорӣ:

Ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ

 

Аз ҷониби мутахассисони Кумита лоиҳаи «Дастурамали номгузорӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва коркард қарор дорад, ки он дар нимсолаи дуюм пешниҳод хоҳад гардид.

Дар асоси моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин, дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад. Ин нукта дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) қайд гардида, дар Нақшаи чорабиниҳо (бандҳои 5, 7) оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот низ дарҷ гардидааст.

Дар ҳамин давра номгузории ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосаҳои Кумита дар мавриди номгузории муассисаҳои зерин пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

  1. Хулоса оид ба номгузории корхонаи навтаъсиси dushop.tj (онлайн мағоза);
  2. Хулоса ба ҶДММ «Толе» оид ба ангораи матни рекламавии «Панҷа парто!»;
  3. Хулоса ба номгузории қаҳвахонаи миллии осетинии «Терек»;
  4. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ оид ба муроҷиати директори ҶДММ «Ором саёҳат» Абдуллоева М.С. дар мавриди номгузорӣ ва номлавҳа;
  5. Пешниҳоди экспертизаи забоншиносӣ оид ба номгузории мағозаи «Роҳи абрешим» истиқоматкнандаи ш. Душанбе Кенҷаев Ф.
  6. Хулоса ба муроҷиати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгузории «Студияи миҷгон» Хусаинова Ш.
  7. Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд оид ба номгузории Корхонаи «Шоколад».
  8. Хулоса ба номгузории корхонаи навтаъсис «МАҒОЗАИ ИНТЕРНЕТӢ»;
  9. Хулосаи забоншиносӣ ба муроҷиати истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Сангов оид ба номгузории қаҳвахонаи «Абстракт»;
  10. Хулоса ба соҳибкор Саидзодаи Бобораҷаб оид ба номгузории қаҳвахонаи «Mv Fast»;
  11. Хулоса ба номгузорӣ ва маводи рекламавии Студияи зебоии «Чеҳра»;

12) Хулоса ба номгузории кошонаи ҳусни «Динора»;

13) Хулоса ба номгузории ҶДММ «Хуҷанд Элитсохтмон»;

14) Хулоса ба номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ба номи Саидмурод Алиев (аз ноҳияи Восеъ);

15) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ба номи Изатулло Ҳаёев;

16) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи Султон Мирзошо (шаҳри Кӯлоб);

17) Хулоса ба номи МТМУ-и №11-и ноҳияи Муъминобод ба номи Нурулло Одинаев (дастгирӣ);

18) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и деҳаи Дастгираки Боло-и ноҳияи Ёвон ба номи Абдулло Бӯриев;

19) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Маданияти Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба номи Холмурод Холмуминов;

20) Хулоса ба номгузории корхонаи таълимии «ISTUDY» ва тавсия ба номи «Хушзабон»;

21) Хулоса ба номгузории қаҳвахонаи «З.Вегас» (муроҷиати шаҳрванд Холова З.);

22) Хулоса ба номгузории маркази хизматрасонӣ Кошонаи ҳусн «Фарангис» (муроҷиати шаҳрванд Абдуллоева Ф.);

23) Хулоса ба номгузории Маркази савдои «Далер»;

24) Хулоса ба номгузории Ташкилоти омӯзишии навтаъсис бо номи «Маркази муҳорибаҳои ақдишӣ» (муроҷиати шаҳрванд Джураев Д.);

25) Хулоса ба номгузории ному насаби фарзанд – «Шикорчӣ Мухаммед Хоссейн Фархад» (муроҷиати шаҳрванд Ибодова Ш.);

26) Хулоса ба номгузории фарзанд бо номи Мирзокарим (муроҷиати шаҳрванд аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ҷалилов М.);

27) Хулоса ба номгузории корхонаи навтаъсиси «АББА» (муроҷиати шаҳрванд Усмонов А.).

28) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванди шаҳри Душанбе Латипов Ю оид ба шакли дурусти навишти ному насаби фарзандон;

29) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Қодирӣ С., оид ба истилоҳоти китоби дарсии физикӣ;

30) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Фараҳманд Нарзизода оид ба навишти дурусти «ӯ» дар калимаҳо;

31) Пешниҳод ба муроҷиати Исмоилов Б. истиқоматкунандаи ш. Душанбе оид ба ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ ва вожаю истилоҳоти фарҳанги забони тоҷикӣ;

32) Хулоса ва мактуб ба муроҷиати шаҳрванди шаҳри Хуҷанд Тошхуҷаев С.С ва Тошхуҷаева Л.А оид ба гузоштани номи Самир ба фарзандаш;

33) Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба истиқоматкунандаи шаҳри Норак Қурбонов З оид ба номгузории фарзанд «Асмоа»;

34) Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров оид ба номгузории фарзанд бо номи «Ҳадяхон»;

35) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Бойтемуров Б.Б. оид ба номгузории фарзанд бо номи «Маснат»;

36) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Ҳаятова У. оид ба номи «Мусканҷи»;

37) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд оид ба номгузории «Абдулборӣ»;

38) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд оид ба номгузории «Таҳия»;

  1. Хулоса ба муроҷиати истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ Расулов М. оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ.
  2. Хулоса ба муроҷиати истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод Минийгитов И. оид ба номгузории «Ибратҷон»
  3. Хулоса ба муроҷиати истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зиндакон Нуров М оид ба номгузории фарзанд бо номи «Облоқул»
  4. Хулоса ба истиқоматкунандаи ш. Исфара Давронов Х. оид ба номгузории фарзанд бо номи «Афроз».

43) Хулоса ба сокини ш.Ҳисор оид ба номгузории фарзанд бо номи «Ҷабраил»

44) Хулоса ба сокини ноҳияи Панҷ Ҳайталиев Ҳусниддин оид ба меъёри забони тоҷикӣ мутобиқ гардондани ному насаб

45) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Балҷувонро ба номи Ҳалимов Мирзо;

46) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Темурмалик ба номи Аллаёрова Мамлакат Дониёровна;

47) Хулоса оид ба номгузорӣ намудани МТМУ-и №6-и ноҳияи Балҷувон ба номи Алиев Теша;

48) Хулоса оид ба номи ҶДММ “Ором саёҳат” ва номгузорию насби номлавҳаи онро дар шакли «YETI HOSTEL»-Хобгоҳи «Йети»;

49) Хулоса ба шаҳрванд оид ба номгузории тарабхонаи “Мавр”;

50) Хулоса оид ба номгузории ҶДММ –и навтаъсиси истеҳсолӣ ва эҷодӣ бо номи ҶДММ «Панҷшер-МЕДИА»;

51) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ховалинг ба номи Давлат Гадоев;

52) Хулоса оид ба номгузорӣ намудани МТМУ-и №6-и ноҳияи Балҷувон ба номи Алиев Теша;

53) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Оҳангарони Ҷамоати деҳоти лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Ғайрат Арзаниев.

Номгузории ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, номгузории марказҳои дар поён зикргардида, бартараф карда шуданд:

  1. Олами либосҳои тагпӯш «MILAVITCA» воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур-25, н. И. Сомонӣ;
  2. Маркази савдо «Модная Точка» воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, н. И. Сомонӣ;
  3. MS BURGER воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, н. И. Сомонӣ.

 

Агар дар шашмоҳаи аввали соли 2016-ум ба номгузории 29 ташкилоту муассиса, аз ҷумла, 20 ташкилоту муассиса, 9 муассисаи таълимӣ хулосаи шуъба пешниҳод гардида бошад, дар шаш моҳи аввали соли 2017-ум ба 28 адад номгузорӣ, аз ҷумла, ба 2 номгузории фарзанд ва 1 номгузории Хонаи фарҳангӣ, 14 ташкилоту муассиса, марказҳои хизматрасонӣ, 11 муассисаи таълимӣ хулоса пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1 адад кам аст.

Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” аз 23-юми январи соли 2017, №6 Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Гурӯҳи кории мазкур то имрӯз 192 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати риоя гардидани Қонуни мазкур мунтазам назорат мебарад.

 

Номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин:

 

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати танзим намудани номгузории воҳидҳои марзиву маъмурӣ дар кишвар, дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №16/324 оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2016, №3 оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ дар Кумита бо мақсади мутобиқ намудани номи воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби роҳбарият, кормандон ва Ҳайати мушовараи Кумита, олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаст.

Айни замон Кумита оид ба сабаби зиёд шудани номҳои такрор дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳлил ва ҳисоби оморӣ гузаронида истодаанд, ки зимни ин масъала ва ҷиҳати татбиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳи корӣ ва пешниҳодҳои марбут ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол хоҳад гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита мутобиқи дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба номгузории 120 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин ва 12 ҷамоати деҳоту шаҳрак, 1 Хонаи маданият ва 2 номи кӯча хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

1) Хулоса ба иваз намудани номи деҳаи Тошохур ба Боғдара (аз Ҷамоати деҳоти Ситораи сурх)-и ноҳияи Ёвон;

2) Хулоса ба иваз намудани номи деҳаи Будинобод ба Зарриндашт (аз Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова)-и ноҳияи Ёвон;

3) Хулоса ба иваз намудани номи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх-и ноҳияи Ёвон ба номи Зармайдон ва деҳаи Шота Руставелли ба Саргаҳ, (аз Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов)-и ноҳияи Ёвон;

4) Хулоса ба иваз намудани номи деҳаҳои Ҷарқӯрғон ба Зарҳалол, Қӯруқ ба Сеосиёб ё Чашмаруд, Ӯяс ба Ободдара, Ӯялӣ ба Навкат (аз деҳоти Зарҳалол). Обқарчағай ба Оби Зулол, аз деҳоти нофароҷ ва номи идораи беҳдошти замин ва обёрии Каттасой ба Зарринруди шаҳри Истаравшан;

5) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаҳои Шӯрқӯрғон ба Боғи анор ё Сабзавор, (дар шакли Анорзор) Қӯрғонча ба Меҳробод ё Ҳисорак, (дастгирӣ), Қизилнур ба Нурафшон, (дастгирӣ) Янги Равот ба Работи нав ё Ганҷобод (радшуда) (Работи нав) ва маҳаллаи Қӯруқ ба Меҳроварон (радшуда);

6) Хулоса оид ба номгузории Ҷамоати деҳоти Фрунзе ба номи Алишери Навоӣ;

7) Хулоса оид ба номгузории деҳаи Майдончаи Комсомолии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Мулломаҳмад Азизов (Азизобод, дастгирӣ);

8) Хулоса оид ба номгузории Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим ба номи Муҳаммадаюбхон Самадов;

9) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Сотсиализм ба Дарёканор ё Саязон ё Сароб, (радшуда) (Ҷамоати деҳоти Хистеварз), М Горкий ба Дашти Амин (дастгирӣ), (Ҷамоати деҳоти Исфисор), Мичурин ба Боғпарвар дар шакли Гулбоғ (дастгирӣ), (Ҷамоати деҳоти Овчиқалача), Учбоғ ба Чорбоғи боло дар шакли Боғи боло (дастгирӣ), Сартӯқай ба Сайҳун (дастгирӣ), Тошлоқ ба Регистон (радшуда), Хилватқурғон ба Тиллокон (радшуда), Осариқ ба Чилламазор (радшуда), (Ҷамоати деҳоти Ёва), Уяс ба Оҳучашма (дастгирӣ), Терак ба Сафедорон (радшуда, тавсия-Тиракзор), Қӯрғонча ба Гулафшон, Қароҷингил ба Заркон (дастгирӣ), Аждарлӣ ба Аждардара (дастгирӣ), (Ҷамоати деҳоти Исмоил), Оқкур ба Кондара (дастгирӣ), Камарқӯтон ба Рамагузар (радшуда), Қашқа ба Намоён (радшуда), Тол ба Яккабоғ (радшуда), Толбулоқ ба Сангчашма (радшуда), Қаттаолчалӣ ба Олучазор (дастгирӣ), Кичиколчалӣ ба Арчазор (радшуда), (Ҷамоати деҳоти Чашмасор), Қотма ба Фахробод (радшуда) (Ҷамоати деҳоти Ғозиён)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

10 ) Хулоса оид ба иваз накардани номи Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом;

11) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом ба Боғдорон;

12) Хулоса оид ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи тағйир додани номи баъзе деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода» аз 4-уми ноябри соли 2016, №90 оид ба иваз намудани деҳаҳои 1-Май ба Шараф (аз Ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиев), Ӯзбеконтеппа ба Нақшбанд, Пахтабой ба Файзбахш (аз Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият), Наълбек ба Гулафшон (аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғ), Қипчоқ ба Сафо (аз Ҷамоати деҳоти Работ), Хоса-бача ба Иттиҳод (аз Ҷамоати деҳоти Пахтаобод), (дастгирӣ),- Ғарав ба деҳаи Анорбоғ, Неъматбача ба Истиқлолият (аз Ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиев), Шулум ба Зулол (аз Ҷамоати деҳоти Навобод), Батош ба Ориён (аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғ), Кадучӣ ба Чашмасор, Деҳвак ба Деҳоб (аз Ҷамоати деҳоти Работ), М. Горкий ба Баҳористон (аз Ҷамоати деҳоти Сешанбе), Тойчӣ ба Меҳр, Адир ба Гулобод, Янгибоғ ба Сомониён, Галлашаҳид ба Гулгашт, Оға ба Чаманро (аз Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов);

13) Хулоса оид ба иваз накардани номи деҳаи Ақсинҷоти Ҷамоати деҳоти Ифтихор;

14) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Янги-Юл ба Дурахшон, (радшуда) Уртабуз ба Сомониён, (радшуда) Пахта Қайнар ба Сайдои Насафӣ (дастгирӣ) (Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»), Октябри Кабир ба 25-солагии Истиқлолият, (Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»), (радшуда) СМП-540 ба Нурафшон (дастгирӣ) (Ҷамоати шаҳраки «Бустонқалъа»), Комсомол ба Хуррамзамин (радшуда), Чапаев ба Чаманоро (дастгирӣ), Орҷоникидзе ба Сафои ваҳдат (дар шакли Ваҳдатобод дастгирӣ), Киров ба Рахшонзамин (дар шакли Рахшон дастгирӣ), Болшевик ба Моҳпора (радшуда), Крупская ба Файзбахш (дастгирӣ), Ободончилик ба Гулафшон (радшуда), Тоштеппа ба Лоларух (радшуда), (Теппаи Сангин тавсия), Қизил партизан ба Хушманзар (радшуда) (Ҷамоати деҳоти «Заргар») –и ноҳияи Бохтар;

15) Хулоса оид ба бетағйир мондани номи деҳаи Яккатол аз деҳоти Сабристон ва бодарназардошти мувофиқ набудани номи деҳаи мазкур ивази номи он ба деҳаи Яккабед;

16) Хулоса оид ба категорияи деҳа мансуб донистани мавзеи аҳолинишини Работи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ва номгузорӣ намудани он ба номи Работ;

17) Хулоса оид ба номгузории кӯчаи Пушкини шаҳри Кӯлоб ба номи Муминов Аҳмадҷон;

18) Хулоса ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода З. М. оид ба ивази номи кӯчаи «Ж»-и маҳаллаи 29-и шаҳри Хуҷанд ба «Интернатсионалист».

19) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Мичурин ба Боғпарвар, (Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача), Тошлоқ ба Регистон дар шакли (Регзор) (пешниҳод), Хилватқӯрғон ба «Пули Ваҳдат» (Ҷамоати деҳоти Ёва), Қӯрғонча ба Гулафшон, (радшуда) (Ҷамоати деҳоти Исмоил);

20) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Бедак ба Ваҳдат (Ҷамоати деҳоти «Навдӣ»), Белгӣ ба Дӯстӣ (Ҷамоати деҳоти «Қалъанак») (радшуда), Мулло Барот ба Бароти Шариф (Ҷамоати деҳоти «Ҷафр») (дастгирӣ) ва Хонаи маданият ба Филармонияи халқии ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз (дастгирӣ);

21) Хулоса оид ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тоҷикобод ва номгузорӣ намудани он бо номи Истиқлол (Ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд);

22) Хулоса оид ба иваз намудани деҳаи Янгиобод ба Навдеҳ ва маҳалли аҳолинишини Горний ба Доманкӯҳ аз ноҳияи Спитамен, (ба гурӯҳи корӣ дар баррасӣ);

23) Хулоса ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани шаҳраки “Меҳробод” дар мавзеи навбунёди шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, иваз намудани номи деҳаи Майдончаи комсомоли деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба деҳаи Азизобод ва иваз намудани номи деҳаҳои Урмонтоли деҳоти Ифтихор ба деҳаи Бедзор, Қирққудуқи деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт ба деҳаи Чилчашма (дастгирӣ);

24) Хулоса оид ба тағйир додани номи шаҳри Қурғонтеппа (пешниҳоди Кумита Лавканд;

25) Хулоса оид ба барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ барои кор дар барномаҳои навтарини “Майкрософт Офис”(Ба шаҳрванд Ибрагимов Виктор) (дар баррасӣ);

26) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаи Оғуртӣ ба деҳаи Гулдара, деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Наврӯзчашма ва категорияи деҳа мансуб донистани се маҳалли аҳолинишини нав бо номи Суғдиёна, Дашти Хорзор ва Чашмаи садаи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ аз ноҳияи Варзоб (ба гурӯҳи корӣ пешниҳод карда мешавад, дар баррасӣ);

27) Хулоса ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қарори маҷлиси аҳолии Деҳаи Ғуломон, Деҳаи Эшони Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ, Сари найи Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод;

28) Хулоса ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти Рушони ноҳияи Рушон бо номи арбоби давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ Хӯҷам Шодмонов;

29) Хулоса ба номгузори шаҳраки “Меҳробод” дар мавзеи навбунёди шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, иваз намудани номи деҳаи Майдончаи Комсомоли деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба деҳаи Азизобод ва иваз намудани номи деҳаҳои Урмонтоли деҳоти Ифтихор ба деҳаи Бедзор, Қирққудуқи деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт ба деҳаи Чилчашма (дастгирӣ);

30) Хулоса оид ба иваз намудани деҳаи Янгиобод ба Навдеҳ ва маҳалли аҳолинишини Горний ба Доманкӯҳ аз ноҳияи Спитамен, то ҷамъбасти хулосаи ниҳоии гурӯҳи кории Кумита оид ба номҳои ҷуғрофӣ мавқуф гузошта шавад (ба гурӯҳи корӣ);

31) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаи Оғуртӣ ба деҳаи Гулдара, деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Наврӯзчашма ва категорияи деҳа мансуб донистани се маҳалли аҳолинишини нав бо номи Суғдиёна, Дашти Хорзор ва Чашмаи Садаи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ аз ноҳияи Варзоб (дастгирӣ);

32) Хулоса ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 31-уми марти соли 2017, №322, 323, 324, 325, 326, 327, 328, 329, 330, 331, 332, 333, 335, 336, 337 ҷиҳати иваз намудани номи деҳоти Калинин ба Лоиқ Шералӣ, Фрунзе ба Аҳмади Дониш ва деҳаҳои Узбекобод ба Балхиён, Докучаев ба Закариёи Розӣ, Мичурин ба Зарбахш, Янгиобод ба Навдиёр, Янгиер ба Навзамин, Қазоқобод ба Кӯҳи Сурх, Комсомол ба Даҳана, Калининобод ба Дӯстон, Янги Турмуш ба Ҳаёти Нав, Ленин ба Зархез, Правда ба Сабзавоткор, Будёний ба Ангурзор аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва деҳаи “Арал”-ро ба Яб (аз ноҳияи Восеъ) (дастгирӣ);

33) Хулоса ба намудани номи Ҷамоати деҳоти Тавилдара ба Ҷамоати деҳоти Зарнисор, номи деҳаи Шипилиён ба Деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Сангвор ва деҳаи Юфан ба деҳаи Бостони Ҷамоати деҳоти Сангвор (радшуда);

34) Хулоса ба номи деҳаҳои Неъматбача ба Неъмат (аз Ҷамоати деҳоти Регар), Канорӣ ба Каронӣ (аз Ҷамоати деҳоти Навобод), Батош бо Ҳамоварон, Налбек ба Наългарон (аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғ), М. Горкий ба Барзгарон (аз Ҷамоати деҳоти Сешанбе), Тойчӣ ба Ҳамдилон, Янгибоғ ба Ангурзор, Оға ба Оғар (Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов)-и шаҳри Турсунзода (дастгирӣ);

35) Хулоса оид ба тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа ба номи собиқадори меҳнат Ғуломиддин Шоҳдавлатов (радшуда);

36) Хулоса оид ба тағйир додани мақоми Ҷамоати деҳоти Шаҳринав ба Ҷамоати шаҳраки Шаҳринав ва номгузорӣ намудани ҷамоати шаҳраки Шаҳринав ба номи Наҷмиддин Аюбов (радшуда ба гурӯҳи корӣ);

37) Хулоса оид ба тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин ба Ҷамоати деҳоти «Обшорон», Ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» ба Ҷамоати деҳоти «Баҳористон» ва иваз намудани номи деҳаҳои «Кур-Чашма», «Роҳи Ленин» ба «Роҳи абрешим», «Роҳи сотсиолизм» ба «Заръофарон», «Правда» ба «Ҳақиқат», «Якуми май» ба «Ҷавонон», Пушкин ба деҳаи Гулрез, Максим Горкий ба Ҷалолиддини Бахлӣ ва Лермонтов ба «Шарифобод» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба гурӯҳи корӣ пешниҳод мегардад).

Аз ин теъдод Кумита бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин, сарфи назар гардидан ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагонии мардум тағйири 50 номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуда, 17 - номҳои ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2016 агар дар маҷмӯъ ба 80 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин ва 11 Ҷамоати деҳоту шаҳрак ва 2 мавзеи ҷуғрофӣ (парваришгоҳ ва дара) хулоса пешниҳод гардида бошад, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар маҷмӯъ ба номгузории 135 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, 12 Ҷамоати деҳоту шаҳрак, 1- Хонаи маданият ва 2 номи кӯча хулоса пешниҳод карда шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 41 % зиёдтар аст.

 

Чорабиниҳо

 

Бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли равон мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ» бо иштироки роҳбарони сохторҳо ва кормандони Кумита, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, муаллифон ва муҳаррирони китобҳои дарсии забони давлатӣ, омӯзгорони забони давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ, ҳамчунин, намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ҳадафи асосии мизи мудаввар ҳалли мушкилоти масъалаҳои рушди забони давлатӣ дар муассисаҳо буд, ки дар анҷоми чорабинӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таклифу пешниҳодҳо қабул гардиданд, ки онҳо минбаъд барои рушду густариши забони давлатӣ барои толибилмон ниҳоят зарур ва рӯзмарра маҳсуб меёбад:

Дар нишасти мазкур вазъ ва мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ оид ба таълифу таҳрири китобҳои дарсӣ аз фанни забони давлатӣ барои толибилмон мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, омӯзгорони литсей ва гимназияҳои шаҳр низ дар мавзӯъҳои ҳамсон суханронӣ намуданд.

Зимни баррасӣ ва муҳокимаронӣ намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат намуданд ва пешниҳодҳои мушаххасро дар рафти нишаст ироа доштанд.

Дар ҳамин давраи ҳисоботӣ 22-юми феврали соли 2017 кормандони шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Матробиён С. Қ., бо 4 нафар намояндагон – котибони ҷамоатҳои деҳот ва намояндаи Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вохӯрии машваратӣ баргузор намуданд, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои номгузорӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл гардида, ба бисёр мушкилоти номгузорӣ машварату маслиҳатҳо дода шуда, то пеш аз қарори Маҷлиси вакилони халқ ва Ҷамоати деҳот дар пешниҳоду ивази номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин қаблан бояд, ки комиссияҳои номгузорӣ бо Кумита мувофиқа намоянд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2017, №2880(31-6) вобаста ба муроҷиати Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2017, №67/10 оид ба такмил додани маҳорати касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи иттилоот семинар дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами амнияти иттилоотӣ»-ро бо ҷалби мутахассисони Ширкати «Инфотекс», «Gemalto» ва «ТОНК»-и шаҳри Москва дар санаи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, мудири бахши умумӣ ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Дар асоси барқияи телефонӣ аз 25-уми январи соли 2017, оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо бонувони кишвар, ки рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ дар толори Кохи Борбад баргузор гардид, кормандони Кумита аз ҳисоби бонувон иштирок намуданд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2016, №16/3179(26) ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумита фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳо аз 4-уми январи соли 2017, №4 тасдиқ шудааст, дар асоси банди Нақшаи мазкур дар Кумита санаи 18-уми марти соли 2017 мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, кормандони Кумита фаъолона иштирок карда суханронӣ намуданд.

Дар асоси бандҳои 10, 20 ва 23-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2017, №2 ва барқияҳои ҳукуматӣ аз 1-уми марти соли 2017, №24/10-8 аз 3-юми марти соли 2017, №24/10-9 «Оид ба ободанӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ободонии маҳаллаҳо, боғҳо, кӯчаю хиёбонҳои мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобасташударо дар сатҳи баланду замонавӣ то ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои Кумита барои соли 2017 таҳия гардида, аз 6-уми марти соли 2017, №28 тасдиқ шудааст, оид ба ташкил ва гузаронидани шанбегӣ дар рӯзҳои 27-уми феврал, 5, 12 ва 19-уми март кормандони Кумита фаъолона иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 19-уми январи соли 2017 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои забоншиносии ношунавоён» баргузор гардида, он ҳалли масъалаву мушкилоти таълим ва зисту фаъолияти минбаъдаи ношунавоён дар ҷомеаро дар бар мегирифт, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.Р. иштирок намуд.

Ҷамъомади мазкур бо иштироки 300 нафар намояндагон аз мақомоти ноҳияҳои кишвар, кормандони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, мутахассисону устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъияти ношунавоёну маъюбони ҷумҳурӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумита, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р. ҷиҳати ҳамкорӣ бо ин ниҳоду мактаб ва муассисаҳо маърӯза намуда, иттилоъ дод, ки мушкилоти масъалаҳои ҳалталаби ношунавоён дар лоиҳаи «Консепсияи рушди забони миллӣ барои солҳои 2017-2031» ба нақша гирифта шудааст ва барои тақвияту таҳкими донишандӯзии ношунавоён Кумита татбиқи ин масъалаҳоро зарур мешуморад.

Инчунин, рӯзи 18-уми январи соли равон сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. дар вохӯрӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе оид ба муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 иштирок намуд.

Дар мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар-сарчашмаи ҳаёт», ки санаи 7-уми марти соли 2017 (дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор шуд, сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. иштирок намуд.

Дар асоси мактуби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2017, №1/1-1 бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20 солагии ҷашни «Ваҳдати миллӣ» санаи 27-уми январи соли 2017, Анҷумани навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар бинои «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Умарова Шаҳноза иштирок намуд.

Муовини раиси Кумита Матробиён С. Қ. 18-уми феврали соли 2017 дар семинари илмии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ, ки ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуд. Мавсуф дар мавзӯи «Забон пояи фарҳанги миллӣ» маърӯза намуда, бо баёни рисолати забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба он, инчунин, даъват намуд, ки риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатмӣ аст. Ҳамчунин, аз татбиқи Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» роҳбарияти мақомот ва ташкилоту муассисаҳоро ёдовар намуд.

Ҳамчунин, дар ҳамин давра дар курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-юми январ то 18-уми феврали соли 2017 кормандони Кумита, аз ҷумла, Маҳмадёрова Г., Давлатшоева М. ва Зайдуллои А. иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки аз 9-уми феврал то 30-юми апрели соли равон дар Кумита барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ 2 нафар донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи иттилоотии факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода қарор доранд, ки дар коромӯзии онҳо кормандони бахши экспертизаи забоншиносӣ масъул буданд.

Дар ҳамин давра дар вохӯрӣ бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (рӯзи 15.05.2017) сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. иштирок ва маърӯза намуд.

Инчунин, кормандони Кумита дар чорабинии Рӯзи дави миллӣ рӯзи 21-уми майи соли 2017 фаъолона иштирок карданд.

Ҳамчунин, дар ин давра намоиши “Модар-Ватан”-и Муҳиддини Музаффар, ки дар толори театри давлатии Ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва дар барномаи фаҳангию фароғатии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ – фароғатии “Аҳорун” баргузор гардид, кормандони Кумита иштирок намуданд.

Кормандони Кумита дар барномаи фарҳангии фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 23-юми майи соли 2017 дар Майдони Фрунзе иштирок намуданд.

Дар ҳамин давра, 15-уми июни соли равон корманди шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С., дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” иштирок ва баромад намуд.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти масъалаҳои рушди забони давлатӣ Кумита мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ» рӯзи 20-уми июни соли 2017 дар толори Академияи ВАО дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор намуд, ки мутаассифона масъулини рӯзномаҳои даврӣ дар кори мизи мудаввар иштирок накарданд.

Кумита ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли Ҷавонон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” рӯзи 23-юми июни соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор намуд, ки аз натиҷаи Конференсия тавсиянома қабул гардида, ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шудааст.

Ҳамчунин, кормандони Кумита дар давраи ҳисоботӣ барномаи консертии ансамбли “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ – фароғатии Аҳорун баргузор гардид, иштирок намуданд.

 

Робитаҳои байналмилалӣ

 

Мутобиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳо баргузор гардида истодааст.

Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита китоби Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон (қисмҳои 1 ва 2) бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то моҳи майи соли ҷорӣ таҳия ва нашр хоҳад гардид, гунаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ-форсӣ ва русӣ-тоҷикӣ –англисӣ-форсии он аз ҷониби Кумита интишор хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар таҳияи китоби мазкур аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва мутахассисони варзида ҷалб карда шудаанд.

Дар ҳамин давра, дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2017, №3112164(29-4), зимни муроҷиати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон (аз 10-уми майи соли 2017, №605974) ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мулоқот намуда буд, рӯзи 21-уми июни соли равон мулоқот дар Кумита бо иштироки раиси Кумита Г. Шарофзода, муовини раиси Кумита С. Матробиён. сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ва Рӯдоба Назифӣ (мушовири Сафир) баргузор гардид.

Раиси Кумита меҳмононро пазироӣ намуда, ташрифи онҳоро хайрамақдам гуфтаву аз ҳамкории Кумита бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, дар хусуси ба роҳ монда шудани тарҷумаву коркарди Ҳазорвожаи тахассусии форсӣ ба тоҷикӣ ва русӣ сухан кард.

Сипас, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ. Фағонӣ дар сароғози сухани худ аз ифтихори ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки таҳти як тамаддун арзи ҳастӣ мекунанд, изҳори назар дошт.

Ҳамчунин, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ. Фағонӣ ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе бо кумаку сарпарастии Муассисаи молӣ ва эътибории Фирдавсӣ Федератсияи варзишгоҳи “Зӯрхона”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки он маҳз бо сарпарастии ин муассиса таъсис дода шудааст, вале барои насби навиштаҷоту номгузории муассисаи мазкур ба хатти ниёгон гӯё Кумита монеагӣ карда бошад.

Раиси Кумита Г. Шарофзода ин ақидаро инкор карда, иттилоъ дод, ки номгузорӣ ва навиштаҷоти он тибқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат гирифта, таблиғи он ба дигар забонҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Маводи иттилоотӣ ва навиштаҷоти муассиса бо забони муассисони хориҷӣ низ навиштаву насб карда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот раиси Кумита аз Сафири муҳтарам хоҳиш намуд, ки аз рӯи имконият дар дастрасии Фарҳангномаҳои форсӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор шудаанд ба Кумита мусоидат намоянд. Ин таклифро Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон хуш пазируфт ва илова намуд, ки ин иқдом дар рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ, ки сарчашмаи пайдоиши ин забон ҳамин диёри офтобӣ, яъне сарзамин тоҷикон басо судманд мебошад.

Таҳияи санад ва гузоришҳо

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумита қарори Ҳайати мушовара, фармоиш, нақшаи чорабиниҳо, гузоришҳо таҳия гардида, ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла:

  1. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2017»;
  2. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2017» ва Нақшаи санҷиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2017;
  3. Гузориши Кумита ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз натиҷаи ҳисоботу гузоришҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал);
  5. Гузориш ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2016, №2к/54-31 ва иҷрои Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, ҷиҳати амалисозии «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»;
  6. Гузориш ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018»;
  7. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 21-и Протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 1, 2, 23, 34 ва 35-и Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои 10, 20 ва 23-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2017, №2 ва барқияҳои ҳукуматӣ аз 1-уми марти соли 2017, №24/10-8 аз 3-юми марти соли 2017, №24/10-9 «Оид ба ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ободонии маҳаллаҳо, боғҳо, кӯчаю хиёбонҳои мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобасташударо дар сатҳи баланду замонавӣ то ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  9. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми марти соли 2017, №24/10-120 оид ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
  10. Гузориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 1-и қисми II Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2016, №9 доир ба масъалаи зери назорати ҷиддӣ қарор додани номгузории анъанавӣ ва мувофиқа намудани онҳо бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №16/324 оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта аз 24-уми январи соли 2017, №1-3/9;
  11. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кумакпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва шаҳри Роғун;
  12. Гузориш ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳавии Кумита дар панҷ моҳи соли 2017;
  13. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
  14. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштирок дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
  15. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои маъмурӣ;
  16. Гузориш ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа доир ба мизи мудаввари Кумита;
  17. Таҳияи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи аввали соли 2017;
  18. Таҳияи Нақшаи санҷишии Кумита дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», ки дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз 3-юми марти соли 2017;
  19. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2017, №АП833 оид ба Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон»;
  20. Таҳияи фармоиш дар асоси «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030»;
  21. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси бандҳои 10, 20 ва 23-и Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2017, №2 ва барқияҳои ҳукуматии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2017, №24/10 ва 3-юми марти соли 2017, №24/10-9 оид ба ташкил намудани ҳашарҳо дар ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ, ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти кишвар, бунёди майдончаҳои варзишӣ;
  22. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017» аз 30-юми декабри соли 2016, №531;
  23. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2016, №2к/54-31, оид ба иҷрои Нақшаи кории Шӯрои муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017;
  24. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳо дар асоси банди 21-и Протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2017, №10-1 ва бандҳои 1, 2, 23, 34 ва 35-и Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2017, №1;
  25. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳо дар асоси бандҳои 1, 41, 43 ва 45-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2016, №14 оид ба ҷаласаҳои Ҳайати мушовара дар соли 2016 ва ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардида рушди ҳамасолаи иқтисодиёт, пешниҳод намудани Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон;
  26. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2016, №16/3179(26) ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз;
  27. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2017, №АП-820 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  28. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2017, №24/10-55 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2017;
  29. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2016, №2к/54-31 ва иҷрои Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, ҷиҳати амалисозии «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»;
  30. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018»;
  31. Таҳияи Низомнома ва ҳайати Комиссияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода бо мақсади амалисозии иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2016, №1, татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, №799 “Дар бораи масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода”;
  32. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади иҷрои бандҳои 6, 24, 26 ва 27-и протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми март №3 ва аз 27-уми соли 2017, №4;
  33. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади дастуру супоришҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе аз 15-уми феврали соли 2017;
  34. Таҳияи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2017;
  35. Қобили зикр аст, ки Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 2016, №325«Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод кард, дар рӯзҳои наздик барои ҷонибдорӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

 

Фаъолияти иттилоотӣ ва нашриявӣ

 

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ 30-юми январи соли 2017 нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, баргузор гардид, ки кормандони Кумита фаъолона иштирок намуданд. Дар нишаст, инчунин, аз фаъолияти Кумита дар бахши экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, пешбурди корҳои тарғиботӣ бо мақсади таъмини риояи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хабарнигорон маълумот пешниҳод гардид.

Дар анҷом хабарнигорон оид ба масъалаҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, сатҳи забондонии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳҳои ҳалли мушкилот дар интихоби ном, номи хонаводагӣ, насаб, номгузории шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳалла, кӯчаю хиёбонҳо, истифодаи навиштаҷот ба забонҳои хориҷӣ, омилҳои ба миён омадани навиштаҷоти ғалат дар кӯчаю хиёбонҳо, забони воситаҳои ахбори омма, омӯзиши алифбои ниёгон, истифодаи истилоҳот дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши қоидаҳои имло дар мақомоти давлатӣ, навиштаҷот дар борпечҳои маводи доруворӣ, нашри фарҳангҳои соҳавӣ ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумита ба хабарнигорон посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2017, роҳбарият ва кормандони Кумита дар 58 барномаҳои телевизиониву радиоӣ иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шумораҳои рӯзномаи «Ганҷи забон» аз моҳҳои феврал ва марти соли 2017 дар ҳаммуаллифии сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Мансурӣ Ш.Ҷ. ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.Р. мақолаи «Сиёсати забони давлатӣ дар даврони истиқлолият» ба табъ расид, ки он масъалаҳои ҳуқуқӣ ва меъёриро доир ба мушкилоти татбиқи сиёсати забон ва кам будани воҳидҳои кории Кумита масъалагузорӣ намуд.

Ҳамчунин, аз Кумита 11 гузориш ба АМИТ «Ховар» аз натиҷаи фаъолият ва чорабиниҳои Кумита оид ба иҷрои нақшаҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва интишор гардид.

Ҳамзамон, вожаҳои ғалат ва шакли дурусти он барои барномаи «Субҳ»-и Телевизиони «Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита мунтазам пешниҳод мегардад, ки то имрӯз шумораи чунин истилоҳот ба 450 адад мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 2016, №647 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» аз ҷониби Кумита барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатӣ дар шаш моҳии соли 2017, 2 маротиба бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда тибқи банди 17-и Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008, №468 тасдиқ карда шудааст ва фармоиши раиси Кумита аз 14-уми апрели соли 2017, №42 тибқи санади мазкур 1-уми майи соли равон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар кормандон аз аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузаронида шуданд.

Дар ин давра ба 3 нафар кормандони Кумита шаҳодатномаи хизматӣ пешниҳод гардид. Мувофиқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ хизматчиёни давлатӣ дар Кумита, соли 2017, 3 маротиба яъне 27-уми январ, 24-уми феврал ва 28-уми март дар байни кормандон гузаронида шуда, аз натиҷаи он гузориши муфассал ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Ҳамзамон, дар асоси талаботи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба 9 нафар, кормандони Кумита рутбаҳои тахасусӣ дода шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2017 72 адад фармоишҳои раиси Кумита ба тасвиб расид. Дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ ба Кумита 473 муроҷиати хаттӣ, тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Муроҷиатҳо тавассути телефон, шабакаи интернет ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита воридгардида, масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

- оид ба самтҳои фаъолият ва нақшаҳои Кумита (25 адад);

- шарҳу тавзеҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо (57 адад);

- оид ба тарҷума, истифода ва шарҳи вожаю истилоҳот (64 адад);

- оид ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (76 адад);

-шарҳи тартиби коркард, истилоҳнигорӣ ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф (40 адад);

- шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (44 адад);

- номгузорӣ (40 адад);

- тарзи дурусти навишти вожаю истилоҳот (24 адад);

- шарҳи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ (85 адад);

- оид ба таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ (18 адад);

Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба Кумита 440 мактубу дархост ва барқияи телефонӣ, аз ҷумла, 126 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 233 мавод аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, 30 адад барқия ва 51 аризаи хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ба Кумита ворид гардида, ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар ин давра аз Кумита 369 мактуб, барқияи телефонӣ ва пешниҳоду хулосаҳо, аз ҷумла, 87 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 282 адад ба вазорату идораҳо ирсол гардидааст.

 

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шавад. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат хоҳад намуд.

Новобаста аз корҳои баанҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз камбудиҳо хеле зиёданд. Дар бештар маврид фаъолияти Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусиятҳои лаҳзавӣ дошта, мунтазам сурат намегирад.

Ҳамзамон, Кумита бо дарназардошти вазъи имрӯзаи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили марбут ба рушди сиёсати забони тоҷикӣ дар соли 2017 омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

1. Натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, бояд тазаккур дод, ки мавҷуд набудани воҳидҳои кории алоҳида – масъулони татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои назорати мунтазам ва татбиқи самарабахши он дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ мушкилот пеш меорад.

Аз ин рӯ, Кумита таъсиси воҳидҳои кории алоҳидаро бо дарназардошти ҳолати бавуҷудомада дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 воҳиди корӣ), вилоятҳо (3 воҳиди корӣ), шаҳри Душанбе (3 воҳиди корӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (10 воҳиди корӣ) дар маҷмӯъ 22 воҳиди кориро зарур мешуморад.

2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ба дастурҳои методӣ ва баргузории семинару машғулиятҳо ниёз доранд.

3. Мусоидат барои густариши забони миллӣ дар мақоми забони илм вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои муассисаҳои олии кишвар маҳсуб мегардад. Бинобар ин, ба забони илм табдил додани забони давлатӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва тамоми марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақозо менамояд.

4. Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз корҳои баанҷомрасида, дар самти танзими истилоҳот камбудиҳо хело зиёданд. Ба Кумита ҳамарӯза маводи гуногун ворид мегардад. Бинобар сабаби набудани фарҳангҳои чандзабона, тахассусӣ зимни омӯзиш ва баррасии маводи вурудӣ кормандон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар самти таҳияи фарҳангҳо ва донишномаҳо меъёрҳои фарҳангнигорӣ дар бештари маврид аз ҷониби мураттибон риоя намегардад. Маводе, ки ба Кумита ворид мегардад ба талабот ҷавобгӯ набуда, кори мутахассисонро даҳчанд мушкил мегардонанд. Бо дарназардошти ин пешниҳод мешавад, ки бо ҷалби мутхассисони истилоҳшиносону забоншинсон ва фарҳангнигорон «Дастури фарҳангнигорӣ» таҳия карда шавад.

Аз ин рӯ, Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли 2017 масъалаҳои зеринро дар роҳи ба танзим даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ҳал намояд:

- таҳияи лоиҳаи «Дастурамали номгузорӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семоҳаи сеюм;

  • таҳияи лоиҳаи «Дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то охири сол;
  • баррасии фарҳангҳои вурудӣ ва номи маҳалҳои аҳолинишини кишвар;
  • таҳлил ва баррасии вазъи омӯзиш ва таҳқиқоти мавзӯҳои илмӣ дар самти истилоҳшиносӣ;
  • таҳияи Номгӯи номҳои ҷуғрофии харитаи сиёсии ҷаҳон ба забони давлатӣ ва пешниҳод барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • таҳияи «Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ», ки барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
  • омодагӣ ба Анҷумани забоншиносони тоҷик дар кишвар.

5. Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

6. Кумита оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар нимсолаи дуюми соли 2017 ба нақша гирифтааст.

7. Ҳамзамон, баҳри рушди забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2031»-ро таҳия намудааст, ки дар нимсоали дуюми соли 2017 такроран барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он, чораҳои муассир меандешад.

Замима

Категория: 

 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 3398726
  • Меҳмонони беҳамто: 22277
  • Бақайдгирифташуда: 53
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: buyviagra
  • Саҳифаҳои чопшуда: 4612
  • Нишонии IP-и шумо: 54.81.102.236
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомона Сомонаи расмӣ.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед