Дастовардҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият

     Мо мардуми Тоҷикистон дар бисту панҷ соли даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати Президент, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ба хусус забони давлатӣ мебошем. Бояд тазаккур дод, ки пешоҳанг ва ташаббускори ин ҳама иқдомоти наҷиб дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Нахустдастоварди замони Истиқлолият ин аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ ва дар моддаи дувуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ соли 1994 қабул гардида буд, муқаррар шудани чунин меъёр мебошад:
«Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

     Бо дарназардошти татбиқи босамари Қонуни забон ва риояи меъёрҳои забони адабӣ Сарвари давлат дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон ҳанӯз 22-юми июли соли 1996 масъалаи таҳия ва тасвиби Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро аз масъалаҳои хеле муҳим арзёбӣ ва таъкид намуда буданд. Таъкиди ин масъала аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар бар пояи мантиқи илмӣ устувор гардида, дар ҳоли қабули Қонуни забон дар соли 1989, ҳамзамон, зарурати таҳияи Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ пеш омада буд ва имлои соли 1972 ҷавобгӯйи ҳама хусусиятҳои забони меъёр ва марҳилаи кунунии рушди забони точикӣ буда наметавонист. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 1998 Имлои забони тоҷикӣ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.

     Пешвои миллат ва давлати тоҷикон дар суханрониҳо ва паёмҳои хеш ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати ягона ва бар пояи илмӣ устувор гардондани забони тоҷикӣ дар баробари забони давлатӣ ва миллӣ дар замони муосири робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигари дуру наздик омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба вижа забонҳои русӣ ва англисиро аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маънӣ мекунад. Ба хотири омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар соли 2003 Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давалатии ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» таҳия ва қабул гардид. Сиёсати донистани чандин забон, ки имрӯз аз ҷониби Сарвари давлати мо аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мешавад, барои рушди солими шахсият ва ҷомеа ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад. Оид ба масъалаҳои омӯзиши забонҳо дар партави ин сиёсат мо дастовардҳои хуберо дар кишвари хеш мушоҳида мекунем. Ҳоло сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ талош меварзанд, аз даврони қабл аз Истиқлолият ба маротиб бештар буда, дар ҷумҳурӣ барои омӯзиши ин забонҳо имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
     Як нуктаи бисёр ҷолибе, ки дар Суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забон (22-юми июли соли 2008) таъкид мешавад ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ, - забони давлатӣ дониста мешавад. Ин ҳидояти Президенти муҳтарами кишвар водор месозад, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ маҳсуб мешавад, балки бояд бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи вижагиҳои он омӯхта шавад. Ин шеваи омӯзиш барои робитаҳои озоди мо бо кишварҳои ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар баробари забонҳои дигар равиши мусбат арзёбӣ мегардад.
     Дар моддаи 4-и Қонуни мазкур дар мавриди забонҳои дигар чунин омадааст:
1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки Кумита дар фаъолияти худ баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Санади машварати Копенгаген, Тавсияҳои Гаага дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсилот, Тавсияҳои Осло дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайраҳо дар иртибот ба забон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Кумита бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар самти татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забонҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Соли 2011 дар Кумита ду мулоқот бо намояндагии дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, мулоқоти ҷудогона бо Комиссари Олии ин Созмон оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Кнут Воллебек баргузор гардид, ки ин мулоқотҳо ба масъалаҳои тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд.
Ҳамасола дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврал мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва семинарҳо бо иштироки доираи васеи муҳаққиқон, намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, намояндагони забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ баргузор менамояд.

     Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забон баён гардидааст, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ - ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.     Президенти кишвар дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22-юми июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон дошт, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст. Фармони Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми соли 2007 дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008 далели дигари эҳтирому бузургдошти забони модарӣ дар даврони Истиқлолият мебошад.

     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октбяри соли 2009, №11 ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Иҷрои ин Протокол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Мутобиқи қисми 4-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Ин масъала ба банди 13-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ ворид карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

     Забон аслан ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин ҷост, ки ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди инкишофи мақоми забони давлатӣ равона мешаванд. Барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ниҳоди нав таъсис диҳад. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, №604 таъсис ёфтааст.

     Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» 4-уми октябри соли 2011, №458 қабул шуд. Мутобиқи қисми 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми июли соли 2003 ба муносибати Рӯзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Сарвари давлат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Бо пайгирӣ аз татбиқи ин ҳадафи муҳим, барои таҳияи лоиҳаи нав дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 8-уми январи соли 2010, №21 дар ҳайати забоншиносон Д. Саймиддинов (раис), С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, Ғ. Ҷӯраев, Ш. Исмоилов, М. Султонов, Ф. Зикриёев, О. Маҳмадҷонов, Ш. Кабиров ва К. Донаева (котиб) гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Лоиҳа пас аз баррасии ниҳоӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо дарназардошти хулосаи вазоратҳо ва кумитаҳои марбута ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ карда шуд.

     Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин таҳия ва қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” мебошад, ки он 30-юми июни соли 2012, №335 ба тасвиб расидааст. Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардидааст. Зарурати таҳия ва қабули Барномаи мукаммалеро, ки бояд дурнамои воқеии рушди забони давлатиро дар шароити соҳибистиқлолӣ инъикос намояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2010 таъкид намуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи ин Барнома муваззаф сохта буданд. Бояд қайд намуд, ки Барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст. Дар нимаи дуюми соли 2012 марҳилаи нахустини татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, оғоз гардид. Ҳамзамон, Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчун ҳамоҳангсози Барномаи рушди забони давлатӣ ҳолати татбиқи Барномаро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди таҳлил қарор медиҳад. Мутобиқи қарори мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳар сол на дертар аз 1-уми март аз вазъи иҷрои Барнома ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши иҷроиши ҳарсолаи онро пешниҳод менамоянд.
     Қобили зикр аст, ки мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки (4-уми октябри соли 2012) бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони насли ҷавони кишвар сурат гирифт, чорабинии муҳимтарини соли 2012 дар самти ҳимоя ва рушду такомули забони давлатӣ маҳсуб гардид. Дар мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ ва дурнамои густариши забони давлатиро муайян намуд.
Боиси хурсандист, ки бо дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4-уми октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад намуд.
     Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2013, №АП2268 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Кумита Фарҳанги имлои забони тоҷикиро дар 20 ҷузъи чопӣ (320 саҳифа) таҳия ва барои чоп омода намуда, бо дарназардошти ниёзи ҷомеа ба ин фарҳанг нашри нахустини онро ба теъдоди 15 000 (понздаҳ ҳазор) нусха ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нома аз 3-юми майи соли 2013, №1-2/112 пешниҳод намуд, ки он китоби рӯимизии кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар гардидаанд.
Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори Ҳайати мушовара аз 28-уми марти соли 2011, №3/1 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст.
Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 100 нафар муҳаққиқон фаъолият доранд.
     То имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур Кумита дар давоми фаъолияти худ беш аз 40 фарҳангномаҳои марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи Кумитаро пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ-тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ –англисӣ-русӣ) мебошанд.
     Дар тӯли 6 соли фаъолияти худ Кумитаи навтаъсис бештар аз 100 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, 40 Луғатнома, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хурокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудааст.
     Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба ин муқаддасот соли 2009 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддас мизи мудаввар ва конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд, ки то имрӯз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2010), мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон – Қазоқистон: Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ»(2011), мизи мудаввар таҳти унвони «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2011), Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» (18-уми сентябри соли 2012), Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» (1-уми октябри соли 2013), мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21-уми феврали соли 2014), мизи мудаввар ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз (18-уми марти соли 2014), конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» (2015) бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, конференсияи ҷумҳуриявии «Суннатҳои номгузорӣ ва номҳои ҷуғрофӣ» (2015) конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» (2016) бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ (Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон), конференсия илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2016) баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони илм нақши арзанда гузоштааст.
 Соли 2017 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2017 мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ» баргузор намуд.
 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» (23-юми июни соли 2017), Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябри соли 2017 баргузор намуд.
     Соли 2018 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2018 мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши забони адабии тоҷикӣ ва ташакули он дар ниҳоди шаҳрвандон» баргузор намуд.
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ” (13-уми апрели соли 2018), Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2018 ) баргузор намуд.
     Соли 2019 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ Кумита дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони миллии кишвар ва аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони давлатӣ барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони модарӣ – мероси фарҳангии соҳибзабонон» (21-уми феврали соли 2019), Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Конференсияи илмию амалии байналмилалиро таҳти унвони «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ (5-уми октябри соли 2019) баргузор намуд.
     Кумита бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он кормандони Кумита аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу давлатӣ соҳибистиқлоламон маърӯзаҳо намуданд ва ҳамзамон, дар ин рӯз озмун бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – пояи миллат» аз рӯи шартҳои «Мақолаи илмӣ», «Мақолаи илми-омавӣ», «Иншои беҳтарин» ва «Шеъри беҳтарин дар васфи забони тоҷикӣ» ҷамъбаст гардида, довталабони озмуни мазкур бо диплом ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, Кумита 23-юми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд. Чорабинии мазкур бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, роҳбарият дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, кормандон бо маърӯзаҳо доир ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.


МАЪЛУМОТ ОИД БА ДАСТОВАРДҲОИ МИНБАЪДА ИЛОВАТАН ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД...

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 20986737
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: raisikumita
  • Саҳифаҳои чопшуда: 401
  • Нишонии IP-и шумо: 3.234.143.26
 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
 

ЗАБОНҲО

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.