Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”
17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони нерӯгоҳи азиму ҳаётан муҳим оғоз гардид. Зеро бидуни сохтмони Роғун талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Яъне нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.