Роҳбарият

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, яъне санаи муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсози ҳамдигарфаҳмиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, ки асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, карор дорем, ҳар як фарди Тоҷикистонро ба ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хотири ҷамъ ва сулҳу субот ва оромии кишварро таманно менамоям.
Ваҳдати миллӣ дар воқеъ, роҳи инкишофи имрӯзу оянда ва пешравии ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои неки ояндасози кишвар ҳидоят менамояд.
Барои аз вартаи нобудшавӣ ва буҳрони иқтисодӣ баровардани Ватану миллат, чорабиниҳои зиёди давлатӣ лозим шуд, то қазияи сулҳу субот ҳалли мусбати худро ёфта, бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ин масъала нуқтаи асосӣ гузошта шавад.
Замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар барои мустаҳкам гардидани аркони давлату бедории миллат саъю талош менамоянд.
Бисту чор сол пеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳид намудани неруҳои сиёсӣ ва таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистанд, ки истиқлоли давлатии кишварамонро ҳифз кунанд ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки Ватани худро самимона дӯст дорем ва ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии он бирасем.
Сарвари кишварамон ҳар як шаҳрванди кишварро даъват менамоянд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».
Воқеан, ин вазифаи ифтихории ҳар яки мо бояд бошад ва ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоем, ки барои ободии Ватан, шукуфоии имрӯзу фардои он ва барои ҳифзи муқаддасоти миллат ҳиссагузор бошем.
Дар иртибот ба ин санаи тақдирсози миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурии мо чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии ҷумҳуриро устувор карда метавонем».
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо, беш аз пеш, дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯст бояд дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол талош намояд.
Ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро бикунем.
Хусусан, ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ набошанд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи давру замон бошанд.
Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.
Дар шароити кунунӣ ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа ҳамчун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоиву сиёсии он кушода шуда, дар радифи истиқлоли давлатӣ, таъмини якпорчагӣ ва ҳифзи Ватани азиз, ягонагии забону фарҳанг, сулҳу субот ва ҳифзи иҷтимоии ҳар як аъзои ҷомеа, ки арзиши муҳим мебошанд, густариш ёфта истодааст.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бо ҷашни хуҷаставу муқаддаси Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба шумо хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак!

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория: 

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 июни соли 2020 №324
ш. Душанбе


Дар бораи муовини раиси Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳматуллозода С.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 январи соли 2020 №61
ш. Душанбе


Дар бораи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муҳаммадҷонзода О.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Раиси Кумита

Раиси Кумитаи забон - Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

Муовини раис

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло
муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло соли 1964 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд шуда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти мазкур идома додааст.
     Аз моҳи феврали соли 2005 ба ҳайси ёрдамчии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муовини ректор оид ба тарбия, мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик фаъолият намудааст. Дар асоси озмун аз моҳи июни соли 2008 ба вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ интихоб гардида, солҳои 2010-2012 дар вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2012-2013 дар рухсатии эҷодӣ буд. Баъдан солҳои 2013-2015 ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Бо фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон аз 20 апрели соли 2015 директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Баъд аз таҷдиди сохтори институти мазкур дар моҳи марти соли 2017 то 05.02.2019 ӯ чун директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 05.02.2019 ба ҳайси и.в. профессори кафедраи назараия ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва аз 01.04.2020 то 08.06.2020 ҳамчун декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи номбурда кор мекунад. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 08.06.2020 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ таъин шудааст.
     Кори илмиааш таҳқиқи роҳҳои калимасозии шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ буда, аз рӯйи ин масъала рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудааст. Доир ба масоили муҳими забоншиносӣ: калимасозӣ, лексика, этнолингвистика, усули тадриси забон, вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ ва ғайра матолиби муҳим чоп намуда, дар семинару конференсияҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ аз рӯйи масоили гуногун гузоришҳои илмӣ додааст.
Аз моҳи июни соли 2017 узви вобастаи АИ ҶТ интихоб гардидааст.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон аз соли 2010 мебошад. Аз 29.03.2007 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст. Узви конфедератсияи журналистони Тоҷикистон аз соли 1996.
     Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

Зулфониён Раҳим Раҷабзода - Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

Зулфониён Раҳим Раҷабзода

Тел.: (992 37) 227-64-51; 227-59-40

Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Самтҳои фаъолияти шуъбаи танзими истилоҳот:

Оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ таклифу пешниҳодҳо таҳия менамояд; - оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии омоданамудаи мақомоти болоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз лиҳози танзими истилоҳот хулоса пешниҳод менамояд; - фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаро роҳандозӣ менамояд; - санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро мураттаб месозад; - иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи забони давлатиро таъ-мин мекунад; - оид ба танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод манзур менамояд;

- лоиҳаи фарҳангҳои воридотиро дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ намуда, хулоса пешниҳод менамояд; - натиҷаҳои татбиқи сиёсати давлатиро вобаста ба самтҳои фаъолият таҳлил намуда, ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии истилоҳот ва рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд; - масъалаҳои оид ба номгузории ташкилоту муассисаҳо, маҳалҳои аҳолинишин, номҳои ҷуғрофӣ, кӯчаву хиёбон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор медиҳад; - барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа ба дигар воҳидҳои сох-торӣ мусоидат менамояд. Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010), мутобиқи қарори ҳайати мушовараи Кумита аз 28.03.2011, №3/1 бо ҷалби зиёда аз 100 нафар донишмандони муассисаҳои илмию таълимӣ таъсис дода шудааст. Шӯро аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст. Ҳадаф аз таъсиси Шӯро танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳо буда, то имрӯз ҳайати Шӯро фарҳангномаҳои зиёди соҳавиро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

4
Баҳои миёна: 4 (2 овоз)

Категория: 

Мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо

Сангов Ғулом Холович - Мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо

Сангов Ғулом Холович

Тел.: +(992 37) 227-59-38

Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Самтҳои фаъолияти бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо:

   * назорати риояи тартибу интизоми меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ;

   * ташкил ва назорати рафти иҷрои маводи вурудӣ;

   * омода намудани ҷавоб ба муроҷиатшахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

   * сабти ҳуҷҷатҳои вурудӣ ва судурӣ ва назорати нигаҳдории онҳо дар пўшаҳои асноди муқарраргардида ва ҳисобот аз натиҷаи иҷроиши онҳо ба роҳбарият;

   * таҳияи ҳуҷҷатҳои оид ба таъйин ва озод намудани кормандони Кумита;

   * таҳия намудани лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;

   * доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии самаранокдар мансабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория: 

Мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ

Мудири бахши бахши экспертизаи забоншиносӣ - Давлатшоева Мавҷигул Бороновна

Давлатшоева Мавҷигул Бороновна

Тел.: (992 37) 227-64-52; 227-28-69

Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Самтҳои фаъолияти бахши экспертизаи забоншиносӣ

- Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба Кумита ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти худ муқарраршударо пайваста мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ҳамаи лоиҳаҳои ба Кумита воридгардида хулоса ирсол менамояд;

- ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон назорат менамояд ва маълумот талаб мекунад;

- экспертизаи забоншиносии санадҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳад, матни муҳру тамѓаҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотиро месанҷад ва хулоса пешниҳод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;

- дар бахши экспертизаи забоншиносӣ Шӯрои коршиносон фаъол аст, ки аз намояндагони соҳаҳои гуногуни илму техника, фарҳанг, маориф, хоҷагии халқ ва расонаҳо таркиб ёфтааст;

-дар мақомот (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо)-и ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ иштирок менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ

Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ - Муҳамедов Суҳроб Рустамович

Муҳамедов Суҳроб Рустамович


Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

  • Сол ва ҷои таваллуд – 28 апрели соли 1983, дар ноњияи Муъминобод
  • Миллат – тоҷик
  • Таҳсилот – олӣ, соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, ихтисос – иқтисодчӣ

Аз соли 2017 дар мансаби мудири бахши молия ва хоҷагидории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 31003095
  • Нишонии IP-и шумо: 34.236.36.94
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.