Июл 2022

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 5-уми июли соли 2022, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 шунида шуда, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2022-и Кумита ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита Назарзода С., Абдураҳмонова М. Раҳматуллозода С., ва Мансурӣ Ш. суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар нимсолаи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуда, Нақшаи кории шашмоҳаи дуюми Кумитаро мувофиқи мақсад шумориданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

Китоб ёри беҳамто

Рӯзи 7-уми июли соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот ва маросими ҳадяи китобҳои нашрнамудаи Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ баргузор гардид. Намояндагони Кумитаро Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҷиҳати амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, ки аз 10-уми сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, изҳори ақида намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти забон ва истилоҳот миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки таъриху тамаддуни муштарак доранд, густариш диҳанд.
Ҳамзамон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ китобҳои ба тозагӣ интишоргардида ва тозанашри нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки Кумита расман дархост намуда буд, муаррифӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи  ПҶТ аз 28.06.2022, № 26/10-272 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми августи соли 2022, соати 09:00 баргузор мегардад.
     Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 46207842
  • Нишонии IP-и шумо: 18.207.157.152
 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.