Панҷара – тиреза – килкин
Се истилоҳ дар се кишвари ҳамзабон.
Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.
Аз таърихи корбурди ин вожаҳо дар осори порсии дарӣ чунин бар меояд, ки аз ин гурӯҳ танҳо вожаи «панҷара», бинобар осор аз луғати бунёдии забони порсии дарӣ дониста мешавад ва он дар ин маъно дар забони форсии имрӯз низ мавриди истифода қарор дорад.
Акнун вижагиҳои ҳар кадоме аз ин вожаҳоро, бинобар корбурди онҳо дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мухтасар дарҷ менамоем.
Панҷара (پنجره). Ин вожа дар осори порсии дарӣ дар мисоли чанде аз фарҳангномаҳо бад-он маъност, ки дар форсии кунунӣ то ба имрӯз ба кор меравад. Яке аз чунин манобеъ ҳудуди 30 вожаест, ки муаллифи «Меъёри Ҷамолӣ» Шамси Фахрӣ аз «Луғати фурсӣ»-и Асадии Тусӣ ҳамчун вожагони маъруф мисол оварда ва «панҷара» низ ба ин гурӯҳ шомил мебошад [Ниг: Капранов 1964, 174].
Дар «Бурҳони қотеъ» таълифи Муҳаммад Ҳусайн бинни Халафи Табрез ӣ аз гунаи мухаффафи он, яъне «панҷар» ба вазни «санҷар» низ ёд шуда, дар маънои «қафас» ҳам омадааст. (Бурҳони қотеъ, ҷ.1).