Нуриддини Амриддин - «Забони тоҷикӣ», «Ганҷи якто», «Забони модар»
Ай бақои ҷисму ҷони мо, забони тоҷикӣ,
Давлату ному нишони мо, забони тоҷикӣ.
Себи ширини Самарқандию қанди порсӣ
Шаҳд дар кому даҳони мо, забони тоҷикӣ.
Бо «Авасто», «Занд»-у «Позанд»-у бузургони Аҷам
Сад ҷаҳоне дар ҷаҳони мо забони тоҷикӣ.
Гаштаи болонишин дар минбару тахти баланд,
Офтоби осмони мо, забони тоҷикӣ.
Эътибори миллати моро ба дунё бурдаӣ,
Ифтихору шаъну шони мо, забони тоҷикӣ.
Шири поки модарӣ ҷо гашта дар шарёни мо,
Шираи кому забони мо, забони тоҷикӣ.
Тоҷике то ҳаст дар дунё, бимонӣ ҷовидон,
Ай шукуҳи ҷовидони мо, забони тоҷикӣ.
Забони тоҷикӣ
То забони тоҷикӣ барҷост, тоҷик зинда аст,
То бувад як тоҷике лафзи дарӣ поянда аст.
Дар сари гаҳвора гӯяд алла то як модаре,
Лафзи гавҳарбори модар чашмаи зоянда аст.
Мешавад бо шири модар ҷой он дар мағзи ҷон,
Метаровад ҳамчу чашма аз лаби пиру ҷавон.
Ормони миллати моро ба дунё мебарад,
Парзанон аз лаб ба лабҳо, аз карон то бар карон.
Ҳар ҳиҷову ҳарфи онро моми тоҷик асрҳо
Кишт дар дилҳо ба мисли дони гандум мекунад.
Шираи ҷонбахшу пандомӯзи қанди порсӣ
Ҳамчу шаҳди ноб ширин коми мардум мекунад.