Чоршанбе, Май 8, 2024

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАРСИ МАРДОНАГИСТ!»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2024 - 14:06
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79 - солагии Рӯзи Ғалаба

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2024 - 15:55

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони мардуми тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равони шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани пардаи рамзӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш ифтитоҳ карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)