Фарҳанг ва маориф

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Ноябр, 2018 - 13:14

Маориф ва илм. Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ давлатдории тоҷикон пас аз истиқлолияти воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳама дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст.
Соли хониши 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 адад буда, аз ин шумора 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназия ва 14 мактаб-интернат барои кӯдакони гирифтори иллатҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаъолият мекард. Ин рақам дар соли 2010 ба 3747 мактаб, аз ҷумла 540 ибтидоӣ, 678 асосӣ, 2311 миёнаи умумӣ баробар гардид. Яъне дар ин давра миқдори мактабҳо 518-то зиёд шудааст. Вобаста ба маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 113 мактаби рӯзона ҳамчун филиал дар назди мактабҳои калон таъсис ёфтаанд.
Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Ифтитоҳи мактабҳои навъи муосир ва ҷараён гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузургеро ба вуҷуд овард. Агар соли 1991-1992 1 мактаби навъи муосир (гимназия) фаъолият дошта бошад, пас дар соли 2010 шумораи ин муассисаҳо ба 157 адад, аз ҷумла 89 гимназия (61 гимназияи давлатӣ, 28 гимназияи ғайридавлатӣ), 59 литсей (53 литсейи давлатӣ, 6 литсейи ғайридавлатӣ) ва 12 мактаби хусусӣ бо фарогирии 70030 нафар хонанда (21965 нафар духтар) расидааст.
Таъсиси муассисаҳои муосир - литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ, аз ҷумла, Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе, Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Чкалов, муассисаи таълимии давлатии литсейи Президентии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманд дар шаҳри Турсунзода аз дастовардҳои дигари ин соҳа дар даврони истиқлолият ба шумор меравад.
Аз оғози соли таҳсили 2011-2012 Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар ноҳияи Бохтар, Муассисаи давлатии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хоруғ ва Муассисаи давлатии «Мактаби Президентии байналмилалӣ барои кӯдакони лаёқатманд» дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд.
Дар солҳои истиқлолият афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ назаррас буда, бахши асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот ҷудо карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар маҷмӯъ 27,6 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 ин нишондиҳанда 707,3 млн. сомониро ташкил кардааст.
Дар давоми солҳои 2004-2008 406 мактаб барои беш аз 90 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 83 млн. сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ (давлатӣ, сармоягузорӣ, хусусӣ, ғайридавлатӣ) 218 бинои мактаб барои 40 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 124 млн. сомонӣ сохта, то арафаи ҷашни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Дар давраи истиқлолият шумораи мактаб-интернатҳо зиёд гардид. Агар соли 1991 теъдоди муассисаҳои интернатӣ 41-то буда, аз ин шумора 5-тои онҳо мақоми ҷумҳуриявӣ дош­та бошанд, пас ин шумора дар соли 2010 ба 78 расидааст, ки 13-тои он мақоми ҷумҳуриявӣ доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиёда аз 200 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 18 млн. нусха ба маблағи умумии 72 млн. сомонӣ ба нашр расид. Дар ин давра чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии тоҷикӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳоло таҳияи китобҳо бо забонҳои қирғизӣ, туркманӣ ва ӯзбекӣ идома дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд. Ба хонандагон дар соли таҳсили 2010- 2011 1210 нафар омӯзгор ва 1077 нафар устоҳои таълимӣ дарс мегӯянд
Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз соли 2000 то имрӯз 22 маротиба афзоиш ёфтааст.
Шумораи мактабҳои олӣ низ дар даврони истиқлолият хеле афзудааст. Агар дар соли 1991 13 мактаби олӣ фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 30 мактаби олӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 2073 номзади илм ва 493 доктори илм ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар даврони 20 соли истиқлолият таъмир ва ба истифода додани хобгоҳҳо барои духтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва унвонҷӯёну аспирантҳо, бунёди «Шаҳраки донишҷӯён», сохтмони факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, сохтмони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони Филиали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Данғара, сохтмони Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва хобгоҳи он дар ноҳияи Рашт, сохтмони хобгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, сохтмон ва ба истифода додани бинои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, барқарор ва муҷаҳҳаз кардани бинои Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таъмири толори варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, азнавсозии бинои Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ба анҷом расонида шуданд, ки ин ҳама аз дастовардҳои назаррас ба шумор мераванд.
Таъсиси Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» аз иқдомоти неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ояндаи наздиктарин таъсиси Филиали Донишгоҳи политехникии шаҳри Харков низ дар назар аст.
Аз соли 1997 то соли 2010 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 8 ҳазор нафар духтарону писарон аз минтақаҳои мухталифи кишвар тариқи квота дохил шудаанд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон аз 1 октябри соли 2010 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантҳо муқаррар гардидааст.
Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2006 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Дар асоси фармони мазкур барои кормандони соҳаи маориф 5 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 доллари ИМА муайян гардид, ки то имрӯз 14 нафар ба он сазовор дониста шудаанд.
Вобаста ба самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудани соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаро мунтазам зиёд менамояд. Солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфта, дар соли 2010 ба 1092 млн. сомонӣ расид, ки ин ба 4,7 %-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2000 26,6 баробар ва нисбат ба соли 2005 4,5 баробар зиёд аст. Ҳиссаи хароҷоти соҳа нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ афзуда, аз 2,3 %-и соли 2000 ва 3,5 %-и соли 2005 дар соли 2010 ба 4,7 % баробар шуд.
Бояд гуфт, ки дар баробари маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии соҳа маблағҳои сармоягузорӣ ва грантҳо низ сафарбар карда мешаванд. Бо ҷалби институтҳои молиявии байналмилалӣ аз соли 1998 то ба имрӯз барои дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ва грантӣ бо маблағи умумии 160 млн. доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
Дар давоми солҳои 1992-2010 дар маҷмӯъ 950 бинои мактаб барои 250 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 470 млн. сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи истиқлолият сохтмони мактабҳо нисбат ба солҳои 80-уми асри гузашта 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Беш аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба соҳаи илм қабул шудаанд, барои рушди илми ватанӣ, маблағгузории тадқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва амсоли инҳо мусоидат намуданд.
Маҳз тайи солҳои истиқлолият бо мақсади омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар Академияи илмҳои Тоҷикистон муассисаҳои нави илмӣ – Институти иқтисодиёт, Институти демография, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти давлат ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон ва ғайра таъсис дода шуданд.
Ба мақсади дастгирии молиявии таҳқиқоти илмӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини шароити зарурӣ ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти бунёдиву амалӣ ба муассисаҳои дар шаҳраки академӣ ҷойгирбудаи Академияи илмҳо мақоми маркази илмии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дода шуд, ки ин ба баланд шудани самаранокии фаъолияти илмиву таҳқиқотии ин муассисаҳо мусоидат намуд.
Тайи ин солҳо хусусан ба рушди илмҳои табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ таваҷҷӯҳи бештар дода шуд. Ҳукумат соли 2003 «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2008»-ро тасдиқ намуд, ки он барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои дақиқ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ нақши муҳим бозид. Ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқатнома оид ба таъсиси Маркази байналмилалии илмиву техникӣ ва ташкили Идораи иттилоотии он дар бинои Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон низ ба рушди илмҳои дақиқ дар кишвар кӯмак расонид, зеро олимони тоҷик имкони бештари дарёфт ва истифодаи грантҳои созмонҳои хориҷиро пайдо намуданд.
Натиҷаҳои илмие, ки олимони Академияи илмҳо дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, масъалаҳои об, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт, демография ва ҳуқуқ ба даст оварданд, аз қобилияту имконоти зиёди илми тоҷик шаҳодат медиҳанд. Бештар аз 300 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд, ки бештари онҳо ҳоло дар корхонаву муассисаҳои мамлакат истифода мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони соҳаи ҷомеашиносии Академияи илмҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши муҳим доранд.
Робитаҳои илмии байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ, махсусан бо муассисаҳои илмии давлаҳои Россия, Австрия, Ҳиндустон, Хитой, Ҷопон, ИМА ва давлатҳои аъзои ИДМ таҳким пайдо карданд. Академияи илмҳо узви баробарҳуқуқи Ассосиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Ассосиатсияи Академияи илмҳои Осиё, Академияи илмҳои давлатҳои мутараққӣ ва Шӯрои байналмилалии марказҳои илмӣ гардид. Ҳоло Академияи илмҳо дар асоси 10 созишнома бо 7 давлати ҷаҳон ҳамкории илмиву техникӣ дошта, дар иҷрои 5 созишномаи байниҳукуматӣ иштирок мекунад, аъзои 5 ташкилот, комиссия ва кумитаҳои байналмилалӣ мебошад. Бештар аз 200 нафар олимон бо муҳақиқони ташкилотҳои илмии хориҷӣ таҳқиқоти муштарак анҷом доданд. Дар замони истиқлолият натиҷаҳои илмии чандин олимони тоҷик аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии илмӣ эътироф ва бо ҷоизаву мукофотҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар давраи истиқлолият аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳудуди 10 000 корҳои илмӣ, аз ҷумла тақрибан 1200 китобу рисолаҳо, маҷмӯаҳои илмӣ ва мисоли инҳо табъу нашр карда шуд. Дар 10 соли охир бештар аз 3000 мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриётҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин шаҳодати эътирофи олимони тоҷик ва натиҷаҳои илмии онҳо мебошад.
Дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва бо мутахассисони ҷавони илмӣ таъмин намудани муассисаҳои илмӣ шароити мусоид фароҳам омад. Ҳоло дар муассисаҳои илмии Академия беш аз 150 нафар олимони ҷавони то синни 35-сола аз ҷумлаи номзадҳо ва докторҳои илм ба фаъолият машғуланд. Тайи солҳои 2001-2010 аспирантураи Академияи илмҳоро қариб 250 нафар хатм намуданд. Дар шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории муассисаҳои илмии Академияи илмҳо дар даврони истиқлолият қариб 120 нафар рисолаи докторӣ ва бештар аз 250 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
Забон ва фарҳанг. Яке аз падидаҳои бузурги замони истиқлолият - ба даст овардани истиқлолияти забонӣ ва дар мақоми забони давлатӣ қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин давра бо татбиқи сиёсати огоҳона дар бораи забон – муҳимтарин рукни пойдории миллат забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ мақому мартабаи махсус пайдо кард. Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки дар кишвари мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири он соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.
Ҳамчунин барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумат сохтори нав - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин далели таваҷҷӯҳи ҳамешагии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон дар даврони истиқлолият мебошад.
Дар замони истиқлолият фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
Барои тақвияти ин ҳадафҳо ба шарофати ғамхориҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷӯҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омада, фарҳанг рушди бесобиқа пайдо кард.
Таваҷҷӯҳ ва сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки барои эҳё ва нигоҳдории мусиқии классикӣ ва мардумӣ рӯзҳои “Шашмақом” ва “ Фалак” таъин шуданд. Ҳамин тариқ, ин ду ансамбл беҳтарин овозхонҳоро дар ҳайати худ ҷалб карда, дар баробари таҳияи барномаҳо барои телевизион ва радио соле як маротиба аз фаъолияти худ дар назди тамошобини тоҷик ҳисобот медиҳанд.
Дар ҳамин давра ба хотири ҳифз ва пойдории ҳунари зебои мероси миллии тоҷикӣ соли 2001 ансамбли давлатии “Фалак” таъсис ёфт, ки беҳтарин сарояндагон ва иҷрокунандагони фалакро дар ҳайати худ гирд овард. То имрӯз ин ансамбл симои эҷодии худро пайдо карда, бо суруду оҳангҳои нав ба наву дилнишин хазинаи тиллоии мусиқии тоҷикро ғанитар гардондааст.
Ансамбли рақсии “Гулрез” низ аз падидаҳои нав буда, соли 2000 таъсис ёфтааст. Ин ансамбл дар ҳунарҳои мардумӣ навоварӣ ва навҷӯиро ба миён овард. Ансамбли “Гулрез” имрӯзҳо натанҳо оробахшандаи саҳнаҳо дар маросимҳои дохили кишвар мебошад, балки дар саҳнаҳои хориҷ аз кишвар низ эътибору шӯҳрати санъати моро боло мебардорад. Гузашта аз ин, мавҷудият ва фаъолияти ин ансамблро барои ҳунармандони ҷавон ҳамчун як мактаби омӯзиш ва такмили маҳорат низ метавон номид. Ҳунармандони наврас дар ҳамин ҷо дарси ҳунар омӯхта, беҳтаринҳояшон ба кор шомил мешаванд ва ё ба донишкадаҳо роҳхат мегиранд.
Бинобар фароҳам омадани фазои мусоиди густариши робитаҳои хориҷӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Франсия, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркманистон бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардиданд, ки ҳунармандон тавонистанд фарҳангу ҳунари воло ва ғании гузаштаву муосири хешро муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон рӯзҳои фарҳанги чанде аз кишварҳо, ба монанди Россия, Қирғизистон, Хитой, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белорус, Туркманистон дар сарзамини мо баргузор гардиданд.
Танҳо дар давоми солҳои 2007-2010 аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» барои таҳкими пояи моддиву техникии китобхонаҳои мамлакат, такмили фонди онҳо бо адабиёти тозанашр, таъмири бинои китобхонаҳо, муҷаҳҳаз сохтани онҳо бо мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ 2,5 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар се соли охир ба ганҷинаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ тавассути «Корвони китоб» беш аз 195 ҳазор нусха адабиёти тозанашр ворид гардидааст.
Истиқлолият барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои боэътимод фароҳам овард. Як силсила чорабиниҳои муҳими фарҳангиву ҳунарӣ, ба монанди озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Китобхонаи намунавӣ», озмуни театрҳои халқӣ – «Нашъамандӣ – вабои аср», «Ватан, дар роҳат ҷон нисорам», озмуни осорхонаҳои кишвар – «Оинаи таърих», озмун ва фестивалҳои ансамблҳои тарона ва рақс – «Гулу гулдастаҳои як чаманем», озмуни клубҳо – «Даргоҳи ҳунару маърифат», фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ – «Андалеб» доир гардиданд.
Матбуоти даврӣ як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад. Дар ин самт низ таи солҳои истиқлолият дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд.
Ба шарофати фароҳам овардани шароит барои озодии сухан теъдоди воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳод. Агар соли 1995 ҳамагӣ 69 рӯзнома ва 19 маҷаллаи хусусӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2000-ум ин теъдод мутаносибан ба 84 ва 25 ва дар соли 2005-ум ба 154 ва 30 расид.
Ҳоло дар кишвар 268 рӯзнома, 136 маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ва 8 агентии иттилоотӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, форсӣ ва қирғизӣ ба табъ мерасанд.
Нашри осори безаволи гузаштагон барои калонсолону хурдсолон аз силсилаҳои «Ахтарони адаб» ва «Китобхонаи мактаб» дар нашрияҳои «Адиб» ва «Маориф ва фарҳанг» бо сифати хуб ба табъ расиданд. Маҳз ба шарофати истиқлолият китобҳои «Қуръони карим», «Маснавии маънавӣ», «Ҳидояи шариф», «Шоҳнома», «Қобуснома», «Кимиёи хирад», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам», «Тӯтинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Шашмақом» ва бисёр асарҳои гаронбаҳои дигар дастраси алоқамандон гардиданд.
Яке аз падидаҳои хуби даврони истиқлолият ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Беҳзод додани мақоми миллӣ буд. Дар ин давра нахустин Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои беш аз 2000 ёдгориҳои таърихиву фарҳангист, таи солҳои истиқлолият бо ҳидояту дастгирии Сарвари Давлат 36 ёдгориҳои нодир, аз қабили мақбара, осорхона, масҷид, қалъа, мадраса, манора дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тармиму барқарор карда шуданд. Ҳамзамон бо мақсади ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихив фарҳангӣ Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии “Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихиву фарҳангии Панҷрӯд” таъсис ёфтанд.
Соли 2011 – дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду иншооти мӯҳташами меъморӣ – биноҳои нави Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам мекунанд.
Дар 20 соли охир бо иштироки меҳмонон аз кишварҳои дуру наздики ҷаҳон дар сатҳи баланди байналмилалӣ таҷлил гардидани ҷашнвораҳои гиромидошти бузургмардони таъриху адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик далели эҳтирому арҷгузории роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик мебошад. Ин ҳама бори дигар собит менамояд, ки Сарвари давлат ба гузаштаҳои дури тамаддуни миллати хеш чӣ гуна ғамхорӣ ва арҷгузорӣ менамояд.
Аз ҷумла таҳти унвони «Ситоишгари адлу ростӣ ва нури хирад» симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ 5 сентябри соли 1994, тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 680-умин солгарди зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳи сентябри соли 1995 ва чорабиниҳои идона ба муносибати 675-умин солгарди Хоҷа Камол дар соли 1996 то дер дар қалби иштирокдорон ва меҳмонон боқӣ хоҳанд монд. Худи хамон сол дар ҳузури ширкаткунандагони анҷумани сеюми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шаҳри Хуҷанд пардаҳо аз рӯи пайкараи Хоҷа Камол ва муҷассамаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бардошта шуд, ки ин дар абадӣ гардонидани номи неки гузаштагони гиромиқадр иқдоми наҷибу ғамхорона буд.
90-умин солгарди зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1998, баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба шарафи 90 - солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода 27-уми октябри соли 2001 ва тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 1000 - солагии мутафаккири бузурги Шарқ Носири Хусрави Қубодиёнӣ рӯҳияи ифтихор ва эҳтироми ҷомеаро ба хазинаи ҷовидонии таъриху адабиёти ниёгон афзун гардонид.
Ҷашнҳои зиёде, ки ба бузургдошти олимону шоирон ва арбобони сиёсиву ҷамъиятии халқи тоҷик, ба мисли Абдулқосими Фирдавсӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Баҳодур Искандаров, Ғулом Алиев, Алоуддин Баҳоваддинов, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бахшида шуданд, боиси таҳлили нави мероси онҳо гардида, илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён бештару беҳтар шинос намуданд ва боиси таҳкими ифтихори миллии мардум гардиданд.
Дар силсилаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 2500 - солагии шаҳри бостонии Истаравшан, ҷашн гирифтани 2700 - солагии шаҳри қадимаи Кулоб, обод намудани ёдгориҳои таърихӣ, мамнӯъгоҳи фарҳангӣ эълон намудани Ҳулбук, ба минтақаи туризм табдил додани чандин ноҳияҳои зебоманзари кишвар далели ба рушди устувор ворид гардидани Тоҷикистон мебошад.
5 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 500 нафар олимону мутафаккирон аз 50 кишвари ҷаҳон ва шумораи зиёди аҳли зиёи Тоҷикистон ба ифтихори 1310 – солагии Имом Абу Ҳанифа – бунёдгузори яке аз мазоҳиби бонуфузи дини ислом Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» баргузор гардид.
Чорабиниҳо бахшида ба Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми бисёр кишварҳои ҷаҳон дар маросими оғози сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи Тоҷикистон баргузор гаштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони хориҷӣ ва сокинони пойтахт суханронӣ намуда, бо арзи шукргузорӣ ва хушнудӣ аз паёмадҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва динию мазҳабӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад, оғози сохтмони яке аз бузургтарин масҷидҳои ҷомеи минтақаро дар шаҳри Душанбе барои ҳозирин ва тамоми мардуми кишвар шодбош гуфт.
Ин тадбирҳои дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ имконият фароҳам оварданд, ки халқи тоҷик бедортару огоҳтар гардад, робитаи худро бо тоҷикони бурунмарзӣ барқарор ва мустаҳкамтар намояд, ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ назари тоза андозад, барои ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллат ва рушди ифтихори миллӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Телевизион ва радио дар низоми васоити ахбори омма ҷойгоҳи муносиб дошта, ҳамчун воситаи тавонои тарғибу ташвиқ ва василаи бисёр муҳими расонидани иттилоъ барои ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим дорад. Бинобар ин роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ин соҳа, пахши босифати барномаҳо, тақвияти мавҷи радио, вусъат бахшидани манотиқи пахши барномаҳо ва дастгирии моддии кормандон ҳамеша тадбирҳои муассир меандешад.
То даврони истиқлолият радиои Тоҷикистон тавассути ду шабака дар маҷмӯъ 32 соат ва телевизиони Тоҷикистон тавассути як шабака аз 6 то 8 соат барнома пахш мекарданд. Дар замони истиқлолият бо ғамхориву дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телевизион ва радио фаъолияти худро пайваста такмил медиҳад. Барномаҳову намоишҳо аз ҷониби шунавандагону бинандагон пайваста ҷонибдорӣ ва мавриди писанд қарор мегиранд.
Таҳаввулот дар соҳа асосан баъди соли 1998 ба вуҷуд омад. Таъсиси барномаи «Субҳ» дар телевизион соли 1998, шабакаи радиоии «Садои Душанбе» соли 1999 ба пурра кардани фазои расонаӣ мусоидат намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ барои иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Сардори давлат бармеомад, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соли 2005, Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» соли 2006, шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» соли 2008 таъсис гардиданд. Соли 2006 телевизиони Тоҷикистон ба таҷҳизоти рақамӣ гузашт. Дар маҷмӯъ баъди таъсиси муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» ва радиои «Фарҳанг» 524 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд.
Вақти пахши барномаҳо аз 9 ба 18 соат расид, телевизион ба низоми моҳвора пайваст гардид, системаи нави телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ташкил ва тақвият ёфт. Имрӯз Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи хос дошта, доираи фарогирии барномаҳои ин расона дар кишвар ба 99,7 % мерасад, барномаҳои таҳиянамудаи ходимони ин коргоҳро тавассути моҳвора дар беш аз 50 кишвари дунё метавон тамошо кард. Вақти умумии пахши намоишҳои чаҳор шабакаи телевизионӣ 74 соатро ташкил медиҳад. Шабакаи «Ҷаҳоннамо» шабонарӯзӣ (24 соат) дар хидмати тамошобинон аст. Телевизиони «Баҳористон» барномаҳои худро ба 14 соат расондааст.
Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки дар маҳалҳо телевизионҳои давлатӣ ташкил карда шаванд. Дар солҳои аввали истиқлолият, яъне солҳои 1992 – 1994 се шабака дар маркази вилоятҳо ва як телевизион дар минтақаи Кӯлоб таъсис дода шуд. Телевизионҳои маҳаллӣ аз 50 то 65 %-и минтақаҳои аҳолинишинро фаро мегиранд. Дар ҳамаи чор шабакаҳои маҳаллӣ имрӯз бештар аз 220 нафар кормандони эҷодӣ ва техникӣ фаъолият менамоянд.
Дар даврони истиқлолият низоми нави расонаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Дар баробари шабакаҳои радиои давлатӣ инчунин радиоҳои ғайриҳукуматӣ низ дар пуррасозии фазои расонаи кишвар саҳм мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистон 44 ташкилоти радиотелевизионӣ амал мекунад. Аз ин миқдор, телевизионҳои давлатӣ 9, ғайридавлатӣ 19 (аз ин миқдор 5 телевизиони ноқилӣ), радиои давлатӣ 7 ва шумораи радиоҳои ғайридавлатӣ ба 9 расидааст. Ҳамаи ин расонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият барои комил сохтани фазои иттилоотии кишвар мусоидат менамоянд.
Дар давраи истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадди имкон анъанаҳои кинои тоҷикро нигоҳ дошт. То соли 2005 Ҳукумат танҳо барои нигоҳ доштани корхонаҳои истеҳсол ва намоиши кино тадбирҳо андешида бошад, пас соли 2005 бо қабули “Барномаи рушди кино барои солҳои 2005-2010” кинои тоҷик тавонист худро аз вартаи шикаст раҳо дода, чанд қадам ба сӯи рушд гузорад. Дар ҳамин давра 11 филми ҳунарии пурраметра офарида шудааст, ки ин иқдом дар доираи имкониятҳои мавҷуда хеле хуб аст. Ҳатто соли 2008 се филми пурраметраи ҳунарӣ рӯи навор омад, ки ин ба дастовардҳои солҳои 1970 – 1980 қарни гузашта, авҷи инкишофи кинои тоҷик баробар аст. Дар ҳамин давра бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон калонтарин толорҳои кино аз қабили “Кохи Ҷомӣ”, “Кохи Тоҷикистон”, кинотеатрҳои “Зебунисо” ва “Ватан” таъмир ва дар хидмати тамошобин қарор дода шуданд.
Мавқеъи зан дар ҷомеъа. Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Санади дигари тақдирсоз ин Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 дар мақомоти идораи давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Имрӯз теъдоди ҳарчи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Масалан, агар соли 1995 дар мақомоти марказӣ 123 нафар занон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд, соли 1998 213 нафар занон, соли 2002 танҳо дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумат таъин мешаванд, 30 нафар занон фаъолият намуданд. Имрӯз шумораи онҳо 39 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ имрӯз 3 612 нафарро (23,4 %) ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 1 975, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1 637 нафар занон фаъолият доранд. Дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳое, ки бо вазъ ва мақоми занон вобастаанд, яке аз муовинони Сарвазир роҳбарӣ мекунад.
Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ интихоботи парламенти кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Чунончӣ, ҳиссаи занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоботи соли 2005 11 нафар ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафарро ташкил медод. Аммо дар соли 2010, ин теъдод ба 5 нафар зан узви Маҷлиси миллӣ ва 12 нафар вакили Маҷлиси намояндагон расид. Нишондиҳандаҳои иштироки занон дар мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ беҳтар гардидааст. Теъдоди занон - вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ имрӯз аз 517 нафар иборат аст.
Соли 2010 дар мансабҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо занон - 15,5 % ва дар мансаби муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 95,8 %-ро ташкил додаанд. Шумораи занон - раисони шаҳру ноҳияҳо иборат аз 4 нафар мебошад.
Теъдоди занон – кормандони соҳаи дипломатӣ ва намояндагӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ имрӯз ба 15 нафар мерасад, ки дар байни онҳо 1 нафар муовини Вазири корҳои хориҷӣ, консул, атташе ва котибони сафир мебошанд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» ҷалби духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонро ба таҳсил пешбинӣ менамуд. Аз соли 1997 то соли 2011 тибқи квотаи президентӣ 7211 нафар духтарони деҳоти дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи сӯҳбат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Яке аз армуғонҳои истиқлолияти кишвар барои донишҷӯдухтарони ятиму бепарастор бо дастгирии Президенти кишвар таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» буд, ки имрӯз дар он зиёда аз 100 нафар духтарон иқомат доранд.
Ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна дар байни занону духтарон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвияти ҳамкории иҷтимоӣ байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва барномаҳои омӯзишии онҳо барои занону духтарон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 то соли 2010 ҳамасола 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он 10 грант ба маблағи 10 000 сомонӣ ва 10 грант ба маблағи 5 000 сомонӣ) ҷудо гардид. Баъди қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2008 «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2008 – 2010» барои занони соҳибкор имкониятҳои бештар фароҳам омад.
Натиҷаи лоиҳаҳои татбиқшуда гувоҳӣ медиҳад, ки бонувони тоҷик дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, парвариши чорво, парандапарварӣ, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ дорои малакаҳои хуби корӣ мебошанд.
Ҷавонон ва варзиш. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба нерӯҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад. Барои ба вуҷуд омадани ин гуна нерӯҳо пеш аз ҳама таъсиси низому сохтор ва ё ташкилотҳои сиёсӣ зарур аст.
Дастоварди назарраси соҳа дар соли 1997 таъсиси мақоми давлатии ваколатдор дар сохтори Ҳукумат - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инак, 14 сол аст, ки мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ менамояд.
Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.
Маҳз дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 - 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб дар кишвар 23 май ба таври расмӣ ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хоса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, шаш Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ, Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендияҳои Президентӣ зиёд гардида, барномаҳои соҳавии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон» ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардидаанд.
Рӯйдоди дигар дар ҳаёти ҷавонони кишвар ин ба фаъолият оғоз намудани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо 45 марказҳои ҷавонон фаъолият мекунанд. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳо бунёду сохтмони марказҳои ҷавонон идома дорад.
Бо супориш ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир як қатор варзишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд барои 25000 нафар, дар шаҳри Турсунзода барои 16000 нафар, шаҳри Қӯрғонтеппа барои 14000 нафар, шаҳри Кӯлоб 20000 нафар, ноҳияи Данғара барои 8000 нафар, шаҳри Хоруғ барои 6000, ноҳияи Нуробод барои 5000 нафар сохта ва таъмир карда шуданд.
Ҳамчунин, сохтмон ва таҷдиди иншооти варзишӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Темурмалик, Тоҷикобод, Тавилдара, Рашт идома дорад. Ҳоло дар кишвар 104 варзишгоҳ, 1010 толори варзишӣ, 4072 майдончаҳои варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад.
Тӯли 20 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш зиёда аз 50 нафар сазовори унвони чемпионҳои ҷаҳону Осиё ва зиёда аз 200 нафар ҷоизадорону ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар 4 Бозиҳои олимпӣ, аз ҷумла дар Атланта (ИМА) соли 1996, Сидней (Австралия) соли 2000, Афина (Юнон) соли 2004 ва Пекин (Чин) соли 2008 ва дар 3 Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Солт Лейк Сити (ИМА) соли 2002, дар Торино (Италия) соли 2006 ва дар Ванкувер (Канада) соли 2010 ширкат варзидааст.
Дар Бозиҳои ХХ1Х олимпӣ варзишгарони дастаи олимпии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои бокс, дзюдо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ, камонварӣ, тирпаронӣ, варзиши сабук ва вазнбардорӣ баромад намуданд.
Дар натиҷа, аз рӯи намуди гӯштини тарзи озод Абдусаломов Юсуф соҳиби медали нуқра ва Боқиев Расул аз рӯи намуди дзюдо сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, Қурбонов Ҷаҳон ва Юнусов Анвар дар вазнҳои худ байни 5 нафар боксгарони беҳтарин ва Назаров Дилшод байни 12 варзишгари гурзпартои беҳтарини Бозиҳои XXIX олимпӣ ҷой гирифтанд. Дастаи олимпии Тоҷикистон бо ду медал байни 205 давлатҳои ширкаткунандаи бозиҳо мақоми 55-умро ишғол намуд.
Дигар чорабинии муҳим баргузор гардидани Бозиҳои нахустини олимпӣ байни наврасон аз 9 то 29 августи соли 2010 дар Сингапур ба шумор меравад, ки дар қатори 205 кишвар дастаи олимпии Тоҷикистон низ дар ҳайати 13 нафар иштирок намуд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи олимпӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи озод Қодиров Баҳодур медали нуқра ва таэквондо (WTF) Шарифова Шукрона медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Яке аз падидаҳои муҳими соҳа дар давраи истиқлолият баргузор гардидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 декабри соли 2010 бо варзишгарони кишвар мебошад. Дар ин мулоқот тамоми бурду бохт ва дурнамои соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Бузургтарин дастоварди ҷомеаи Тоҷикистони навин дар бист соли истиқлолияти давлатӣ куллан тағйир ёфтани мазмуну мундариҷаи меҳнат ва дарки мантиқии он ба шумор меравад. Аз баракати истиқлолият аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун миллати озод ва мустақил барои ободии Ватан ба меҳнати созанда оғоз намуд.
Аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз вазъияти иҷтимоӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сиёсати иҷтимоӣ аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки инро сатҳи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз собит менамояд
Муносибати усулӣ ба масъалаҳои вобаста ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун ягона давлати риоякунандаи меъёрҳои демократӣ оид ба меҳнат, шарикии иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар падидаҳои ба сиёсати иҷтимоӣ алоқаманд, эътироф намудааст. Инро хулосаҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки тайи чанд соли охир бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дорад, собит менамояд.
Дар даҳсолаи аввали истиқлолият ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва ин масъала пайваста дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ» дар бобати ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда бозид.
Барои татбиқи огоҳонаи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани се ҷанбаи асосии муносибатҳои меҳнатӣ зарур мебошад:
- бо шуғли муносиб таъмин будани аҳолии қобили меҳнат;
- танзими муносибатҳои байни корфармо ва коргар;
- сатҳи қобили қабули музди меҳнат.
Аз ин ҷост, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» ва барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар сиёсати шуғл худихтиёрии ҳар як шаҳрванди қобили меҳнат дар интихоби кори мувофиқ мизони ҳуқуқӣ пайдо намуд ва бар асари сиёсати Сарвари давлат тайи 20 соли истиқлолияти давлатӣ вазъи бозори меҳнат давра ба давра бо пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ то имрӯз беҳбуд пайдо намуд. Дар ин давра сатҳи бекории расмӣ то 2,2 % паст гардид. Дар асоси Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 1 млн. ҷойҳои кори нав таъсис ёфта, 367 ҳазор нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки 30 % онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон сатҳи шуғл пайдо кардани аҳолӣ дар ҳар сол тамоюли афзоишро касб намуд. Ҷиҳати мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти нерӯи кор бо талаботи бозори меҳнат қариб 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо дарназардошти имконияти воқеии молиявӣ тадриҷан зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун мебошад. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар мамлакат дар даҳ соли охир 27 баробар ва музди миёнаи меҳнат қариб 23 баробар афзуда ва он 355 сомониро ташкил додааст.
Аз ҷумлаи масъалаҳое, ки Сарвари давлат ҳаллу фасли онро дар мадди аввал гузошта, таваҷҷӯҳи пайвастаи мақомоти дахлдорро ба иҷрои он ҷалб менамояд, таъминоти нафақаи беш аз 560 ҳазор нафар шаҳрвандон мебошад. Дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 2010 17 маротиба андозаи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ зиёд карда шуда, ба 80 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақа ба 113 сомонӣ расонида шудааст.
Аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 27-30 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар 20 соли истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пирони барҷомондаву яккаву танҳо ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа эътибори махсус дода, ба хотири беҳбуди вазъи моддиву маишии онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ имрӯз 7 хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбону шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, 4 осоишгоҳ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, Маркази миллии тавонбахшӣ барои наврасон ва кӯдакон, Литсей-интернати касбии маъюбон, Корхонаи узвҳои ориятӣ, 35 шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва 14 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва маркази будубоши рӯзона ба эҳтиёҷмандон қариб 20 намуди хизматҳои иҷтимоиву равонӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву тиббӣ ва маслиҳатӣ мерасонанд.
Дар давоми 20 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста рушду такомул ёфт, ки ин боиси суботи иҷтимоӣ ва тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ гардидааст.
Тандурустӣ. Ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ ва такмил додани идоракунии соҳаи тандурустӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 «Дар бораи таъсис додани шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо» тасдиқ гардида, ҷиҳати татбиқи он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ таъсис дода шуданд.
Соли 1991 шумораи мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ беш аз 13,5 ҳазор буд ва дар соли 2010 ин шумора ба 14,5 ҳазор нафар расид. Соли 1992 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон мақоми донишгоҳро гирифт ва «Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар солҳои 2006-2015» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 тасдиқ шуд. Дар рафти татбиқи барномаи мазкур маблағгузорӣ аз манбаъҳои гуногун 13 баробар ва маоши кормандон дар 5 соли охир 10,3 баробар зиёд карда шуд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии донишгоҳ биноҳои зиёди таълимӣ таъмир карда шуда, харидории маводи таълимиву таҷҳизоти зарурӣ нисбат ба соли 2006 16 баробар зиёд гардид. Боиси қаноатмандист, ки сифати таълим дар 5 соли охир 18 % ва дараҷаи азхуд кардани дарсҳо 22,3 % зиёд гардидааст.
Ҳоло Донишгоҳ дорои 27 озмоишгоҳи илмиву таҳқиқотӣ ва таълимӣ мебошад, ки 14-тои онҳо дар чор соли охир таъсис ва барқарор карда шудаанд. Дар Донишгоҳи тиббӣ озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, ки дар Осиёи Марказӣ қадами нахустин аст, кушода шуд. Соли 1996 дар донишгоҳ шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис гардида, ҳамчунин маҷаллаи илмии «Паёми Сино» ташкил карда шуд.
Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 1993 таъсис ёфта, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1994 Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон ба Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон табдил дода шуд, ки мутахассисонро аз рӯи 43 ихтисоси баъдидипломӣ омода менамояд.
Дар давоми 20 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 омӯзишгоҳи нави тиббӣ дар ноҳияи Рашт (соли 1992) ва шаҳрҳои Истаравшан (соли 1991), Панҷакент (соли 1992), Хоруғ (соли 1992), Турсунзода (соли 2007), Исфара (соли 2008) таъсис ёфтанд. Соли 2008 дар зиёда аз 38 шаҳру ноҳия аз ҳисоби коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ дар назди беморхонаҳои марказӣ гурӯҳҳои мақсаднок кушода шуданд, ки ин ба духтарони деҳот шароити ҳам хондан ва ҳам кор карданро дар ноҳияи худ фароҳам месозад. Аввалин таълимгирандагони гурӯҳҳои мақсаднок соли 2010 таҳсилро анҷом доданд. Чунин иқдом боис гардид, ки дар бисёр ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои табобатӣ бо кормандони миёнаи тиббии маҳаллӣ таъмин гарданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои тиббӣ таъсис дода шуд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010 «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» таъсис гардид.
Дар солҳои истиқлолият дар муассисаҳои тиббӣ чандин усулҳои нави ташхису табобат ҷорӣ карда шуд. Ҳадаф аз анҷоми чунин иқдомот кам кардани шумораи беморони барои табобат ба берун аз марзи кишвар фиристодашаванда мебошад, ки ин метавонад ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири мусбат расонад. Имрӯз дар ин самт натиҷаҳои хуб ба даст омада, шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар берун аз кишвар то 70 % коҳиш ёфтааст.
Таъсиси чандин сохтори нав - хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фармасевтӣ ва санитарию эпидемиологӣ самари даврони истиқлолият буда, онҳо барои рушди соҳаи тандурустӣ дар кишвар мусоидати хуб менамоянд.
Дар ин давра тибби хусусӣ рушд ва тавсеа пайдо кард. Ҳоло 351 муассисаҳои тиббӣ соҳиби иҷозатнома гардида, бо фаъолияти хусусии тиббӣ машғул мебошанд. Дар муассисаҳои тиббии хусусӣ гузаронидани ангиографияи шараёнҳои коронарӣ ва гурда, ангиопластика, ҷарроҳии кушодаи дил (шунтгузории аортокоронарӣ, таъвизу тармими даричаҳои дил, тармими нуқсҳои модарзодии байни деворҳои дил), ҷарроҳии дентал, эндоурология ва сангшиканӣ (литотрипсия), тасҳеҳи лазерии биноӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ҳангоми наздикбинӣ, дурбинӣ, астигматизм, пребиопсия, кератоконус ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Мавриди истифода қарор додани бахшҳои осебшиносӣ ва раддодӣ дар тибби хусусӣ, имконияти ивазкунии буғуму косу рон, рон ва зону дар якҷоягӣ фароҳам оварда шуда, аз ин роҳ беморон аз маъюбӣ раҳо дода мешаванд. Инчунин Плазмоферези мембранӣ дар ҳолатҳои таъҷилӣ-ҷарроҳӣ, норасоии фаъолияти ҷигар, шуш, гурда, гепатитҳои вирусии музмини В,С,Д,Е,F ва бемориҳои музмини аутоимунӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ва Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии саломатии кӯдакон таъсис дода шуд.
Дар давраи истиқлолият дар натиҷаи татбиқи барномаҳои соҳавӣ нишондодҳои фавти модарон ва кӯдакон ду баробар кам гардида, ҳамзамон синни миёнаи умри одамон аз 69,4 дар соли 1990 то 71,2 дар соли 2009 зиёд гардид.
Дар ин давра ба хотири рушди тибби оилавӣ, ҷиҳати сари вақт расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва баланд бардоштани омодагии мутахассисон Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, 3 маркази вилоятӣ ва 10 маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ таъсис дода шуд. Ҳоло дар кишвар дар маҷмӯъ 2,2 ҳазор табиб ва 2,6 ҳазор ҳамшираи тибби оилавӣ ҳамчун мутахассис омода карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки дар 20 соли истиқлолият маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоби миёна аз 3 сомонӣ ба 332 сомонӣ расонида шуд. Буҷети соҳаи тандурустӣ аз 1,035 ҳазор сомонӣ ба 592,751 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин 573 баробар зиёд аст. Ин ҳама иқдомот ва дастовардҳо дар маҷмӯъ барои барқарор намудани зерсохтор ва беҳбуд бахшидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои соҳа мусоидат хоҳанд кард

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)