Ҷумъа, Сентябр 30, 2022

ТАШАККУЛ ВА ТАҲАВВУЛИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Сентябр, 2022 - 05:34

(дар асоси маводи китоби Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”)
Раҳматуллозода Сахидод, Ҷамолиддин Саидзода
Кумитаи забон ва истилоҳот
Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ

Забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмуи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрӯз нигаҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад. «Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад»[7, 5].
Боиси хушҳолист, ки китоби дувуми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» (Забон ва замон), ки соли 2020 ба нашр расид, пурмуҳтавотарин асар перомуни забону адаб ва таърихи халқи тоҷик аз ибтидои асри ХIII то ибтидои асри ХХ буда, муштамил бар сарсухан, ҳафт боб, хулоса ва китобнома мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА АЗАМАТ ВА ШУКӮҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Сентябр, 2022 - 06:15

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз, аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард. Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамадуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Ин забон аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ буд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон, дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба олами башар муаррифӣ кард.
Забони тоҷикии дарӣ, ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи Абрешим хизмат намуда, он рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ ба дӯш доранд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ - МАҶАЛЛАИ ИЛМӢ-ОММАВӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Сентябр, 2022 - 06:51

Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад.
Матни мукаммали маводи чопӣ дар сомонаи расмии Кумита ҷойгир карда шудааст (www.kumitaizabon.tj).
Забон ва истилоҳот: маҷаллаи илмӣ-оммавӣ. – 2021. – № 1 (1). ISSN 2957-6741.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Шаҳодатномаи №177/МҶ-97     аз 08.02.2021.
Нишонии маҷалла: 734013, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25
Сомонаи маҷалла: www.istilohot.tj
E-mail: kumitaizabon@mail.ru
Тел.: (+992 37) 227-59-38

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)