Чоршанбе, Март 20, 2024

Мизи мудаввар дар мавзуи «Наврӯз – рамзи тамаддуни миллӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2024 - 15:33

Дар таърихи 19-уми марти соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам бо иштироки кормандони Кумита мизи мудаввар дар мавзуи «Наврӯз – рамзи тамаддуни миллӣ» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави ормонҳои нусратбахши Истиқлоли давлатиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хосса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид, ба унвони фарҳанги миллати тоҷик ҷаҳонӣ шуд.
Басо рамзист, ки имсол низ Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама рангорангиву руҳи зиндагисозаш ва пайку муждаҳои баҳорӣ фаро расида, чун сароғози ҳаёти нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ҳар яки моро барои расидан ба ҳадафу ниятҳои некамон ҳидоят менамояд. Бигзор, Наврӯзи бостонӣ ва баҳори нозанин барои мардуми Тоҷикистони азиз фаровониву ободӣ, шодиву нишот ва дастовардҳои беназир оварад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2024 - 17:35

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.

Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд.

Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)