Чоршанбе, Май 29, 2024

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Май, 2024 - 15:33

Баргузории мизи мудаввар дар мавзуи «Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллӣ»

     Рӯзи 29-уми майи соли 2024 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизи мудаввар дар мавзуи «Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллӣ» бо иштироки бонувони Кумита баргузор гардид.                                                                                      
     Раиси шурои занони Кумита Фарҳодова С.А. чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Чунки либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: «Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад? » .Мардуми моро дар навбати аввал аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд.
     Аз ин рӯ, мо занону бонувон бояд ба тақлидкориву бегонапарастӣ роҳ надиҳем, чунки миллати тоҷик унсурҳои миллии хоси худро дорад. Ба бар намудани либоси миллӣ аз кас маҳорат ва маърифату фарҳанги хосро талаб мекунад.
     Сипас иштирокдорони чорабинӣ ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, ташвиқу таблиғи либоси миллӣ – атласу адрас, чакан, зебову шинам будани либоси миллӣ, шарҳу тавзеҳи вожаи чакан дар асоси фарҳангномаҳо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо ибрози андеша намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)