БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА КИШТИ КАРТОШКА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Июн, 2024 - 13:51

6-уми июни соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон, Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос, муовини Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Аҳмадҷон Идиев ва мушовири Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар ноҳияи Тоҷикобод аз рафти сохтмони биноҳои Қасри фарҳанг, Ҷамоати деҳоти Зарафшон, Маҷмааи савдо ва беморхонаи сироятӣ дидан намуданд.
Зимни боздид ба сохтмончиён ва масъулони он ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода супоридани иншоотҳои болозикр дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Инчунин бо мақсади самарнок истифода намудани ҳар як ваҷаб хоки замин, таъмини нақшаи кишти картошка ва руёнидани ҳосили баланд бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва деҳқонон суҳбати сарироҳӣ доир гардида, қайд намуданд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид кишти картошка ва дигар зироатҳо тезтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: