Шанбе, Сентябр 28, 2024

Баргузории конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Забони модарӣ-асоси рушди устувор, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Сентябр, 2024 - 14:30

Дар доираи амалисозии Нақша – чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардидааст, дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забони модарӣ-асоси рушди устувор, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ” бо ташаббуси роҳбарияти вазорати мазкур рӯзи 27.09.2024 баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Раҳматуллозода Сахидод иштирок ва таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» роҷеъ ба дастовардҳои замони Истиқлол дар самти сиёсати давлатии забон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши илмӣ ироа намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

Иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои сиёсии «Зан- сарвар» дар Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Сентябр, 2024 - 16:14

Рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои курсҳои сиёсии «Зан-сарвар» дар Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар мавзуи «Забон ва Истиқлол» дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори курси таълимӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Муҳаммадҷонзода Олимҷон иштирок ва таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон дар даврони Истиқлол» роҷеъ ба дастовардҳои замони Истиқлол дар самти сиёсати давлатии забон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши илмӣ ироа намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)