Панҷшанбе, Март 6, 2025

8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Март, 2025 - 18:26

     Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон Мақому манзалати волои Модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият сабаб гардид, ки Модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Ин суханон зимни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон”, ки дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, баён шуданд.
     Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода изҳор намуд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои Модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. «Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз занони меҳрубон вобастагии калон дорад»,-афзуд Раиси Кумита. Таъкид гардид, ки нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад