Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бисту ҳашт сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Ваҳдати миллӣ дар ҳалқаи давлатҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати Президенти Тоҷикистон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Чунин иброз намудааст Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.
— Имрӯз каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.
Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолии мамлакат паси сар монд. Санаи бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст.