Сешанбе, Декабр 23, 2025

Иқдомоти бесобиқаи фарҳангӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Декабр, 2025 - 15:51

Раҳматуллозода Сахидод
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 16.12.2025 пешниҳод шуд, ҳаёти воқеии моро инъикос карда, масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар ташаккули зеҳнии миллати тоҷик солиёни дароз таъсир хоҳад расонд. Таҳлилу баррасиҳо, муқоисаю муқобалаҳои ҳаёти иқтисодии кишвар, роҳҳои ҳалли маосили мубрами сиёсию иқтисодӣ, изҳороти муҳим дар самти нақши ҷавонон, занону модарон, мутахассисону коршиносон, донишомӯзону муҳассилин, ходимони ҷамъиятию динӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа аз огоҳии комили вазъ дарак медиҳад. Суханони пурлатофату бомуҳаббати Президенти кишвар нисбат мардум ва пешниҳоду тавсияҳои муфид дар самти некуаҳволии халқ аз ғамхориҳои бесобиқаи Ҷаноби олӣ дарак медиҳад.
Агар ба нуктаҳои дар паёми ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироашуда дақиқ назар андозем, зуд дармеёбем, ки ба тақдири баланди миллатамон ба изни Худованд шахсе сарвари ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳар фарди ҷомеаро дӯст медорад ва барои чун гаҳвараки чашм ҳифз намудани онон талош меварзад. Ман аз таҷрибаи кор бо ҷомеа бо қаноатмандию дилпурӣ гуфта метавонам, ки ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон ва неруҳои пешвафтаю солимфикрӣ хориҷи кишвар низ сарвари маҳбуби моро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд, зеро порча-порча суханони пурҳикмати панду ахлоқии эшонро дар саҳифаҳои интернетии худ мегузоранд ва аз онҳо лаззати маънавӣ мебаранд. Ин аст, ки аз доштани ин ганҷи бебаҳои миллӣ ифтихор мекунем ва дар навбати худ барои заҳматҳою ғамхориҳои падаронаашон нисбат ба ҷомеа сари таъзим фурӯд меорем.
Паёми имсола бо пешниҳодҳои ниҳоят муҳим дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон фарқ мекунад. Пешвои миллат барҳақ изҳор медорад, ки ҳастии миллат ва бақои давлати тоҷикон ба муносибати мо нисбат арзишҳои миллӣ вобаста аст. Дар сурате мо метавонем арзишҳои миллаамонро ҳифзу нигаҳдорӣ намоем, ки маорифи пурқувват дошта бошем ва ҷиҳати аз бар кардани  илму дониш талош варзем ва барои дур будан аз ҷаҳолату хурофот имконоти зеҳнии худро сафарбар созем. Дар ҳамаи давру замон хурофот ва нодонӣ садди роҳи тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ шуда, башариятро ба марзи сарбастаю номаълум  бурдааст.   

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад