ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САХИДОД РАҲМАТУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ 2026
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгориро таманно дорам.
Соли 2025 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро, дар ин соли мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, бо ба истифодадиҳии садҳо иншоотҳои хурду бузург ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури корӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ маҳсуб гардида, эълон шудани соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид, ки ба пешрафту тараққиёти иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Даромад
Харита
Тамос







Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
