«Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Май, 2020 - 11:11
О. МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати эҷодии рӯзнома изҳори сипос намуда, дар ҷавоб ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода, ки таҳти унвони «Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», №85 (4133) 29 феврали соли 2020 нашр гардида буд, матлаби зеро ирсол менамояд

Муаллиф барҳақ қайд кардааст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар заминаи меъёрҳои комилан дурусти илмӣ таҳия карда шаванд, зеро ин ба манфиати кулли ҷомеа — ҳар як забономӯзу коргузор аст ва дар роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҳақиқат, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо, ки шакли хаттии он дар забони адабӣ тавассути имло ифода меёбад, ба рушди забон мусоидат намуда, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Зеро, агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсир расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал ворид месозад. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки
барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Аз ин рӯ, аксар пешниҳоди дар ин раванд манзурнамудаи муаллиф қобили дастгирӣ мебошанд. Чунин мушкилоти ҷойдошта дар таҳияи нави Қоидаҳои имло ҳатман ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Кумита бо мақсади татбиқи банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дас­туру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, инчунин, иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2020, №25254/26-5 лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро
тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва якҷо бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Тазаккур бояд дод, ки гурӯҳи кории назди кумита лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Кумита баъд аз пешниҳоди хулосаҳои мақомоти марбута лоиҳаҳои мазкурро такмил дода, қисми зиёди пешниҳодҳоро ба назар гирифт.

Дар баробари он ки пешниҳодоти зиёди муаллифро гурӯҳи кории кумита оид ба такмили лоиҳаи Қоидаҳои имло пазируфтааст, ҳамчунин, гурӯҳи кории кумита қисме аз пешниҳодоти муаллифро қобили қабул намешуморад.

Дар ин радиф, вобаста ба мушкилот ва пешниҳодоти муаллиф оид ба имлои у ва ӯ
(у-и дароз) зикр мекунем, ки дар лоиҳа меъёрҳои навишти он дақиқ оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар иртибот нисбат ба корбурди ҳарфи «ӯ» ва «у», ки дар лоиҳа пурра ва дуруст нишон дода мешаванд. Яъне, ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар байни калимаҳои аслии тоҷикии навъи рӯз, гӯш, гӯшт, дӯш, дӯст, зӯр, кӯр, кӯза, мӯза, рӯза, сӯзан, шӯрбо, Наврӯз ва ғ.;

- дар анҷоми калима маъмулан пеш аз ҳарфи й: бӯй, рӯй, ҷӯй, мӯй, сӯй, кӯй ва ғайра;

- дар калимаҳои тоҷикии навъи кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, пажӯҳиш, сутӯҳ, андӯҳ, анбӯҳ, гурӯҳ, шукӯҳ;

- дар ҳиҷоҳои дуюми навъи зери калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: макрӯҳ, маҷрӯҳ, мавзӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, вузӯъ, вуқӯъ, тулӯъ, руҷӯъ, шурӯъ, рукӯъ, лӯълӯъ ва ғайра.

Боқимонда калимаҳои марбут ба ин ҳарф навишташаванда дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба танзим дароварда мешаванд, ки он баъди тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия ва нашр хоҳад шуд. Зикр бояд кард, ки истиснои калимаҳои тоҷикӣ дар банди мазкур (мушаххасан) оварда, ба тариқи истисно калимаҳои Суҳроб, куҳна\\куҳан, нуҳ бо ҳарфи «у» оварда
шуда, мувофиқи меъёри собитшуда тарзи дурусти навишти калимаҳо дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» оварда хоҳад шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки минбаъд, имлои чунин калимаҳо, на он тавре ки муаллиф мепиндорад («… калимаҳои муъмин, муъзин,…, ки таърихан бо ҳамза навишта мешаванд,
бо у-и кӯтоҳ ва ҳамчунин, калимаҳои муҳра, муҳлат, муҳр, шуҳрат низ бо у навишта мешаванд, ки то ҳол дар зеҳн намешинад. Ин калимаҳоро то ҳол дил намехоҳад бе ӯ-и дароз навишт».), балки дар асоси меъёрҳои илмии таърихӣ навишта мешаванд.

Дар мушаввашхотирии муаллиф, ки ҷиҳати духӯрагии номи ашхос ҳолати фонологӣ вайрон шудаву калима маънои луғавии дигар пайдо мекунад, гуфтааст, ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016, №325 «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ карда шудааст, ки тарзи дурусти ҳар як ном минбаъд тибқи он навиштаву корбурд
мешавад.

Ҳамчунин, муаллиф пешниҳод кардааст, ки дар калимаҳои арабӣ, аз қабили маориф, таом, тоат, шуҷоат…
миёни ду садонок ҳарфи Ъ гузоштаву навишта шавад. Боиси тазаккур аст, ки чунин калимаҳои арабии тоҷикишуда, на айнан бо талаффузи арабӣ, балки бо савтиёти забони тоҷикӣ дар Қоидаҳои имло қабул карда мешаванд. Метавон аз дастхатҳои суғдии кӯҳи Муғ сабақ омӯхт, ки дар онҳо калимаҳои арабӣ барои мисол — Ъумар, ё Ъориф не, балки дар шакли Умар ва ё Ориф навишта шудаанд, яъне савтиёти забони суғдӣ дар ин ҷо риоя гардидааст, ки ҳамин услуб дар забони имрӯзаи тоҷикӣ низ бояд риоя карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» имлои ташдиди калимаҳо низ мушаххасан нишон дода, тарзи дурусти номҳои арабии бо артикли «-ал» навишташавандаву ташдидгиранда низ оварда шудаанд. Боиси зикр аст, ки калимаҳои аз қабили оббоз, ёддошт, поккирдор ва ғайра на ташдиддоранд, балки онҳо бо калимасозӣ сохта шудаанду дар имлои хатти классикиашон низ ҷудогона – об+боз, ёд+дошт, пок+кирдор калимасозӣ шудаанд ва ин ҳодиса ба ташдид дахле надорад.

Дар бобати эроди муаллиф ҷиҳати номгузории сохторҳо, аз ҷумла, «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаминро зикр мекунем, ки кумита дар ин масъала номи тамоми вазорату идораҳо ва дигар мақомотро низ баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард. Ҳалли ин кор дар нақшаи дурнамои кумита ҷой дода шудааст.

Ҳамин тариқ, кумита лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар ҳамкорӣ бо Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод менамояд, ки он дар рушди
минбаъда ва густариши забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

О. МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)