Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои ҳизбро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, бо саҳмгузорӣ барои рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аз 11-уми августи соли 2020, №3 13-уми августи соли 2020 ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо иштироки роҳбарият, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, кормандон аъзоёни ҳизб ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода баргузор намуд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокротии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуданд.
Дар анҷом барои иштирок дар конференсияи ХXXI ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вакилон аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
ш. Душанбе