Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:39

Моддаи 22. Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:

  • доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;
  • агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;
  • эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;
  • надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад;
  • бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ӯ ба мансабҳое, ки онро хешовандони  ӯ ишғол кардаанд;
  • дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;
  • мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Мамониатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба мансабҳои ташкилоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, татбиқ карда мешавад.
 Дар сурати риоя накардани мамониати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, қарори ба мансаб таъин ё интихоб шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор, дастури хаттӣ ё пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё бо ташаббуси худи мақомоти қарорро қабулкарда ё мақомоти болоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)