Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт.
Таърих гувоҳ аст, ки занон – модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.
Дар ин фасли зебои сол – баҳор дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми маърака (аксия)-и “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.
Занону бонувони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар баробари занону бонувони дигар вазорату идораҳо рӯзи 4-уми апрели соли 2024 дар маърака (аксия)-и “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона иштирок намуданд.
Зеро ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллии тоҷикона, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, барои ҳар як зан – бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.
Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад?”.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа баъзе аз занону духтарон ба фарҳанги бегона тақлид намуда, либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷик бегонаро ба бар мекунанд, ки чунин рафтори онҳо қобили қабул намебошад. Чунки мардуми моро дар навбати аввал аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд. Аз ин рӯ, мо занону бонувон бояд ба тақлидкориву бегонапарастӣ роҳ надиҳем, чунки миллати тоҷик унсурҳои миллии хоси худро дорад. Ба бар намудани либоси миллӣ аз кас маҳорат ва маърифату фарҳанги хосро талаб мекунад.
Бояд зикр намуд, ки баробари фарорасии фасли зебои баҳор аз ҷониби занону духтарон талабот ба либосҳои миллӣ, аз ҷумла, чакан ва атласу адрас хеле зиёд мешавад, ки ин, албатта, бесабаб нест. Зеро ба бар намудани либоси миллӣ бо нақшҳои зебо ва гуногунрангии худ ба ҳусни худододи занону духтарони тоҷик ҳусни дигар зам намуда, ҳисси зебоипарастӣ ва табъи хушу болидаи бонуи тоҷикро боз ҳам меафзояд. Либос зеби одам мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “одаму либос, хонаву палос”.
Сол то соҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар дорем. Ҳангоме ки дар бораи либоси миллӣ сухан меравад, занону духтарони атласу адрас ва чаканпӯши зебои тоҷик бо тасвиру рангҳои дилкаши либоси худ, анъанаҳои фарҳанги миллии моро пеши назарамон ҷилвагар менамояд. Анъанаҳои фарҳанги миллии мо зиёд буда, онҳо бо хусусияту моҳияти хоси худ, таърихи офариниш ва ривоҷу равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, моҳи ноябри соли 2018 он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Либоси миллии дигари халқи тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас истеҳсол шуда, бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳои миллӣ либоси миллӣ медӯзанд. Либоси миллии мо шинаму дилкаш буда, он пурра метавонанд ба талаботи замона мувофиқат кунад.
Халқи тоҷик, воқеан ҳам либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.
Мо дар ин раванд бояд, ки кулоҳу каллапӯшҳои миллӣ (мардона ва занона) ва рӯймолҳоро низ дар сурати ба бар кардани сарулибоси миллӣ тарғиб намоем, ки ин ҳам худ як ҷузъи ҷолиби либоси миллии мосту муаррификунандаи миллат миёни мардумони олам мебошад.
Маҳз, мо – модарон, вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоем.
Фарҳодова Сарвбону – раиси шурои занони Кумитаи
забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон