МАЪЛУМОТНОМА - Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2023 - 11:11

Мансурӣ Ш.Ҷ., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ…
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода – 6 январи соли 1982 дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Хонақои Куҳии шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.
Соли 1999 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2004 бо дипломи аъло хатм намудааст.
Соли 2005 ба шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси унвонҷӯ дохил шуда, онро соли 2021 хатм намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
Соли 2008 ба шуъбаи ғоибонаи факултети баҳисобгирӣ ва молияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2008 бо дипломи аъло хатм намудаст.
Соли 2015 дар магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро соли 2016 бо дипломи аъло хатм кардааст.
Солҳои 2005-2008 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ, баъдан мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Аз соли 2008 то соли 2017 омӯзгори кафедраи молия ва қарз дар КАС-и факултети баҳисобгирӣ ва молияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур кор кардааст.
Солҳои 2009-2010 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2010-2018 дар вазифаи сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2018-2019 ба ҳайси омӯзгори фанҳои «Асосҳои ҳуқуқ ва ҳуқуқи сарварӣ» ва «Асосҳои иқтисодӣ ва хоҷагидории сарварӣ» ба тариқи соатбай дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон «Сарвар» фаъолият намудааст.
Солҳои 2018-2020 дар вазифаи сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2021 то ҳол дар вазифаи омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2010, №470 таъйин гардида, фаъолият менамояд. Ҳамзамон, аз соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Меҳргон №29 интихоб гардида, раиси Комиссияи қонуният ва тартиботи ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор мебошад.
Соҳиби унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ буда, дотсент мебошад.
Масъалаҳои вобаста ба танзими ҳуқуқии иҷрои уҳдадориҳои пулӣ дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои пулӣ мавзуъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд.
Соли 2021 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Иҷрои уҳдадориҳои пулӣ» ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2022, №2 ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шудааст.
Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи сармоягузорӣ, ҳуқуқи рақобат ва танзими ҳуқуқии бозорои коғазҳои қимматнок дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегузарад. Муаллифи беш аз 115 мақолаҳои илмию оммавӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва баромад намудааст.
Дар давраи фаъолияташ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ ва идоракунии давлатиро таҳия намудааст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аз 30 июни соли 2021, №268, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 2 марти соли 2023, №83 ва ғайра тасдиқ карда шудаанд.
Барои хизматҳои шоёнаш, фаъолияти пурсамараш дар идоракунии давлатӣ, эҷоди асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, монографияҳо, тафсири қонунҳо, мақолаҳои илмӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023, №618 бо Медали Хизмати Шоиста, бо медали 90-солагии адлияи Тоҷикистон, бо медали аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуда, бо рутбаи тахассусии «Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1», бо Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, бо Ифтихорномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаи раиси мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, бо Ифтихорномаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Ӯ ҳамҷун корманди собиқадори соҳаи идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷомеа обрӯю эътибори хоса дошта, беш аз 19 сол собиқаи илмию омӯзгорӣ ва идоракунии давлатӣ дорад. Оиладор соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)