Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Октябр, 2017 - 11:15
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомнома
Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

3. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад:
дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) - доимӣ;

дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, гузаронда мешаванд - дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис;
дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ - дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, - мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар биноҳои раъйдиҳӣ - дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ;
дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ;
дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.

4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.

5. Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад.
Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани парчам ҳангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чубдаста хам карда мешавад.

6. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад.

7. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳурматӣ содир нашавад.

8. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онҳо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.

9. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

10. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов

ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 892

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Замима: