«Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» (бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2020 - 11:33
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Имрӯз 23-юми ноябри соли 2020, соати 09:00 тибқи Нақша-чорабиниҳо дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
       Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
       Ҳозирини гиромӣ! Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
       Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
       Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ѓайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
       Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар Маҳмадёрова Гулҷаҳон – мутахассиси пешбари шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита дар мавзӯи «Парчамат пояна бод, Тоҷикистон», Олимзода Маҳмадёр – ёрдамчии раис дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон» ва Абдулов Ҷамолиддин – мутахассиси бойгонӣ дар мавзӯи «Парчам – рамзи Истиқлолият» маърӯзаҳои худро қироат намуданд.
       Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, муовини раис – Раҳматуллозода С. ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.
Мизи мудавварро дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита, доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.


Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: