ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехтаанд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст. Дар робита ба ин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:
Забон ва адабиёти тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.
Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз милод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони тоҷикии бостон ба даст омадаанд, ба асри VI пеш аз милод рост меоянд.
Аз он вақт инҷониб забони тоҷикӣ ҳамчун меросбари забони порсии қадим ва фарҳанги ориёӣ ҳамеша ҳаракати динамикии худро идома дода, аз рӯйдодҳои мухталиф бехатар мегузарад.
Забони тоҷикӣ яке аз камтарин ва нодиртарин забонҳои ҷомеаи ҷаҳонист, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳаввулу тағйирот аст. Ин аст, ки масалан, имрӯз, ҳазору сад сол пас аз вафоти Рӯдакӣ аксари мардуми тоҷикзабону форсидон метавонанд ашъори ӯро хонанд ва дарк кунанд.
Аммо, дар ин маврид аксари забонҳоеро медонем, ки ба дараҷае ба тағйирот ва таҳаввулот дучор шудаанд, ки ба ҷуз аз мутахассисон, дигар гӯяндагон ва ё меросбарони онҳо матнҳои қадимиро хонда ва дарк карда наметавонанд ва ё соҳибзабонони он матнҳои дусад ва сад соли пешин иншошудаи адабиёташонро тавассути тарҷума мехонанд ва ё умуман намефаҳманд.
Боигарии адабиёти дарии тоҷикӣ аз ҷиҳати миқдор ҳам хеле назаррас ва маълум аст, ба монанди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шаст ҳазор байт, шумораи умумии ашъори Аттор беш аз сад ҳазор байт, «Маснавии маънавӣ» ва лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ беш аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд.
Ин ҳаҷми бузурги адабиёт ба шоирони муосир низ дахл дорад ва донистани он кофист, ки аз ҳазор шоире, ки номҳо ва нишонаҳояшон дар давраи Сафавӣ боқӣ мондааст, танҳо девони Соиби Табрезӣ беш аз саду бист ҳазор байт дорад. Бойигарии забон ва адабиёти тоҷикӣ аз ҷиҳати сифат низ хеле назаррас аст. Имрӯзҳо осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Балхӣ ва Ҳофиз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва ба адабиёти бисёр кишварҳо таъсир расонидаанд.
Бисёре аз мафҳумҳо дар мероси гаронбаҳои забон ва адабиёти дарии тоҷикӣ имрӯз ҳамчун принсипҳо ва арзишҳои пазируфтаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, сулҳ, муҳаббат ва дӯстӣ даъват менамояд. Ва ё Саъдӣ дар асарҳои худ таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ дорад ва новобаста аз мансубият ба кадом қавму миллат, нажод ва ранг, инсонҳоро узвҳои як пайкар мешуморад. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки онро «бузургтарин ҳамосаи маънавии башарият» унвон мекунанд, дар ҷаҳон маъруфу машҳур аст.
Таъсири амиқи ирфонӣ ва ахлоқии ин асари гаронбаҳо инсонияти моддии имрӯзаро ба муҳаббат ва арзишҳои аслии инсонӣ даъват мекунад ва он солҳои тӯлонӣ яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар ИМА ба шумор меравад.
Зиёда аз ин, осори Балхиро ҷаҳон торафт бештару беҳтар истиқбол мекунад. Тавре олими маъруфи англис Рейнолд Николсон навиштааст, «мардуми Ғарб тадриҷан бо қудрату тавоноии нобиғаи Машриқзамин ошноӣ пайдо мекунанд ва ӯ метавонад манбаи илҳом ва шодмонӣ бошад, ки дар адабиёт ягон шоире дар ҷаҳон дар ин маврид аз ӯ пеш гузашта натавонистааст».
Ба андешаи муҳаққиқон, осори Умари Хайём пас аз асарҳои Александр Пушкин дар Русия серхонандатарин китоб ба шумор меравад.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ин маврид ба чанд нуктаи ҷолиб ишора карда мегӯяд, ки «ман Хайёмро ҳар саҳар пеш аз оғози рӯзи корӣ мехонам ва ба мансабдорон ва роҳбарони масъул маслиҳат медиҳам, ки ҳар гоҳе ки ба мушкилие дучор оянд, ба ашъори Хайём муроҷиат кунанд, зеро муаррифии масъалаҳои муҳими ҳаёт ва марг аз ҷониби ин мутафаккир ба одамон умеди зиндагӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад».
Чунин андешаҳоро доир ба осори Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирони дараҷаи аввали адабиёти тоҷикӣ низ овардан мумкин аст.
Аз ин рӯ, ин даллеҳо бояд ҳамчун имконоти эҳтимолии забон ва адабиёти тоҷикӣ дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ истифода шаванд.
Матнҳои бадеии ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ дастрас хеле гуногунанд. Ба тарзе, ки онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонанд ба манфиатҳо ва завқҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон посух диҳанд.
Дар таърихи адабиёти тоҷикӣ метавон ҳам намунаҳои барҷастаи осори эпикӣ ва ҳам намунаҳои тозаи адабиёти лирикӣ ва таълимиро пайдо кард, ки барои муаррифии ҷанбаҳои ахлоқию башардӯстии фарҳанги тоҷикӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ зарур бошанд.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ азбаски мо бо миллатҳои мухталиф, ҷуғрофия, таърих ва фарҳангҳои гуногунранг сарукор дорем, мо бояд осори адабии худро дар мавридҳои зарурӣ хуб истифода кунем.
Тавре ки ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ барои миллатҳои гуногуни ҷаҳон маҳсулоти гуногун пешниҳод мекунанд, мо низ бояд дар кишварҳои гуногун ба ҷанбаҳое таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, ки тибқи фарҳанги он кишвар бештар ҷазб карда шаванд ва онҳоро бештар истиқбол гиранду пазируфта шаванд.
Аз ин рӯ, дар ин росто нақши коршиносони фарҳангӣ дар муайян кардани завқи адабии мардум дар кишварҳои мухталиф хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар соҳаи мубодилаи байналмилалӣ ва махсусан мубодилаи фарҳангӣ воситаҳои иртиботӣ нақши муҳим ва бориз доранд. Дар ҳоле ки имрӯз ҳатто барои роҳандозии муваффақонаи маҳсулоти моддӣ, мо бояд муоширати дуруст дошта бошем, надонистани забонҳои байналмилалӣ метавонад сустии назаррасе дар муаррифӣ кардани иқтидори фарҳанг дар раванди ҷаҳонишавӣ бошад.
Омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо на камтар аз чоряки аҳолии ҷаҳон метавонанд бо забони англисӣ озодона ҳарф зананд. Ва ин таносуб дар мавриди зиёиён ва шахсиятҳои фарҳангӣ табиатан баландтар аст.
Аммо бо вуҷуди талошҳо дар кишвар ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки аксарияти хатмкунандагони ихтисосҳои забоншиносӣ ва тарҷумонӣ дониши кофии забони хориҷиро надоранд.
Аз ин лиҳоз, агар хоҳем, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷои сазовори фарҳанг ва мақоми сазовори тамаддуни худро дошта бошем, бояд барои омӯхтани забонҳои байналмилалӣ кӯшиши зиёдтаре ба харҷ диҳем.
Гарчанде ки дар самти азхудкунии интернет ва технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ мушкилот камтар ба назар мерасад, ин масъала ба баъзе мутахассисон, шоирон ва нависандагони калонсол иртибот мегирад.
Чунин ба назар мерасад, ки ин мушкилоти иртиботӣ боис шудааст, ки осори шоирону нависандагони кишвари мо дар ҷаҳон ба таври бояду шояд муаррифӣ нашавад.
Илова ба ин, надоштани сатҳи хуби азхудкунии компютер ва Интернет бинобар мубодилаи фаврии иттилоотӣ ва истеҳсолоти илм дар саросари ҷаҳон мо дар ин масъала каме қафо мемонем. Зеро назарияҳои нави лингвистӣ ва адабию фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон ҳамарӯза муаррифӣ мешаванд ва аз ҷониби мутахассисони тамоми ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.
Ҳамрадиф бо ин мушкилот надонистани забонҳои муоширати байналмилалӣ, аз қабили англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва камбудӣ дар истифодаи воситаҳои рақамӣ ду ҷанбаи гуногуни як масъалаи забон ва адабиёти тоҷикӣ ва шохиси ҳувияти фарҳангии мо дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), саводомӯзӣ барои саводнокии асри 21 силсилаи таҳсилотро дар бар мегирад, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ, инкишоф додани дониш ва иқтидори худ ва иштирок дар он мусоидат мекунад.
Аҳамияти ин масъала аз он иборат аст, ки ЮНЕСКО мафҳумҳое, аз қабили саводнокии компютерӣ, саводнокии расонаӣ, саводнокии технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботиро дар мадди аввал гузоштааст.
Дар ин замина, мо бояд бобати ҳалли масоили мазкур тавассути таҳқиқ, омӯзиш ва тарҷумаи осори фарҳангӣ ва ҳамзамон, ҳалли мушкилоти мавҷудаи ин соҳа тадбирҳои муассир андешем. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ ба ин восита мо метавонем на танҳо аз таъриху фарҳанги мардумони дигар кишварҳо баҳравар шавем, балки тариқи тарҷума фарҳанги миллӣ ва адабиёти тоҷикиро ба ҷаҳониён ва доираи фарохи хонандагон пешниҳод намоем.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»