Санг бар об задам оҳ,оҳ,оҳ… бигуфт

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Июл, 2017 - 12:30
Санг бар об задам оҳ,оҳ,оҳ… бигуфт

Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин хабар дар қатори он хабарҳои некест, ки тоҷику тоҷикистониёнро хушҳол гардонид. Ин мулк ва ин сарзаминро бори дигар ба ҷаҳониён ҳамчун як кишвари обод, озод ва сулҳофару ободкор дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Ҳар қадами устувор ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хирадмандӣ ва фарзонагии ин Сарвари оқилу доно буда, ҷаҳониёнро аз гузаштаи дури таърихӣ ва фарҳанги пурғановати ин миллати барӯманд ҳушдор медиҳад.

Ҳанӯз ниёгони хирадманд, оқилу доно ва некназари мо ба об ҳамчун ба яке аз неъматҳои осмонӣ саҷда мекарданд, арҷ мегузоштанд ва эҳсоси шукргузориро ба ҷо меоварданд. Ниёгони баруманди тоҷик, ки дар гузашта онҳоро Суғдиён ё Ориёиҳо меномиданд, аз ҷомеаи афсонавӣ ва бедори хеш даъват бар он доштанд, ки табиат бо об ва инсон бо дуо поянда ва некному безавол буда метавонад. Яке аз ҳидоятҳои хурду бузурги миллати некноми мо «об неъмати илоҳист», «дар об туф кардан гуноҳ аст» буд, ки он ҳанӯз дар ҳазораи аввал эҳтиромро нисбат ба об-ин неъмати бебаҳо муайян мекард. Яъне ба софу зулол ва муқаддасу покиза нигоҳ доштани ҳар чашмаву рӯдхона, ҷӯйбору чоҳҳое, ки мардум барои зиндагии тозаву озодаашон аз инҳо истифода мекарданд, даъват менамуданд. Аз ин рӯ об низ яке аз неъматҳои бебаҳои инсонист, ки инсон, замину осмон, наботот ва ҳамаи ҳастиро ба ҳам мепайвандад, нумӯъ мебахшад, табиатро зинда нигоҳ медорад, ё дар ҳолати беэҳтиромӣ бар ӯ замину замонро ба коми худ мебарад, хашм пеш меорад, ғазаб мекунад.

Дар тӯли зиёда аз 6000-соле, ки миллати баруманду бофарҳанг ва арҷманди тоҷик пушти сар кардааст, тохтутозҳои зиёди душманон ин миллату ин ватани биҳиштиро тавонистанд, пора- пора намуда, қисме аз хоки муқаддаси мардуми сарбаландро бо хунрезиҳои зиёд аз худ бикунанд, вале натавонистанд аз вуҷуди онҳо ифтихори милливу ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳиро дур бисозанд.

Ҳар хонаводаи тоҷик имрӯз бо фарзандон, аҳли байт ва хешу ақрабои худ аз тарбияи неки хонаводагии ниёгон ёд карда, ба фарзандон бо ифтихори волои ватандорӣ арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги неки ниёгонро меомӯзанд. Арҷ гузоштан ба об низ аз суннати неки хонаводагӣ буда, он мисли занҷираҳо моро бо гузаштаи дури таърихӣ мепайвандад.

Даъватҳо ва ривоятҳои зиёдеро нисбат ба эҳтироми об ин миллати сарбаланд ба фарзандон мерос гузоштааст.

Аз ҷумла, ҳангоми хушксолӣ омадан мардум дар заминҳои кишт ё майдонҳои назди ҳавлиҳои худ ҷамъ омада, ба осмон муроҷиат мекарданд ва муноҷоткунон месароиданд:

Ашагулони ростина,
Як бор биҷумбон остина.
Гандуми сабз хушк шудаст,
Бар мо бирезун боруна.

Ё худ ҳангоми гусели меҳмонҳо аз хона, ё фарзандон ба роҳи дур ба хотири барори кор ва саломат расидан то манзил аз пушти онҳо об мепошанд, зеро об рамзи покӣ ва рӯшноист. Ҳангоми ҷашни Наврӯзи оламафрӯз низ бо муҳаббат ва эҳсоси шодмонӣ пиру ҷавон ба ҳам об мепошанд ва Наврӯзро шодбош мегӯянд, ки ин ҳам эҳтиром нисбат ба об чун яке аз мӯъҷизаҳои нотакрори табиат аст.

Офаридгор осмону заминро офарид ва ба ҳар мавҷуди рӯи олам ҷон ба амонат супорида, дар вуҷуди он кинаву адоват, меҳру муҳаббат, садоқату вафо, эҳсоси некиву бадиро ҷой дод. Зинда мондани табиат, ки зиннати замину замон аст, ба об пайвастагии хосе дошта, барои пойдории осмони софу ҳавои беғубор, замини гул-гулшукуфону боғҳои ҳамешасабз асос мегузорад.

Модари бузургворам ҳангоми тарбияи хонаводагӣ ба мо фарзандон аз муқаддасоти ба мерос мондаи ниёгон ривоят мекарданду мегуфтанд, ки фарзандони гиромӣ, дӯст доштани Ватан аз гӯшаи эмондорист, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги ниёгон фарз аст, ифтихор аз миллати хеш дар шараёнҳои хуни ҳар фард ҷо дорад ва он ҳам фарзу ҳам қарз мебошад.

Дар хотир доштан ва риоя кардани урфу одатҳои неки ниёгон вазифаи ҳар кадоми мост.

Аз ҷумла, барои эҳтиром гузоштан ба об ҳангоми онро нӯшидан ҳатман бояд нишаста бинӯшем ва баъдан шукрона бигӯем. Обро аввал хурди хона бояд бинӯшад. Исрофкорӣ ҳаром аст, аз ҷумла исрофи об. Ҳангоми аз чашма оҳувор об нӯшидан бояд баъди шодоб шудан аз чашма чанд қадам дур рафта, баъд хасу хоку хошокеро, ки аз замин ба либосҳои мо часпидааст, биафшонем, зеро дар болои чашмае, ки аз он об нӯшидем, хасу хошок афшонидан, беэҳтиромӣ нисбат ба об-сарчашмаи ҳаёт ба ҳисоб меравад. Об ҳам эҳсос дораду некиро аз бадӣ фарқ мекунад, эҳтиромро аз беэҳтиромӣ дарк менамояд, танҳо об забон надораду халос, иброз медоштанд модарам. Об нафас мекашад, об зиндагиро дӯст медорад ва покизагиро мепарастад. Аз ин рӯ нопокиҳоро бо амри ёри осмониамон танҳо об шуста, аз хонаву дару девори мо тоза мекунад.

Ҳангоме, ки донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе гаштам, ҳар тобистон ба мо иҷозат медоданд, ки дар ҷое кор бикунему то оғози соли нави таҳсил тавонем бо маблағи пайдокарда аз кори тобистонаамон китобу дафтар ва дигар маводи зарурӣ бихарем. Ман низ мисли ҳамсабақҳоям тобистон ба лагери тобистонаи донишгоҳӣ- «Ҳамсафар», ки он дар дараи хушманзари Ромит ҷойгир буд, мерафтам. Танҳо ҳамфикр ва ғамгусорам дар лаҳзаҳои фориғ аз кор соҳили дарё буду навои обшорон. Ҳар шохоб ва мавҷи дарё гӯё ба гӯшам таронаи зебоеро месароид, ки гоҳ бо мавҷи дарё суҳбат мекардаму гоҳе бо шохобчаҳои он рози дил мегуфтам.

Рӯзе дар соҳили дарёи Кофарниҳон нишаста, ёди хонаи бачагӣ, ҳавлии падариам, ёди падару модар, хоҳару бародар ва хотираҳои дигар мекардаму он маро ором намегузошт, сангчаҳоро ба об ҳавола дода, ҳиқ-ҳиқ гиря мекардам, ором намешудам, шояд ғазаб буд ё аз беақлӣ санги калонтареро гирифта, намедонам барои чӣ, ба оби дарё партофтаму аз садои болошудаи об дар ҳайрату лол мондам. Об гўё «о ҳ ҳ ҳ ҳ» гуфт, ки садояш вуҷудамро ларзонд, дилам ба дард омад. Ў гӯё аз ман қаҳр карда бошад, бо як садои гӯшхарош аз канорам мерафт, дигар бо ман ҳамфикр ва ғамгусор набуд. Ҳамон оҳе, ки аз қаъри дарё ба гӯшам расида буд, маро ором намегузошт. Ба ҷои хоб баргаштам. Мисли ҳама ҳамсолону ҳамсабақҳоям ман низ кам- кам шеър мегуфтам. Он садои об гӯё аз домонам кӯдаквор дошта, маломатам мекард, ки ман чӣ гуноҳ кардам ба сарам санги маломат задӣ? Бе ибо навиштам:

Санг бар об задам, оҳҳҳ бигуфт,
Духтари соддаи бедарду алам.
Ман ки шодоб кунам мулки туро,
Мезанӣ санги маломат ба сарам?
Духтари соддаи бедарду алам…

Аз байн солҳо гузаштаанд, соҳили баҳрҳову дарёҳои зиёдеро дидам, аммо дигар ҳаргиз ҳатто сангчаеро ба хотири ба сари об задан ба даст нагирифтам. Ман худро гунаҳкор меҳисобам пеши он оби софу зулоле, ки ташнагии ману азизони маро мешиканад, заминҳои ташналабро шодоб мегардонаду нозу неъмати дастурхони хонаводагии моро ранг мебахшад. Ман узр мепурсам ва кош он рӯдхонаву сарчашмаҳо, чашмаву дарёҳо, баҳрҳову шохобҳо маро бишунаванд ва бо иҷозати пири об гуноҳи маро бубахшанд. Шояд об-мӯъҷиза низ домони маро сар диҳад, зеро мудом гумон дорам, ки он дӯсти домангири ман, ки Об ном дорад, аз ман хеле малол гаштааст. Охир пайванди аввалу охири мо дар рӯи олам об асту халос. Чун чашм ба олами ҳастӣ кушодем, бо шукргузорӣ моро бо об мешӯянду пок мекунанд ва чун ҷон дар лаб дорем, ба мо то лаҳзаҳои охир об мечаконанду баъд боз бо ин мӯъҷизаи осмонӣ мешӯянду ба он ҷое мегузорандамон, ки аз он ҷо сабзидаем. Пас чаро ман аз Об-мӯъҷизаи заминиву осмонӣ узр напурсам, ки маро ин қадар меҳрубон аст? Ҳоқонии Шервонӣ беҳуда нафармудааст:

Зи ҷўе, ки хӯрдӣ аз ӯ оби пок,
Нашояд фикандан бар ӯ сангу хок…

Гавҳар ШАРОФЗОДА,
доктори илми филологӣ

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)