Шоҳасари муаррификунандаи забони миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Октябр, 2021 - 15:55
ШОҲАСАРИ МУАРРИФИКУНАНДАИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ

     Ин нукта мусаллам аст, ки муаррификунандаи ҳар қавму миллат, қабл аз ҳама, фарҳангу маданият ва дастовардҳои маънавии ӯст. Зеро фарҳанг ва маънавият гаронбаҳотарин ва бебаҳотарин мероси миллат ва тамаддун маҳсуб меёбад.
     Ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна, ки давраи ташаккулёбии забони адабии тоҷикӣ буд, одамушшуаро, устод Рӯдакӣ оид ба мақому манзалати илму фарҳанг ва маънавият чунин ишора менамояд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

     Фарҳанг дастоварди фитрии ҷовидонист ва миллате, ки бофарҳанг аст, ҳеҷ гоҳ намемирад ва фарҳангу маънавиёташ ӯро абадан зинда медорад.
Халқи тоҷик аз қадимтарин мардумони бумии тамаддунофар ва фарҳангпарвари башарӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд ва дар дарозои таърих фарҳанги моддию маънавии тоҷикон ва забони тоҷикӣ, ки бебаҳотарин забони илму фарҳанги оламгир аст, аз байн нарафт. Ин халқу миллати тамаддунофар ва фарҳангпарварро маҳз маънавиёти воло ва забону фарҳангаш аз газанди рӯзгор эмин нигоҳ дошт.
Дар даврони миёнаи таърихии забонҳои ҳиндуориёӣ, дар марзҳои Порс, Суғду Бохтар, Хоразм, Порт ва ғайра фарҳангу маънавият ва забони ақвоми ориёӣ, порт, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, марғиёнӣ, бохтарӣ ва дарии тоҷикӣ хеле рушд карданд, ки осори хаттии безаволи он давра то кунун муште аз хирвор боқӣ мондаанд.
     Дар замони Сомониён забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар тамоми Шарқу Ғарби қадим машҳур гашту осори беназири фарҳанги маънавӣ ба забони тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Забонҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир нуфузи бештар доранд (аз диди сиёсӣ ва майдони иқтисодиёт ва бозор) дар оғози асрҳои миёна забони гуфтугӯӣ ва муоширати марзии худ буданд, аммо забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва байналмилалии Шарқи қадим, дар давлатдории Сомониён буд, ки марзҳояш аз Ғарб ба Шарқ тӯл мекашид.
     Забони тоҷикӣ дар тӯли сад соли давлатдории Сомониён ба ҳадде рушд кард, ки ба ин забон гаронбаҳотарин осори хаттӣ ба вуҷуд омад ва ҳамчун забони илму маърифат ва давлату давлатдорӣ рушду тавсиа ёфт, ки дар таърих назир надорад.
     Баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониёни тамаддунофар ва фарҳангпарвар ҳам то нимаи аввали асри 20, яъне зиёда аз 900 сол забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ, забони дипломатия ва давлату давлатдорӣ, забони муоширати байни халқҳои гуногунзабони асрҳо ва замонҳо ва забони байналмилалӣ дар тамоми минтаќаи Шарқ буд.
 Дар оғози даврони шуравӣ абармардони дилогоҳи миллати куҳанбунёди фарҳангпарвари тоҷик ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон зиракии сиёсӣ ва қавмдориву ватанпарвариро аз даст надода, баҳри дифои фарҳанги оламгир ва тамаддуни беназири хеш қалам ба даст гирифта, барои ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастанд.
Аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ нашр гардидани асари «Намунаи адабиёти тоҷик» ва баъдтар аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров таълиф гардидани китоби «Тоҷикон» инқилоби зеҳнӣ ва номуси ватандорӣ буд ва собит намуданд, ки фарҳанги моддиву маънавии ин миллат дар дунё назир надорад ва тоҷикон аз қадимтарин мардумони бумии Осиёи Марказӣ, алалхусус, Мовароуннаҳру Хуросони Бузург маҳсуб меёбанд, ки ин ҳақиқати таърихиро бо доман пўшондан ғайриимкон аст.
     Дар даврони Истиќлол маҳз бо саъю кӯшишҳои абармарди беназири фарҳанг ва сиёсати ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шукўҳ ва азамати тоза пайдо кард. Ин буд, ки забони тоҷикӣ имрӯзҳо ба сифати забони расмии давлатӣ аз баландтарин минбарҳои бонуфузи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, дар Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад.
     Ин ҳама неъматҳоро шукр мебояд кард. Яке аз бузургони адабиёти классикамон Шайх Фаридуддини Аттор мегўяд:

Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад.

     Бо ибтикор ва кӯшишҳои пайгиронаву бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки беҳтарин хидмат барои буду бош ва инкишофи минбаъдаи забони модарии мо – забони тоҷикӣ мебошад.
     Дар баробари он ҳама ташвишҳо ва такопӯҳову заҳматҳои сангини кори давлату давлатдорӣ ва сиёсатмадории даврони пурталотуми муосир кардаистодаи хеш Пешвои муаззами миллат ва Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи силсиласарҳояшон дар арсаи сиёсати давлату давлатдорӣ ва дипломатияи ҷаҳонӣ навиштаи худ дасти ҳиммату матонат ва мардонагиву меҳандорӣ дароз намуда, асари мондагору ҷовидоние бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд, ки дар ду ҷилд ба чоп расид.
     Китоби якуми бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо «Забони миллат – ҳастии миллат» вазъи забони тоҷикиро аз оғози таърихи тоҷикон то давраи ҳуҷуми муғулҳо дар бар мегирад, ки беҳтарин асари мукаммалу муфассал оид ба таърихи забони тоҷикӣ, таъриху фарҳанг ва тамаддуни беш аз 3500-солаи тоҷикон мебошад. Санадҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва далелҳои илмие, ки дар ҳарду ҷилди ин асари мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» оварда шудаанд, комилан нав буда, дар риштаи таърихи забони тоҷикӣ арзишмандтарин асари илмии таҳқиқотӣ ба шумор меравад, ки бо далелу бурҳони таърихан илмию назариявӣ таҳия шудааст.

     Ҷилди дуюми асари мазкур, ки соли 2020 нашр гардид, таърихи густариш ва таҳаввули 700-солаи забони тоҷикиро аз асри 13 то охири асри 20 дар бар мегирад. Дар даврони ҷаҳонишавӣ нашри чунин як асари хеле пурқимату мондагор ва ҷовидонӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин хидмат барои Ватан ва бебаҳотарин асар оид ба забони модарӣ ва таъриху фарҳанг ва адаби тоҷик мебошад. Ва хидмате, ки барои рушду тавсиаи минбаъда ва ҷовидонае, ки Сарвари давлату Ҳукумат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ карданд, назир надорад ва шукргузор бояд бошем, ки Худованд чунин як шахсияти донову фозил, донишманду дурандеш, миллатдӯсту меҳанпарвар, ғамхори халқу миллат ва сиёсатмадори оламшумулро ба мо додааст.
     Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» асари тозанашрест, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлол ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мегардад. Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ, нисбат ба асари лозавол ва бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо - «Забони миллат - ҳастии миллат», ки бо ќалами Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд. Муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ, яъне аҳли зиёи ҷумҳурӣ худ далели он аст, ки асари тозанашри дуҷилдаи мазкур дар ҳавзаи илмии муҳаққиқон ва дар доираи аҳли зиё мақому манзалати беназирро доро мебошад.
     Асари «Забони миллат – ҳастии миллат» дар баробари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бебаҳотарин асари таҳқиқотӣ, бузургтарин сарчашмаи муътамад ва оинаи тамомнамоест, ки дар он таърихи зиёда аз 3500-солаи забон, адабиёт, таърих, фарҳангу тамаддуни тоҷикон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтаанд, ки дастагулест муаттар ба тамоми аҳли зиё, бедордилони кишвару посдорандагони забони модарӣ, фарзандони асили марзу бум ва Модар – Ватан, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии кишварамон.

Насриддинзода Эмомалӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илми ҳуќуќшиносӣ, профессор

 

Барои ба даст овардани китоб, лутфан, ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунед.

+992 (37) 227-59-38
+992 (37) 227-78-29

Почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория: