4 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ”, ки аз соли 2009 ба ин сӯй 5 октябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки “Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуданд.
Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар амал ҷорӣ кардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, инчунин таҳияи лоиҳаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои мамлакат бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ки ҷавонони мо аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд бошанд. Имрӯз Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтааст ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Ин воқеият миёни насли оянда таблиғи забондониро талаб менамояд.
Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барномаи рангини фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод, ки бисёр дилнишин буд.