Навигарӣ

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:46

    Моддаи 1. Дар сархати ёздаҳуми банди 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи рӯзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 237; с. 1998, № 10, мод. 125, № 23-24, мод. 338; с. 1999, № 5, мод. 76; № 12, мод. 308; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 191, мод. 194, мод. 197; с. 2003, № 4, мод. 132; № 8, мод. 449; № 12, мод. 678; с. 2004, № 5, мод. 350; № 12, қ. 1, мод. 697; с. 2005, № 3, мод. 131; № 12, мод. 658; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 9; № 3, мод. 188; № 12, қ. 1, мод.988; с. 2009, № 5, мод. 319; № 7-8, мод. 493; № 11, мод. 698, мод. 699) калимаҳои «22 июл – Рӯзи забони тоҷикӣ» ба калимаҳои «5 октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
    Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 21 июли соли 2010 № 615

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:40

    Фаъолияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хотири ҳидояти насли ҷавон ба гиромидошти забони давлатӣ, омӯзиши амиқи забони модарӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ 20-уми октябри соли 2010 маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-ро бо ҷалби донишҷӯёну аспирантҳои мактабҳои олӣ таъсис додааст, ки ҳоло он 65 нафар аъзоро дар худ шомил месозад. Аъзои маҳфили мазкур дар ҷараёни санҷишҳо ва корҳои тарѓиботии марбут ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкати фаъол доранд. Маҳфил созмони ҷамъиятӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи дӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла эҳтиром ба Забони давлатӣ тарбият менамояд.

    Фаъолони маҳфил:

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Забони тоҷикӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:29

    Забони тоҷикӣ

    Забони тоҷикӣ забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо забони тоҷикӣ ҳамчунин тоҷикони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҳамчунин дар минтақаҳои  тоҷикнишини Афғонистон такаллум мекунанд. Забони форсии аҳди Сомониён «форсӣ, порсӣ» ва ё «порсии дарӣ» ном гирифт ва бо вуҷуди ин ки ин забон дар осори хаттии асрҳои миёна гоҳо забони тоҷикӣ» ё «зуфони тоҷикӣ» номида шуда бошад ҳам (дар як матни портии монавӣ, ки дар Турфони Чин ёфт шудааст (асри VIII м.), истилоҳи tazigāne āvak «овои тоҷикона» ба кор рафтааст),  вале дар ҳоле ки қавми тоҷикро [1] «форс» наномидаанд, забонашон ба сурати куллӣ то асри XIX ва ибтидои асри ХХ бо номи «форсӣ» муаррифӣ мешуд. Муҳити ташаккули забони форсии нав, робитаҳои таърихии соҳибони ин забон бо мардумони ҳамҷавор дар таҳаввули таърихии низоми луғавии ин забон бетаъсир буда наметавонист. Омезиши забони форсӣ бо забони портӣ боиси вориди таркиби луғавии он шудани калимаҳои иқтибосии портӣ гардид. Мавҷудияти як қатор иқтибосҳои эронии шарқӣ (хусусан калимаҳои суғдие мисли нағз, оғоз, мағз, бут, алағда ва ғ.) дар сохтори луғавии забони форсӣ низ натиҷаи робитаи таърихии ин забонҳо мебошанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Забони туркманӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:28

    Забони туркманҳое, ки дар Туркманистон, инчунин Эрон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Туркия истиқомат доранд. Дар Тоҷикистон низ туркманҳо зиндагӣ дошта, бо забони модариашон гап мезананд. Забони туркманӣ ба оилаи забонҳои туркӣ масуб аст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Забони русӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:27

    Забони русӣ якҷоя бо забонҳои украинӣ ва беларусӣ як гурӯҳи забонҳои славянии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳад. Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони муоширати байнимиллатҳо пазируфта шудааст. Доир ба ин дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад».
    Сохти грамматикаи забони русӣ флективӣ; префиксу суффиксҳои зиёде дорад. Хусусан лексикаи забони русӣ ниҳоят ғанӣ аст. Дар он ғайр аз калимаҳои аслан русӣ ва славянӣ, ки фонди асосии луғавии забони русиро ташкил медиҳанд, калимаҳои аз забонҳои дигари дунё иқтибосшуда хеле зиёданд.
    Аввалин осори хаттӣ ба забони русӣ ба асри X таалуқ дорад: нахустин китоб дар соли 1574 чоп шудааст; алибои русӣ дар асоси «кириллица» инкишоф ёфтааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    4
    Баҳои миёна: 4 (2 овоз)
  • Забони қирғизӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:26

    Аз оилаи забонҳои туркӣ, ба забони олтоӣ хеле наздик буда, дар Ҷумҳурии Қазоқистон, қисман дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҳатто дар ҶМХ ва Афғонистон паҳн шудааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Забони ӯзбекӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:25

    Аз оилаи забонҳои туркӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Хитой паҳн шудааст. Ба забони уйғурӣ наздик аст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:16

    «Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».

    Эмомалӣ Раҳмон

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:09

    Забонҳое, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷанд, ба забонҳои шарқии эронӣ шомиланд. Ин забонҳоро шарқшиносон шартан «забонҳои помирӣ» ном ниҳодаанд ва дар солҳои охир ҷойи ин ибораро таркиби «забонҳои бадахшонӣ» ишғол намудааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 19:06

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
    Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.

    Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 22-юми сентябри соли 2017 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

    Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
    Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
    Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

    Телефонҳо барои тамос: 227-59-25;227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru.
    Комиссияи тадорукот

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages