Навигарӣ

  • Забони бартангӣ (bartangi ziv)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2017 - 22:14

    Забони бартангӣ (bartangi ziv) дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон истеъмол мегардад. Муҳаққиқони ин забон зикр намудаанд, ки дар ин забон гӯишҳои сокинони деҳоти Сипонҷ ва Равмед бо баъзе хусусиёти савтию луғавии худ аз гуфтори соири саканаи водии Бартанг тафовут доранд3, бинобар ин метавон гуфтори сипонҷӣ ва равмедиро ҳамчун вариантҳои диалектологӣ (лаҳҷаҳо)-и ин забон тасниф намуд.
    Адабиёт
    1. Мирзоуддинова С. Шеваи Хуфи забони рӯшонӣ.– Душанбе, 1988.
    2. Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959;
    Генетические отношения язгулямского языка и шугнано-язгулямской
    языковой группы. – Л., 1967.
    3. Муфассалан ниг.: Карамхудоев Д. Бартангский язык (фонетика и
    морфология). – Душанбе, 1973.
    4. Ниг. Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская
    экспедиция 1928, вып 6. – Л., 1930; Курбанов Х. Рошорвский язык. –
    Душанбе, 1976

    Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Забон ё гӯиши мардуми водии хуфӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2017 - 22:11

    Забон ё гӯиши мардуми водии хуф
    Дар ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон. Бархе аз помиршиносон онро забони хуфӣ [Соколова 1959: 1967], бархи аз дигар гӯйиши хуфии забони рӯшонӣ муаррифӣ кардаанд [Мирзоуддинова 1975; 1978]. Бояд зикр намуд, ки хуфиён дар муҳити гӯйишварони рӯшонӣ дар такя бо забони рӯшонӣ суҳбат мекунанд ва дар байни гӯйишварони шуғнонӣ мекӯшанд ба забони шуғнонӣ наздик такаллум кунанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Забони рӯшонӣ (rixen ziv)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2017 - 22:03

    Забони рӯшонӣ (rixen ziv) дар ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон (аз резишгоҳи рӯди кӯҳии Бартанг, деҳаи Йемс дар соҳили рости дарёи Панҷ то деҳоти Вознавд ва Шиз) густариш ёфтааст. Тафовутҳои диалектологии дохили ин забон хеле кам ба назар мерасанд. Дар асри
    ХХ ҷиҳати ободонии водии Вахш бархе аз сокинони ноҳияи Рӯшонро ба ин водӣ кӯчонданд, ки ҳолозодагони ин муҳоҷирони рӯшонӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Ба ин забон гуфтори мардумони водии Хуфи ноҳияи Рӯшон хеле наздик аст, аммо агар бархе аз муҳаққиқон онро ҳамчун як лаҳҷаи забони рӯшонӣ баррасӣ карда бошанд (1), бархе дигар онро «забони хуфӣ» номидаанд

    Адабиёт
    1. Мирзоуддинова С. Шеваи Хуфи забони рӯшонӣ.– Душанбе, 1988.
    2. Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959;
    Генетические отношения язгулямского языка и шугнано-язгулямской
    языковой группы. – Л., 1967.
    3. Муфассалан ниг.: Карамхудоев Д. Бартангский язык (фонетика и
    морфология). – Душанбе, 1973.
    4. Ниг. Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская
    экспедиция 1928, вып 6. – Л., 1930; Курбанов Х. Рошорвский язык. –
    Душанбе, 1976

    Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Забони шуғнонӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2017 - 21:51

    Забони шуғнонӣ / шуғнӣ (xuγnůnī zev) дар ноҳияҳои Шуғнону Шохдара ва мавзеи Баҷуви Бадахшони Тоҷикистон ва маҳаллоти ҳаммарзи он дар Афғонистон истеъмол мегардад. Ин забон дорои гӯишҳои баҷувӣ, шохдарагӣ ва барвозӣ буда, дар осори илмӣ бо номи «забони шуғнонӣ-баҷувӣ» низ ёд мешавад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Октябр, 2017 - 14:00

    Рӯзи 13-уми октябри соли 2017 Мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар толори Кумита баргузор гардид. Дар Мушовара ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумита баррасӣ шуд. Инчунин, китоби "Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ" барои чоп тавсия шуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Октябр, 2017 - 11:15

    Гимн

    Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Шеъри Гулназар Келдӣ

    Оҳанги Сулаймон Юдаков

    Диёри арҷманди мо,

    Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

    Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

    Зи дурии замонаҳо расидаем,

    Ба зери парчами ту саф кашидаем,

    кашидаем

    Зинда бош эй Ватан,

    Тоҷикистони озоди ман!

    Барои нангу номи мо

    Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,

    Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,

    Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

    Ки мазраи вафо бувад канори ту,

    канори ту

    Зинда бош эй Ватан,

    Тоҷикистони озоди ман!

    Ту модари ягонаӣ,

    Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

    Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

    Зи ту саодати абад насиби мост,

    Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,

    ҳабиби мост,

    Зинда бош эй Ватан,

    Тоҷикистони озоди ман!

    ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994, №17-18, мод.306)

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Октябр, 2017 - 11:15
    Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Низомнома
    Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

    Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

    Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

    3. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад:
    дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) - доимӣ;

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Октябр, 2017 - 11:15
    Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Низомнома
    Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.
    Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.
    Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад:

    а) дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри 2017)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 17:37
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

    Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

    Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

    Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

    Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

    Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

    Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

    Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

    Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
  • Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 15:05

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

    ШАКЛИ БАҚАЙДГИРӢ

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages