Навигарӣ
Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 3.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки 4 октябри соли 2011 рӯи чоп омада буд, як идда камбудию норасоиҳо ҷой доштанд, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи қоидаи имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳост. Бо мақсади мукаммалтар шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» низ ҳамроҳ карда шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иброз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ба зикри Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бинобар мақоми забони давлатӣ ва дурнамои рушду густариши он дар ҷомеа матни имлои забони тоҷикӣ аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифт.
Семинари машваратӣ таҳти унвони «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қисми 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар толори Академияи ВАО-и Тоҷикистон таҳти унвони «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо иштироки олимону забоншиносон ва намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори омма баргузор намуд.
Дар семинари мазкур олимону донишмандон оид ба шарҳу тафсири Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, ба саволҳои шунавандагон посухҳои мушаххас доданд.Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 8.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ нисбат ба асари безавол ва бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд, иттилоъ доданд аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар асари мазкур аз муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ бармеояд, ки асари тозанашри дуҷилдаи мазкур дар ҳавзаи илмии муҳаққиқон ва дар доираи аҳли зиё мақому манзалати беназир касб намудааст.
Садонокҳои забони тоҷикӣ ва имлои онҳо (сайри таърихӣ)
Муаллиф: Назарзода С.
Низоми садонокҳои забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари сайри таърихӣ аз садонокҳои забонхои авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, суғдӣ, портӣ сарчашма гирифта, дар дарозои таърих ба таҳаввулу тағйироти ҷиддие дучор гардидааст. Бинобар ин вақте сари масъалаи имлои садонокҳои забони тоҷикӣ сухан меравад, ҳадди ақал ба таври сатҳӣ аз сайри таърихии садонокҳои забони мо бояд кас огоҳ бошад, то дар ин мавзуъ огоҳона суҳбат намояд. Ин нукта барои он таъкид гардид, ки чи басо касоне ҳастанд, ки имрӯз сари ин масъала ақидаҳои зидду нақиз баён менамоянд ва хонандагонро дар бархе ҳолатҳо ба роҳгумӣ мебаранд.Суратгузориш аз натиҷаи машғулиятҳои идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар мавзуи «Забони тоҷикӣ ва забонҳои эронӣ»
НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ МЕҲМОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ» ГАРДИД - СУҲБАТ АТРОФИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Шоҳасари муаррификунандаи забони миллат
Ин нукта мусаллам аст, ки муаррификунандаи ҳар қавму миллат, қабл аз ҳама, фарҳангу маданият ва дастовардҳои маънавии ӯст. Зеро фарҳанг ва маънавият гаронбаҳотарин ва бебаҳотарин мероси миллат ва тамаддун маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна, ки давраи ташаккулёбии забони адабии тоҷикӣ буд, одамушшуаро, устод Рӯдакӣ оид ба мақому манзалати илму фарҳанг ва маънавият чунин ишора менамояд:Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.ЗАБОН ВА ҶОМЕА: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МИЛЛАТУ ДАВЛАТРО ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАД
Суратгузориш аз натиҷаи маҷлиси Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти ҳисоботи нуҳ моҳи соли 2021
Бо мақсади татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Нақшаи кории Кумита барои ҳисоботи ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2021 маҷлиси Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 шунида шуда вазифаҳо барои фаъолияти дар се моҳи охири соли 2021 баррасӣ ва пешниҳод гардиданд.
Сипас, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва қадр намудани аъзои Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита ба муносибати ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳайати мушовара ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ сарфароз гардонида шуданд, ки аз тарафи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода тақдим гардид.