Сипос – ташаккур - раҳмат
Аз ин се вожа ду вожаи нахуст (сипос ва ташаккур) дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба кор рафта, аммо вожаи «раҳмат» махсуси забони тоҷикӣ ва забонҳои туркии Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Ин вожа дар осори муштараки порсии дарӣ ё форсии классик дар муқобили «сипос» ва «ташаккур» корбурд надорад, ки дар поён дар мавриди ҳар кадоме аз онҳо бар асоси осори давраҳои таърихии забон чунин як тавзиҳотро метавон пешкаш кард.
1. Сипос (سپاس). Дар забони форсии миёна — spās ба маънои «сипосгузорӣ, ташаккур, сипосгузорӣ кардан, изҳори ташаккур кардан»; хидмат, навкарӣ, кор, вазифа омадааст. Дар маънои дувум вожаи мазкур дар шакли ’sp’s дар мутуни порти монавӣ ва ‘sp’s дар форсии миёнаи монавӣ ба кор рафта, ба гунаи ’sp’s дар осори монавӣ ба маънои «сипос, ташаккур, сипосгузорӣ кардан» омадааст. Дар суғдӣ ’sp’s (1604) -«сипос, хидмат, эҳтиром» ва дар арманӣ spas (иқтибоси форсии миёна) маъмул аст. Дар забони авестоӣ (1614) spas – «риоят кардан, муроот кардан; таваҷҷуҳ кардан, мувозибат кардан, интизор доштан».
Дар забони форсии миёна аз бунёди spās дар вожасозӣ spāsdār «сипосгузор» spāsdārīh «сипосгузорӣ» spāsešnās
«сипосшинос», spāsōmand «сипосманд» ва ё феълҳои таркибии номии spās dāštan «сипос доштан», spās hangāran (дар ҳамин маъно) ташкил шудаанд, ки ин ҳама ба бунёди spās (сипос), иртибот мегиранд. [ Bartholomae 1904; Nyberg 1974; MacKenzie 1971].