Забони сариқулӣ дар минтақаи Тошқӯрғони ноҳияи худмухтори Ӯйғуристони Чин мустаъмал аст ва ба забонҳои бартангӣ ва рошорвӣ қаробат дорад. Чунонки Т.Н Пахалина зикр кардааст, ба ин забон ҳудуди 10 ҳазор нафар аҳолии ин макон такаллум мекунанд ва се гӯйиши он роиҷ аст. [Пахалина 1966]. Теъдоде аз сарикулиҳо дар ноҳияи Мурғоби Бадахшони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Забони қирғизӣ дар гуфтори сариқулиёни Мурғоб таъсири зиёде бар ҷой гузоштааст.
Забони сариқӯлӣ гуфтори сокинони мавзеи Сариқӯл ва навоҳии он дар Шингони Чин аст, ки аз соири забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ то ҳадде мутафовит аст. Дар ҳудуди ҳавзаи Бадахшони Тоҷикистон теъдоди ками намояндагони ин забон дар ноҳияҳои Шохдара ва Мурғоб зиндагӣ мекунанд, ки насли ҷавони онҳо забони модарии ниёконашонро намедонанд ва ба забонҳои маҳаллии ин ноҳияҳо гуфтугӯ мекунанд.