Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст. Бақайдгирии иштирокдорон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» соати 08:00 оғоз мегардад.
Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд. Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.
Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman бо истифодаи тарҳбандии ҳарфкалиди стандартӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикии стандартӣ, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли чопӣ ё электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.
Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46.
Shopping cart
Your shopping cart is empty.
Муаррифии нуқтаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Муаррифии нуқтаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
- Муаррифии
нуқтаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
- ☰
- Tajikistan
- President
- Daily news
- Committee
- Activities
- Linguistics
- Expertise
- Council of experts
- Tajik language scientists
- Website Treasury (for the past 80 years)
- Languages of Tajikistan
- Tajik language
- Russian language
- Uzbek language
- Turkmen language
- Kyrgyz language
- Languages of Badahshon (Pamirian)
- Wakhi language
- Ishkashimi language
- Yazgulomi language
- Old vanji language
- Munjoni language
- Shughni language
- Sarikuli language
- Rushoni language
- Bartangi language
- Roshorvi or Oroshori language
- Language of hidden valley people
- Yaghnobi language
- Dictionaries
- E-Committee
- Registration
Ҳайати тадорукот | ||
Ҳайати тадорукот | ||
Ҳайати тадорукот |
Monthly archive
- October 2010 (1)
- August 2012 (1)
- October 2012 (1)
- November 2013 (1)
- September 2014 (1)
- March 2015 (2)
- July 2015 (2)
- June 2016 (1)
- January 2017 (22)
- February 2017 (1)
- March 2017 (2)
- July 2017 (13)
- August 2017 (6)
- September 2017 (1)
- October 2017 (23)
- November 2017 (73)
- December 2017 (4)
- January 2018 (6)
- February 2018 (9)
- March 2018 (22)