Забони ванҷии қадим

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 31 October, 2017 - 10:44

То аввалҳои асри 19 мелодӣ дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон ривоҷ дошт ва калимоте аз он тавассути шарқшиносии рус И.И. Зарубин то ба имрӯз расидааст. Муҳаққиқони эронишинос ин забонро низ мансуб ба гурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ донистаанд. [Зарубин 1924, с. 79-81; Розенфельд 1956, с. 173-280].

Забони ванҷии куҳан (vanjvori) забони эронии гурӯҳи ҷануби шарқие буд, ки тахминан 150 сол пеш дар водии Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон ривоҷ доштааст.Чунончи қаблан зикр намудем, эроншиноси маъруф И.И.Зарубин соли 1924 дар як мақолаи худ беш аз сӣ калимаи аз ин забон гирдовардаи худро дарҷ намуда, зикр кардааст, ки дар водии Ванҷ, ки имрӯз яке аз лаҳҷаҳои кӯҳистонии тоҷикӣ ривоҷ дорад, мардум изҳор доштаанд, ки ниёконашон ба забони дигаре такаллум мекардаанд. Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки дар соли 1915 дар ин ҷо ҳанӯз пирамардоне мезистанд, ки забони волидонашонро фаромӯш накарда буданд ва чанд калимаеро аз ин забон, ки дар хотир доштанд, ба ӯ гуфтаанд. Ҳамин теъдоди маҳдуди калимот имкон медиҳад то ин забонро ба гурӯҳи забонҳои помирӣ мансуб донем (1). Мавҷудияти забони ванҷии куҳанро муҳаққиқоне чун М.С. Андреев (2) ва Ҳ. Шёлд (3), ки дар оғози солҳои 30-юми асри гузашта аз ин макон дидан кардаанд, низ таъйид намудаанд. А.Е. Снесарев, ки худ забоншиноси касбӣ набуд, зикр кардааст, ки «дар водии Язгулом ва дар қисмати болооби Ванҷ мардум ба яке аз лаҳҷаҳои забони шуғнонӣ такаллум мекунанд» (4). Бо иттико ба маводи луғавии бозмондаи забони ванҷии куҳан ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба мавқеи ҷуғрофии водии Ванҷ метавон ҳадс зад, ки он забоне наздик ба забони язгуломӣ будааст ва зоҳиран тавофути сохтории он аз забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ аз ҳадди тафовутҳои сохтории забони язгуломӣ аз забонҳои машмули ин гурӯҳ бештар набудааст (5).

Адабиёт
1. Зарубин И.И. К списку памирских языков // ДокладыРАН, серия В. - 1924, с. 80.
2. Андреев М.С. О таджикском языке настоящего времени // Материалы по истории таджиков и Таджикистана, сборник 1-й. – Душанбе, 1945, с. 59-66.
3. Skold H. Materialen zu den Iramischen Pamirsprachen. - Lund, 1936, s. 18-19.
4. Снесарев А.Е. Восточная Бухара. – СПб, 1906, с. 40.
5. Дар бораи ин забон ҳамчунин ниг.: Розенфельд А.З. Ванджские говоры таджикского языка. – Л., 1964, с. 4-6; К вопросу о памирско-таджикских языковых отношениях (на материале ванджских говоров) // Труды Института языкознания АН СССР, VI, 1956, с. 273-280; Луғоти куҳан дар гӯиши ванҷӣ // Номаи Пажӯҳишгоҳ, 2010, № 21, с. 63-92; Лашкарбеков Б.Б. Старованджский язык // Основы иранского языкознания. Среднеиранские и новоиранские языки – М., 2008, с. 61-109.

Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

Content rating: 
5
Average: 5 (1 vote)