Забони тоҷикӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 2 November, 2017 - 12:29

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо забони тоҷикӣ ҳамчунин тоҷикони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҳамчунин дар минтақаҳои  тоҷикнишини Афғонистон такаллум мекунанд. Забони форсии аҳди Сомониён «форсӣ, порсӣ» ва ё «порсии дарӣ» ном гирифт ва бо вуҷуди ин ки ин забон дар осори хаттии асрҳои миёна гоҳо забони тоҷикӣ» ё «зуфони тоҷикӣ» номида шуда бошад ҳам (дар як матни портии монавӣ, ки дар Турфони Чин ёфт шудааст (асри VIII м.), истилоҳи tazigāne āvak «овои тоҷикона» ба кор рафтааст),  вале дар ҳоле ки қавми тоҷикро [1] «форс» наномидаанд, забонашон ба сурати куллӣ то асри XIX ва ибтидои асри ХХ бо номи «форсӣ» муаррифӣ мешуд. Муҳити ташаккули забони форсии нав, робитаҳои таърихии соҳибони ин забон бо мардумони ҳамҷавор дар таҳаввули таърихии низоми луғавии ин забон бетаъсир буда наметавонист. Омезиши забони форсӣ бо забони портӣ боиси вориди таркиби луғавии он шудани калимаҳои иқтибосии портӣ гардид. Мавҷудияти як қатор иқтибосҳои эронии шарқӣ (хусусан калимаҳои суғдие мисли нағз, оғоз, мағз, бут, алағда ва ғ.) дар сохтори луғавии забони форсӣ низ натиҷаи робитаи таърихии ин забонҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар тӯли чандин аср таркиби луғавии забони форсӣ ташаккул ёфт ва мукаммал гардид ва то асри XVI ин забон дар шарқу ғарби Эрони таърихӣ забони умумии адабӣ ба шумор мерафт. Пас аз кашмакашҳои хуношоми байни Сафавиён ва Шайбониён, ки дар заминаи мазҳабӣ сар зада буд, тамоми робитаҳо дар байни сокинони Мовароуннаҳру Хуросон ва қисмати ғарбии Эрон қатъ гардид ва ин марзбандии сиёсӣ- мазҳабӣ боиси ҷудоии фарҳангию адабӣ гардид.

Аз асри XVI ба баъд забону адаб дар ду сарзамини  форсигӯ – Мовароуннаҳр ва давлати Форс ба таври мустақил ва ҷудо аз ҳам инкишоф ёфт, ки сарфи назар аз муштаракоти меъёрҳои адабӣ, боиси ба вуҷуд омадани тафовутҳое дар системаи луғавӣ, грамматикӣ ва сабкии гуфтору навиштори мардуми форсигӯи ин ду сарзамин гардид. Масалан, дар китоби «Маҷмаъ-ут-таворих» (асри XVI), ки мутааллиқ ба муаллифони Осиёи Миёна аст,  бисёр хусусиятҳои грамматикие инъикос ёфтаанд, ки хоси лаҳҷаҳои имрӯзаи тоҷикӣ мебошанд. Дар шумори ин хусусиятҳо истифодаи шаклҳои муайян (давомдор)-и феъл бо феъли ёвари истодан (тарошида истодааст, ҷанг карда истода буд ва ғ.), таркибҳои феъли ҳолӣ бо ҷузъҳои мондан (бурда монд), рафтан (гирифта рафт), омадан (гурехта омад), гирифтан (бурида гирифт), дидан (хонда дид), ба кор рафтани бандаки феълии шахси 2-юми ҷамъ -етон (дафн кунетон) ва хусусиятҳои хоси корбурди пешоянду пасояндҳоро метавон зикр кард. Дар осори Аҳмади Дониш ва дигар адибони асри XIХ хусусиятҳои хоси лаҳҷаҳои тоҷикӣ бештар ба назар мерасанд, ки аз забони адабии роиҷ дар Эрони ҳамон давра фарқ доранд.

Ҳамин тариқ, забони адабии тоҷик ба тадриҷ дар асоси лаҳҷаҳои маҳаллии тоҷикӣ хусусиятҳои навро касб кард ва ин раванд дар охири асри XIХ ва ибтидои асри ХХ, хусусан дар осори адибони маорифпарвари он замон мисли Садриддини Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Садри Зиё, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷаи Асирӣ ва дигарон ба таври бориз намоён гардид.

Рӯйдодҳои азиме, ки дар ибтидои асри ХХ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардумони Осиёи Миёна рух дода, ба инқилоби болшевикӣ ва марзбандии миллию маъмурии ин сарзамин сахт марбут буданд, ба забонҳои миллӣ ва фарҳанги миллии сокинони он низ бетаъсир намонд. Аксари донишмандони рус, аз қабили В.В. Григорев [2]  А.А. Семёнов [3], В.П. Наливкин [4], П.К. Кузнетсов [5], ки охири асри XIХ ва ибтидои асри ХХ ба таҳқиқи ҳаёти тоҷикон машғул буданд, низ дар ин бора ибрози ақида намудаанд. Вазъи нави сиёсие, ки бо инқилоби болшевикӣ ва барқарории Ҳукумати шӯравӣ дар сарзамини сукунати тоҷикон сурат гирифт, гардиши куллиеро дар ҳаёти маънавии онҳо ба вуҷуд овард. Бар асари гирудорҳои сиёсие, ки ҳангоми тақсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна рух дод, забони миллии тоҷикон «забони тоҷикӣ» номида шуд ва соли 1924 барои тоҷикон дар доираи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шакли ҷумҳурии худмухтор (автономӣ) воҳиди миллию маъмурие ҷудо карда шуд, ки соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. Забони тоҷикӣ забони миллии сокинони ҳамин сарзамин гардид, ки баъд аз баҳсҳои тӯлонии солҳои 20-30-юми асри XХ тасмим гирифта шуд, ки лаҳҷаҳои тоҷикии маҳаллӣ ва ба хусус гӯишҳои Бухоро ва навоҳии он, ки бо сабаби маркази қадимии фарҳангии тоҷикон будани ин шаҳр лаҳҷаи койне маҳсуб мешуд, ба сифати пояи забони адабии муосири тоҷик қарор додашавад [6].

Табдили хатти суннатии арабиасоси форсӣ ба хатти лотинӣ дар соли 1929 ва сипас ба хатти кириллии тоҷикӣ дар соли 1939, ки аслан ҷанбаи сиёсӣ дошт [7], ҳамчунин таъсири шадиди забони русӣ ва тарҷумаи адабӣ, илмӣ ва публитсистӣ низ дар таҳаввулоти сохтории забон нақши муҳимме бозӣ карданд.

Баста будани марзҳо бо кишварҳои форсизабон ва маҳдуд гардидани робитаҳои фарҳангӣ бо ҳамзабонони бурунмарзӣ низ дар раванди инкишофи забони адабии тоҷик бетаъсир буда наметавонист. Ба ҳамин васила забони муосири тоҷик шакли забони адабиеро касб кард, ки аз забони адабии муосири форсӣ ва забони дарии Афғонистон тафовутҳои чашмгире дошт.

Тарҳи алифбои лотниасоси тоҷикӣ.  

Тарҳи алифбои кириллии тоҷикӣ.

Забони адабии тоҷикии солҳои 20-70-уми асри ХХ забони осори адабие буд, ки бар мабнои принсипи «реализми сотсиалистӣ» таълиф мегашт ва дар саргаҳи насри адабии он устод С.Айнӣ ва назми он устод А. Лоҳутӣ қарор доштанд. Дар ҷараёни мубоҳисоти забоншиносӣ аксаран муътақид бар ин нукта буданд, ки забони адабии тоҷикӣ бояд оммафаҳм ва ба забони зиндаи халқ наздик бошад. Устод С.Айнӣ таъкид доштааст, ки «…забони тоҷикӣ худи ҳамон аст, ки қисман ба майдони матбуот ва адабиёти нави тоҷикӣ қадам мондааст. Ба гузаштани замон ва зиёдатии таҷрибаи нависандагон боз содатар ва авомфаҳмтар хоҳад шуд. Азбаски забони оммаи тоҷик ҳанӯз дуруст тафтиш нашудааст, нависандагони мо дар деҳаҳо ва кӯҳсорҳо кам гаштаанд, ба кор фармудани баъзе таъбироти душвор, ки аз китобҳо ёд гирифтаанд ва баъзе калимаҳо, ки аз ҳамсоягони мо гузаштаааст, маҷбур мешаванд, ин душвориҳо, ба андозае ки нависандагони мо ба авом наздик мешаванд ва авомро мешиносанд, кам ва бартараф хоҳад шуд. Яъне забони матбуоти тоҷик рафта-рафта аз ҳозирааш ҳам содатар хоҳад гардид, ки ин мешавад забони форсии сода» [8].

 Ба ҳамин тариқ, забони осори адабӣ, илмӣ, публитсистӣ ва расмӣ бар асари ҷараёни сода кардан ва ба халқ наздик намудани забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои сиёсати забонии давлати шӯравӣ маҳсуб мешуд, тадриҷан аз пояҳои классикии худ фосила мегирифт. Дар солҳои 80-уми асри XХ вобаста ба воқеоти Афғонистон ва вуруди артиши шӯравӣ ба ин кишвар барои равобити фарҳангии байни тоҷикони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон то андозае шароити мусоид ба миён омад. Барои адибон, рӯзноманигорон ва дигар зиёиёни тоҷик муяссар шуд, ки бо вазъи забону адаб дар ин кишвар аз наздик ошно шаванд ва баъдан дар навиштаҳои худ аз ғановати луғавии ин забон истифода намоянд. Сарфи назар аз ин ки забони ин навиштаҳо ва ба хусус забони матбуоти солҳои 80-90-уми асри XХ гоҳо барҳақ ва гоҳо ноҳақ мавриди интиқоди шадиди идае аз зиёиёни муҳофизакор гардида бошад ҳам, вале ба сурати умум ин раванд дар таҳаввули луғот ва сабки забони адабии муосири тоҷик гардиши куллие башумор меравад. Ҳодисаҳои сиёсии охирҳои солҳои 90-уми асри XХ, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли давлатии тоҷикон марҳилаи наве дар рушди забони адабии муосири тоҷик гардид. Соли 1989 пас аз мубоҳисаҳои шадид Қонуни забон аз тарафи намояндагони мардумии Шӯрои Олии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки мутобиқи он забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом шуд [9] ва пас аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин эълом комилан амри воқеӣ гардид. Бо талаби ҷомеаи тоҷик алифбои кириллии тоҷикӣ ислоҳ гардида, дар он ҳарфҳое, ки ба табиати савтии забони тоҷикӣ созгор набуданд, ихтисор карда, дар ин замина имлои забони адабии муосири тоҷик низ таҷдиди назар шуд [10]. Забони тоҷикӣ аз рӯи нақши корбурдии худ дар ҷомеа дорои хасоисе мебошад, ки дар амалкарди забонҳои олам дар ҷомеа ба нудрат дучор меояд: ин забон барои қабоилу мардумони ғайриэронии Осиёи Миёна – яҳудиёни бумӣ, қабилаҳои ҳиндунажоди ҷӯгӣ [11]  забони модарӣ маҳсуб мешавад, аммо бархе аз тоҷикон, мисли гӯишварони забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ба забонҳои дигари эронии шарқӣ такаллум мекунанд. Забони тоҷикӣ ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Андиҷон, Намангон, Тошканд, Қашқадарё, Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон низ истеъмол мегарданд. Забони гуфтории тоҷикон аз лиҳози таърихӣ дар густараи собиқи забонҳои эронии матрук – суғдию бохтарӣ ва сакоӣ паҳн гардидааст, аз ин рӯ, субстратҳои мухталифи забонӣ дар шаклгирии забони тоҷикии гуфторӣ нақши худро гузоштааст: дар гуфтори саканаи қисмати шимолии минтақаи истеъмоли забони тоҷикӣ забони суғдӣ ва дар қисмати ҷанубии ин густара забонҳои бохтарию сакоӣ таъсиргузор будаанд. Албатта, омилҳои пасини ташаккули забони гуфтории тоҷикиро мисли муҳити инкишофи лаҳҷаҳо, таъсири мутақобилаи забонҳо дар марзҳои корбурди лаҳҷаҳо, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро низ наметавон аз назар дур андохт. Вобаста ба ин омилҳо сохтори диалектологии забони тоҷикӣ ташаккул ёфтааст, ки боиси тафовутҳои гӯишӣ дар забон гардидааст. Лаҳҷаҳои тоҷикиро вобаста ба хусусиятҳои забонӣ ва мавқеи ҷуғрофиашон ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардаанд: 1) гурӯҳи шеваҳои шимолӣ (лаҳҷаҳои ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд, Варзоб, кӯҳистони Ҳисор ва Шаҳритуси Тоҷикистон, Самарқанд, Бухоро, водии   Фарғона, Сурхондарё, Қашқадарёи Ӯзбекистон, лаҳҷаҳои вилояти Ӯши Қирғизистон ва Чимкенти Қазоқистон); 2) гурӯҳи шеваҳои марказӣ (болоби Зарафшон – ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳ); 3) гурӯҳи шеваҳои ҷанубӣ (водии Қаротегин (Рашт), вилояти Хатлон, лаҳҷаҳои тоҷикии Бадахшон); 4) гурӯҳи шеваҳои ҷануби шарқӣ (водиҳои Ванҷ ва Дарвоз)  [12] .

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе шаҳри ҳамзоди Тоҷикистон – ҳамчун воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ мебошад, ки дар даврони шӯравӣ аксари сокинони онро намояндагони миллатҳои ғайритоҷике ташкил медоданд, барои устувор гардондани сохти сотсиалистӣ аз манотиқи гуногуни Иттиҳоди Шуравӣ ба Осиёи Миёна муҳоҷир карда шуданд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва ҳаводиси фоҷеабори даргириҳои дохилӣ саканаи ғайритоҷик ин шаҳрро тадриҷан тарк карда, мардуми маҳаллӣ акнун шумораи аксари аҳолии шаҳриро ташкил медиҳанд, ки намояндагони лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар пойтахт ҳанӯз лаҳҷаи койине ташаккул наёфтааст, ки, чунончи дар аксари давлатҳо  пойтахт дар ташаккули забони адабӣ нақш доштааст, барои тамоми тоҷикон марҷаи тақлид ва пайравӣ бошад. Дигар шаҳрҳои қадимии тоҷикон – Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан ва ғ., ки ҳар яке дар замони худ ҳамчун марказҳои адабию фарҳангии тоҷикон буданд, ё пас аз тақсимоти ҳудудию миллии Осиёи Миёна берун аз марзҳои Тоҷикистон монданд ва ё ҳамчун шаҳрҳои музофотӣ дар канораҳои кишвар монда, қудрати таъсиргузорӣ ба ҷараёни умумии инкишофи забони тоҷикии имрӯзро аз даст доданд. Ба ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ аз ду сарчашмаи моддӣ – забони осори классикии форсу тоҷик ва забони зиндаи мардум шодоб мегардад.

Адабиёт:

1. Хромов А.Л. К истории интерпретации этнонима «таджик» //  Чаҳордаҳ мақола. – Душанбе, 2010, с. 122-137.)

2. (Григорьев В.В. О некоторых событиях в Бухаре, Коканде и Кашгаре. Записки МирзоШамса Бухары. – Казань, 1861.),

3. [Семенов А.А. Материалы для изучения горных таджиков Центральной Азии. – М.: вып. 1. – 1900, вып.2. – 1901.]

4. [Наливкин В.П. Русско-персидский словарь общеупотребительных слов по наречиям Туркестанского края. – Казань, 1889; Руководство по практическому изучению персидского языка. – Самарканд, 1900.]

5. [Кузнецов П.К. О таджиках Ташкентского уезда // Известия Туркестанского отд. Русского географического общества, т.II, вып. 2. – Ташкент, 1900; О таджиках Наманганского уезда // Известия Туркестанского отд. Русского географического общества, т.XI, ч. 1, вып. 2. – Ташкент, 1915; Сравнительный грамматический очерк таджикского и сартовского наречий // Известия Туркестанского отд. Русского географического общества, т. XI, ч. 1, вып. 2. – Ташкент, 1915, с. 27-43.]

6. [Дар бораи баҳсҳо перомуни забони адабии тоҷик ниг.: Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Маҷмуаи мақолаҳои солҳои 20-ум. Тартибдиҳандагон А.Набавӣ, Н.Одинаев, П.Олимова. – Душанбе, 2007; Забон ва худшиносии миллӣ (маҷмуаи мақолаҳо). Китоби якум. Баргардон ва омодакунанда П.Гулмуродзода. – Душанбе, 2007.].

7. [Муфассалан ниг.: Асимова Б.С. Языковое строительство в Таджикистане (1920-1940 гг.). – Душанбе, 1982, с. 45-98; Назарзода С. Ҷараёни тағйири алифбо дар Тоҷикистон // Номаи Пажӯҳишгоҳ. – 2004, № 6, с. 105-116; 2005, № 7, с. 139-150.]

8. [ Айнӣ С. Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ // Забони тоҷикӣ дар мубоҳисаҳо…, с. 162-163.]

9. [Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун санади танзимкунандаи сиёсати давлатӣ дар бахши забон ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар ҷомеаи кишвар муайян кардааст.]

10. [Ниг.: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик». Таҳрири охирини имлои забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудааст.]

11. [Оранский И.М. Дар бораи истилоҳи «мазанг» дар ОсиёиМиёна // Номаи Пажӯҳишгоҳ. – 2005, № 7, с. 151-164.] ва парӣ («афғонҳо»-и Ҳисор)[ Оранский И.М. Фольклор и язык гиссарских парья (Средняя Азия). Введение, тексты, словарь. – М., 1977.],  арабҳои Шаҳритусу Қубодиён [Ҷӯраев Ғ. Лаҳҷаҳои арабҳои тоҷикзабон. – Душанбе, 1975.]

12. [ Дар бораи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ силсилаи пажӯҳишҳо аз тарафи донишмандони рус ва Тоҷикистон анҷом шудааст, ки китобҳои зерин

аз ҷумлаи умдатарин осори шевашиносии тоҷик мебошанд: Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. – М., 1964; Ҳамон муаллиф. Очерки по таджикской диалектологии. М.: Изд. АН СССР. - Вып. 1. – 1952, вып. 2. – 1952, вып 3. – 1956, вып. 4. – 1961, вып. 5.- 1963; Розенфельд А.З. Дарвазские говоры таджикского языка. Труды ИЯ АН СССР. Вып.VI. – М., 1956; Ҳамон муаллиф. Ванджские говоры таджикского языка. – Л., 1964; Ҳамон муаллиф. Бадахшанские говоры таджикского языка. – Л., 1971; Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ. – Душанбе. Ҷилди 1 (фонетика ва лексика) – 1980, ҷилди 2 (Морфология) – 1979, ҷилди 3 (Синтаксиси ҷумлаҳои содда) – 1979, ҷилди 4 – 1981, ҷилди 5 (Материалҳо); Хромов А.Л. Говоры таджиков Матчинского района. – Душанбе, 1962; Маҳмудов М., Ҷӯраев Ғ., Бердиев Б. Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. – Душанбе: Пайванд, 2012].

 

Content rating: 
5
Average: 5 (2 votes)