Забони мунҷонӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 31 October, 2017 - 10:58

Дар води Мунҷони вилояти Бадахшони Афғонистон роиҷ аст ва баъзе аз муҳаққиқон онро бозмондаи забони бохтарӣ шумурдаанд [Грюнберг 1972; Стаблин-Каменский // ОИЯ 1981, с. 314-346]. Дар деҳаи Тсорҷи води Шохдараи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунҷониҳое иқомат доранд, ки дар гузашта аз Мунҷон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд. Акнун мунҷониҳои солманди ин деҳа ба форсӣ-тоҷикӣ ваҷавонону кӯдакон ба лаҳҷаи шохдарагии забони шуғнонӣ такаллум мекунанд.

Content rating: 
5
Average: 5 (1 vote)