«ХИМИЯ» Ё «КИМИЁ»

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 31 October, 2019 - 11:47
«ХИМИЯ» Ё «КИМИЁ»

Тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ, илмӣ, маъмурӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи Химия расман қабул шудааст ва мувофиқан ибораҳои илми химия, фанни химия, китоби химия, дарси химия, муаллими химия, модаи химиявӣ, ҳодисаи химиявӣ, реаксияи химиявӣ, химияи ғайриорганикӣ, химияи органикӣ, химияи аналитикӣ, химияи физикӣ, химияи коллоидӣ ва амсоли онҳо маъмул мебошанд. Дар қатори истилоҳи расмии Химия ва мафҳумҳои ба он марбут инчунин истилоҳи Кимиё ва ибораю калимаҳои дар асоси истилоҳи мазкур сохташуда, ки расман бояд мавриди истифода қарор надошта бошанд, дар нутқи шифоҳии баъзе намояндагони ин илм ва маводи чопии химиявӣ (кимиёӣ) ба назар мерасанд. Доир ба афзалияту саҳҳеҳии истифодаи истилоҳҳои Химия ё Кимиё фикру ақидаҳои мухталиф ва баъзан тамоман хилофи якдигар мавҷуданд.
 Мусаллам аст, ки кунунан дар ҷумҳурии мо масъалаи асосӣ рушди ҳамаҷонибаи таълими фанни химия (кимиё) , илми химия (кимиё), технологияи муосири химиявӣ (кимиёӣ), ворид кардану барои беҳбудии ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон мавриди истифода қарор додани чунин технология, истифодаи самараноки асбобҳои муосири дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷумҳурӣ воридшуда, эҳё ва густариши равобити илмӣ бо мамлакатҳои хориҷии дуру наздик, дар сатҳи зурурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, рушди ҳамачонибаи заминаи моддӣ-иқтисодии муассисаю таълимгоҳҳои химиявӣ (кимиёӣ) ва ба камол расонидани мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибкасби ин соҳаи ҳаётан хеле муҳим мебошад.
 Дар раванди амалӣ кунонидани вазифаҳои зикршуда Химия ё Кимиё номгузорӣ шудани илми мазкур чандон аҳамият надорад. Вале бо гузашти солҳо ва дар мавриди зина ба зина ва муштаракан ҳалли амалии худро ёфтани вазифаҳои зикршуда ва болоравии худшиносию ҳисси миллии алоқамандони илми химия (кимиё) масъалаи Химия ё Кимиё номгузорӣ шудани он низ бояд ҳалли худро ёбад. Аз ин рӯ кунунан ба масъалаи мазкур дар сатҳи зарурӣ ва касбӣ мароқ зоҳир кардани масъулину мутахассисон ва ба хусус олимону омӯзгорон, муносибати холисонаи онҳо дар мавриди баррасии ин масъала, пазироию мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор додани ақидаҳои мухталифи барои ҳалли масъала баёншуда ба асоси далелу санадҳои илмию таърихӣ хеле муҳим буда, ҳамкории доираҳою табақаҳои гуногуни химиявӣ (кимиёӣ) – и ҷумҳуриро тақозо мекунад.
 Мақсади таҳияи ин мақола доварӣ кардан ба ҳалли масъалаи афзалияти истилоҳҳои Химия ё Кимиё ва таҳлили таърихи дар ҷомеаи Тоҷикистон пайдо шудану бадали якдигар карда мавриди истифодаи амалӣ қарор гирифтани ин мафҳумҳо набуда, балки баррасии баъзе маводи чопии мавҷуда доир ба истилоҳҳои мазкур мебошад.
 Масъалаи пайдоиш ва мазмуни истилоҳҳои зикршуда дар чандин асару мақолаҳои олимону омӯзгорони тоҷик борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст[1 -8 ].
 Доир ба мафҳуми Кимиё дар китоби донишманди машҳури форс-тоҷик Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ «Кимиёи саодат» [1], ки байни солҳои 1094-1107 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, чунин ишора мавҷуд аст:
 Ва чунонки он кимиё , ки мису биринҷро ба сафои зари холис расонад, душвор бувад ва ҳар кас нашиносад, ҳамчунин ин кимиё, ки гавҳари одамиро аз ҳиссати баҳимият ба сафою нафосати малакийят расонад, то бад-он саодати абадӣ ёбад, ҳам душвор бувад ва ҳар касе надонад... Бидон, ки чунонки кимиё дар ганҷинаи ҳар пиразане наёбанд, балки дар хизонаи мулук ёбанд, кимиёи саодати абадӣ низ ҳар ҷой набошад, дар хизонаи Рубубийят бошад.
 Дар Таджикско-русский словарь (нашри соли 1954) [2] оид ба мафҳуми Кимиё чунин маълумот мавҷуд аст:
КИМИЁ – уст. 1) алхимия; 2) философский камень; чудотворный эликсир; 3) химия.
КИМИЁАСАР – благотворный, благодатный; несущий счатье.
КИМИЁГАР – 1) уст. алхимик; 2) перен. умеющий извлечь пользу из всего (даже из непригодных вещей).
КИМИЁГАРӢ – 1) уст. алхимия; 2) прыбыльное ремесло, выгодное занятие.
 Дар Луғати зикршуда [2] доир ба мафҳуми Химия омадааст:
ХИМИЯ – химия.
ХИМИК – химик.
ХИМИЯВӢ – химческий; имтизоҷи химиявӣ – химическое соединение.
 Тахминан ҳамин гуна тафсири истилоҳҳои Химия ва Кимиё дар Луғати мухтасари тоҷикӣ – русӣ [3 ] ба назар мерасад.
 Тарҷумаи истилоҳи Химия дар Луғати русӣ – тоҷикӣ [4] чунин аст:
ХИМИЯ – 1) химия, кимиё; химия крови – таркиби хун;
 Мафҳуми Кимиё дар ҷилди 3 Энсиклопедияи советии тоҷик [5] чунин тафсир шудааст (мухтасаран пешниҳод мегардад):
КИМИЁ – алхимия. Ҳодисаи хоси маданияти давраи танназули ҷамъияти ғуломдорӣ, ки дар асрҳои миёна васеъ паҳн шуда буд. Калимаи Кимиё ба металлрезӣ ва металлгудозӣ алоқа дорад. Кимиёгарҳо бо ёрии «санги фалсафӣ» ба металлҳои асил табдил додани металлҳои ноасилро вазифаи асосии худ мешумориданд. Онҳо ба кофтукови иксири дарозумрӣ, ҳалкунандаи универсиалӣ ва ғайра низ машғул мешуданд… Дар зери таъсири мунаҷҷимони Юнону Миср ба Кимиё ақидаҳое дохил шуданд, ки алоқамандии сайёраҳо ва металлҳоро дар назар доштанд… Адабиётҳои кимиёии мистикию схоластикии асрҳои 10-11 дар Европаи Ғарбӣ (асосан ба воситаи Испания) хусусан дар заминаи калисои католикӣ паҳн шуданд… Вобаста ба хусусиятҳои асримиёнагии усули схоластикии тафаккур ҳукмронии магия ва мистика дар Кимиё давом мекард ва он ҳам ба забон ва ҳам ба натиҷаҳои ба даст овардаи Кимиё таъсир расонд. Танназули ақидаҳои схоластикӣ дар Кимиё фақат асри16, вақте ки ятрохимия ба вуҷуд омад, оғоз ёфт… Ғояи асосии Кимиё оид ба ягонагии моддаҳо ва табадуллоти элементҳои химиявӣ дар шакли мураккаб вобаста ба комёбиҳои навтарини физикаи ядрои атом аз нав ба миён омад.
 Дар як масъала ақидаи худро баён мекунам. Вобаста ба он, ки магия ва мистика дар Кимиё як муддати муайян ҳукмрон буд ва барои расман дар забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифтани истилоҳи Кимиё монеаи асосӣ мебошад, ҳаминро бояд қайд кард, ки дар забони русӣ калимаи «химичить» мавриди истифода қарор дорад. Бо ин мафҳум ҳолатҳое ифода карда мешаванд, ки ғайритабиӣ буда, баъзан бо тобишашон ба магия ва мистика наздик мебошанд, вале барои дар забони русӣ Химия номгузорӣ шудани илми мавриди назар ҳеҷ монеаъ нашудаанд.
 Дар ҷилди 7 Энсиклопедияи советии тоҷик [6] ҳангоми шарҳи мафҳуми Химия ҳамчун илме, ки табдили моддаҳо, таркиб ва сохти онҳоро меомӯзад, доир ба мафҳуми Кимиё чунин навишта шудааст (мухтасаран пешниҳод мегардад):
Асрҳои 3-4 м. кимиё ба вуҷуд омад. Кимиёгарҳо солҳои зиёд ба ҷустуҷӯи кибрити аҳмар , «оби ҳаёт» ва ғайра мащғул буданд. Онҳо бисёр моддаҳоро кашф карда, ҷараёни реаксияҳои химиявиро омӯхта дар ташаккули Химия саҳми арзанда гузоштанд.
 Дар [7] доир ба пайдоиши истилоҳи кимиё (химия) маълумоти муфассал мавҷуд буда, аз ҷумла қайд гардидааст:
Ба ҳамагон маълум аст, ки кимиё яке аз илмҳои қадимтарин аст, чунки одам аз ибтидои бошуурона ба табиат муносибат кардан тамоми тағйироти дар гирду атрофаш гузарандаро мушоҳида мекард.
 Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ [8] омадааст:
КИМИЁ – 1. алхимия, илми бардурӯғ, ки мақсади он маъданҳои содда , масалан мисро ба нуқраву тилло мубаддал кардан буд (Иловаи муаллифи ин мақола: бардуруғ будани ибораи «илми бардурӯғ» - ро физикаи ядро исбот кард).
 Мисси вуҷуди ман шавад шавад аз май ба сони зар,
 Гӯӣ ки май чу обак аз аҷзои кимиёст.
 Хуҷастаи Сарахсӣ
 Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,
 Оё бувад, ки гушаи чашме ба мо кунанд.
 Ҳофиз
2. маҷозӣ, чизи камёб, ноёб, нодир
 Зард шуд рӯям зи бедории шабҳои фироқ,
 Кимиё кардӣ даруни дидаи ман хобро.
 Мушфиқӣ
3. маҷозӣ, макру ҳила; фикр ва мулоҳизаҳои нозукбинона.
 Ба хасм агар бисозӣ то барканӣ сараш,
 Он низ зи пурдилию кимиё бувад.
 Шамси Фахрӣ

4. (ин) кимиёи ҷон (ё ҳастӣ) киноя аз шароб, май.
 Ҳангоми тангдастӣ дар айш кушу мастӣ,
 К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
 Ҳофиз
КИМИЁГАР – касе, ки ба илми кимиё машғул мешуд; иксиргар.
 Кимиёгар ба ғусса мурдаву ранч,
 Аблаҳ андар хароба ёфта ганҷ.
 Саъдӣ
 Дар Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ [8] истилоҳи Химия мавҷуд нест.
 Дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон истилоҳи Кимиё расман амал мекунад. Чун намуна китоби бо алифбои арабӣ , ба забони форсӣ таълиф намудаи донишманди тоҷик, профессор шодравон З.Н.Юсуфов «Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ», ки чопи Кобул мебошад, далел шуда метавонад [9]. Дар Ҷумҳурии Узбекистон низ шакли каме тағйирёфтаи истилоҳи «кимиё» низ мавриди истифода қарор дорад. Масалан: «Самарқанд давлат университети Кимё факултети», «Физикавийва коллоид кимё кафедрасӣ», «Дисперс системалар кимёси (номи фанни таълимӣ)», «Ӯзбекистоннинг иқтисодий ривожланишда кимёнинг ӯрни (номи конференсияи байналмилалӣ)» ва ҳоказо.
Хотирнишон месозам, ки дар аксари баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавридҳои зарурӣ, истилоҳи «кимиё» истифода мегардад.
 Дар аввали солҳои 90 асри ХХ муддати чанд вақт дар ҶТ мафҳуми Химия ба Кимиё бадал шуд. Аз барномаҳои таълимӣ сар карда то ҷадвали дарсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо истифодаи истилоҳи Кимиё тартиб дода мешуданд [10].
 Маводи чопии химиявӣ (кимиёӣ) дар ҶТ кунунан дар се навъ дучор мешаванд:
1. Китобҳое, ки дар онҳо пурра истилоҳи Химия истифода шудааст. Тамоми китобҳои талимии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва баъзе китобҳои дарсии мактабҳои олӣ, масалан [11-12] пурра бо истилоҳи Химия таълиф шудаанд.
2. Китобҳое, ки дар онҳо пурра истилоҳи Кимиё истифода шудааст, масалан [13-15]. Китоби дарсии [13] бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶТ нашр гардидааст.
3. Китобҳое, ки дар онҳо истилоҳҳои Кимиё ва Химия муштаракан истифода шудааст, масалан [7].
 Аз он чи иброз шуд, метавон натиҷагирӣ кард, ки барои баррасии масъалаи зикршуда - ивази истилоҳи Химия ба истилоҳи Кимиё вақт фаро расидааст.
 Мақоларо бо пешниҳоди мисраҳои Фахриддини Гургонӣ анҷом бахшиданро раво донистам:
 Ба гетӣ кимиё ҷуз ростӣ нест,
 Ки изи ростиро костӣ нест.

 Адабиёти истифодашуда

1.     Ғаззолӣ А.М. Кимиёи саодат. Ҷилди 1. – Душанбе, ЭР-граф, 2008. -С. 85, 86.
2.     Таджикско – русский словарь. Таҳти таҳрири А.Деҳотӣ. – Душанбе, 1954. -С. 186, С. 422.
3.    Луғати мухтасари тоҷикӣ – русӣ. Мураттиб Калонтаров И.Я. – Душанбе, Маориф., 1988. -С. 333.
4.     Луғати русӣ – тоҷикӣ. Зери таҳрири Осимӣ М.С. -Москва. Русский язык, 1985. -С.1178.
5.     Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 3. Сармуҳаррири илмӣ Осимӣ М.С. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик. -Душанбе. 1981. -С. 304.
6.     Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 7. Сармуҳаррири илмӣ Осимӣ М.С. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1981. -С.626.
7.     Сафиев Ҳ.С., Аминҷонов А.О., Каримов М.Б. Химия дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо. -Душанбе. ЭР-граф. -С.12-19.
8.     Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1. Зери таҳрири Шукуров М.Ш., Капранов В.А., Р. Ҳошим, Маъсумӣ Н.А. – Москва, Советская Энциклопедия. 1969. - С.552.
9.     كيمياى فيزكي و كلويدى مؤلف ظهورالدن يوسوف كابل١٣٦٤
10.     Барномаи кимиё барои синфҳои VIII-IX ва X-XI (равияи табиию риёзӣ). Мураттибон Зубайдов У., Тошев А. -Душанбе , Маориф, 1994. 60с.
11.     Солиев Л. Химияи умумӣ. – Душанбе., Аржанг, 2008. 394 с.
12.     Холиқов Ш. Химияи органикӣ. – Душанбе, ЭР-граф, 934 с.
13.    14. Юсуфов Т.Ю., Раҷабов С.И. Кимиёи органикӣ. – Душанбе, Мир издателей, 2012. 368с.
14.     Суяров Қ.Ҷ., Каримов М.Б., Саидов С.С. Намунаи саволу масъалаҳои тестӣ аз кимиё. -Душанбе, Матбааи ДМТ, - 2013. 164 c.

15.     Қудратова Л.Ҳ. Давлатшоева Ҷ.А., Суяров Қ.Ҷ. Беляев А.П., Саидов Н.Б. Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ (китоби дарсӣ). Душанбе: Эр-граф. 2019. 656С.


Омӯзгори фанни кимиё аз «ДМТ» Суяров Қ. Ҷ.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ

Content rating: 
3
Average: 3 (2 votes)