8-уми март - Рӯзи модар муборак!

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 4 March, 2021 - 11:30
8 март - Рӯзи модар муборак!

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар

     Бонувони гиромиқадри маъвои маърифати мо!
     Шумоён ва дар шахсияти Шумо ҷумла занони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда-Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон баофиятӣ, саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рӯзгор насибатон бошад.
     Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида  рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.
     Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.  Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид  мегардад.
     Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
     Ба занони арҷмандамон дар ин рӯзҳои фараҳафзо ривоҷу равнақ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ид муборак, занону бонувони арҷманд!

Content rating: 
5
Average: 5 (2 votes)