Машғулияти идоравӣ ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия»

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 19 April, 2022 - 15:55

19-уми апрели соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита иштирокдоронро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, суханро ба намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Файзуллозода Б. дод.
Файзуллозода Б. қайд намуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар анҷоми машғулияти идоравӣ саволҳо аз ҷониби кормандон ба намояндаи Агентӣ сурат гирифт.
Ҷаласаи мазкурро раиси Кумита доктори илми филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, кормандонро ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», аз ҷумла, поквиҷдониву шаффофкорӣ ва поктинатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза даъват намуд.

Content rating: 
5
Average: 5 (2 votes)