САДА – ҶАШНИ УМЕД БАР РӮЗГОРИ ОБОД

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 29 February, 2024 - 20:56

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Сада мисли Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги мавсимии мо ориётаборон аст.
Ҷашни Сада мисли ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги мо ориёитаборон аст, ки ин ҳазорсолаҳо пеш таҷлил мешуду ба ҳаёти марди деҳқон ва ба кулли мардумони ориёӣ мансуб асту аз маънавиёт, рӯзгор ва фалсафаи зиндагии ин мардумон дар кору фаъолият ва заҳмат дарак медиҳад.
Ниёгони мо дар поёни чиллаи калон ҷашни Садаро ороставу таҷлил мекарданд, ва ба гуфтаи А. Берунӣ сада ба он хотир ном бурдаанд, ки то ҷашни Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Дар гоҳшумории бостонии ниёгонамон ҷашни Сада ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ ҷашн гирифта мешуд ва тайи чандин солҳост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мутобиқан ба он рӯз ҳар сол 30-юми январ ҷашни Сада таҷлил карда мешавад. Бо афрӯхтани оташ, мардумон гирди гулхан базму шодиҳо барпо мекунанд.
Бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар “Шоҳномаи”-и безаволи ҳаким Фирдавсии Тусӣ бо нишондоди ривоёти воқеан таърихиву асотириаш , ки ҳаққонияти воқеӣ дорад, оварда шудааст.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ
Ҳам он шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард,
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
                                                     (Фирдавсӣ)

Муҳаққиқон бар он ақидаанду иброз медоранд, ки Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон буда, аз ибтидои моҳи феврали милодӣ то аввали моҳи март давом мекунад. Ва шояд таҷлили он сад рӯз ҳам давом кунад, зеро оғози фаъолияти деҳқонон, ба вижа, боғпарварон бо корҳои ниҳолшинонӣ, буридани шоху навдаҳои бемори дарахтони пиру беҳосил ва сустинкишофёбанда, нарм кардани бехи иниҳолу дарахтон, яхобмонӣ, коркарди ради боғу майдонҳои дарахтони сербар дар ин айём оғоз меёбад...
Ҳамин рисолату саромадҳои некпаёнаи Сада, ки бо оғози тараддуду ташвиши деҳқон сар мешавад, таҷрибаи чандинҳазорсолаи ниёгони деҳқонзодаи мосту Садаро низ ҳамчун ҷашни деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд.
Ин таҷлили Сада ба суди мардум буда, мардумон дар минтақаи боду ҳавои мусоид ба ҳар як навъи меваю сабзиҷот фаъолияти хешро оғоз мекунанд...
Муаллифи луғатномаи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» дорои се маънӣ будани вожаи садаро таъкид кардааст: «сада бо аввалу сонӣ мафтуҳ се маънӣ дорад. Аввал номи ҷашнест, ки порсиён дар даҳуми моҳи баҳман кунанд ва оташ бисёр афрўзанд ва мулуку салотин мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта дастаҳои гиёҳ бар пояшон баста, оташ дар он барзананд ва раҳо кунанд... ва ваҷҳи тасмияаш ба сада, он аст, ки чун Кайумарсро сад фарзанд закуру анос ба вуҷуд омаданд ва ба ҳадди рушду тамйиз расиданд, фармуд, ки оташ бисёр афрўхтанд, бад-он сабаб онро сада ном ниҳод;
Дувум номи қарияест аз қурои Испоҳон;
Савум номи дарахтест дар Дорулмарз ва дар Мовароуннаҳр аз дигар билоди Эрон ва Турон бештар шавад ва ба масобае бузург бошад, ки танаи он ба душворӣ дар бағали се-чор кас дарояд ва баргҳояш ба маротибае анбўҳ, ки борон аз он нагзарад ва то дувист савор дар сояи он дарахт ором тавонанд гирифт...» (13, 800-802).
Муаллифони дигар фарҳангномаҳо ба ҷуз маъниҳои зикршуда, ифодагари мафҳуми мухталиф будани ин вожаро зикр намудаанд, аз ҷумла «воҳиди замон баробари сад сол, қарн» (2, 745), «...ба маънии мутлақ оташи шуълавар истеъмол шуда» ва ғайра.
Чунонки зикр гардид муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» дар баробари маъниҳои дигари вожаи сада номи деҳае дар Испоҳон будани онро зикр кардааст. Ғайр аз ин академик Раҳим Массов зимни баррасии ахбори анҷумани ҷуғрофиёии императории рус дар қатори деҳоти тоҷикнишини вилояти Намангон рустоеро бо номи Сада зикр менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки ҷашнҳои милли мо тоҷикон, Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳама маҳсулу офарида ба зиндагию кори деҳқон мебошад, ки аз фаъолият оғоз шудаву ба ҷамъбаст фаро мерасанд. Ва ин таъсири мусбат ба ҳаёти мардумон мебошад, ки дар фаъолият ва додугирифти байниҳамдигарии босамарона анҷом меёбад ва бешак ин ҷашнҳо вобаста ба коинот буда метавон робитаи табиат ва инсон дар он равшан таҷассум ва инъикос меёбад.
Дар омад-омаду фаро расидани ҷашни Сада насли наврасу ҷавони хонаводаҳои тоҷикон бо шукуфтани гулҳои нахустини ин мавсим – сияҳгӯшу бойчечак хона ба хона давр зада, аз муждаи нахустин ба баҳору Наврӯз ва зиндагии нав дарак медоданду таронаҳои зиёде дар ин маврид суруда шудаанд...
Моҳи декабри соли гузашта номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон – “Ҷашни Сада” дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни миллии мо тоҷикон тасдиқ гардид ва имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон дар бораи ҷашни Сада фармудаанд:
“Сада моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд. Марди кишоварз бо нияти нек ба фасли баҳор тайёрӣ мебинад ва тибқи таомули аҷдодӣ хокистари гулхани ҷашни Садаро бо умеди ҳосили фаровон ба замин мепошад.”.
Дар шароити имрӯзаи мо таҷлили Ҷашни Сада ва арҷгузорӣ ба он, инчунин, гиромидошти он аҳаммияти бузург дорад. Чунки ин нахустфаъолияти мардуми деҳқон барои сабзу хуррам ва ободу осоишта гаштани зиндагисту мо ҳоло онро дар раванди пешрафту пешбурди ҳадафҳои “иқтисоди сабз”, ё ин ки “энергияи сабз” мебинему баҳри рушди ин омилҳо кӯшиш мекунем. Зеро
Сабзу хуррам нигоҳ доштани сайёра ва умуман, минтақаҳои зисти одамон, аз ҷиҳати экологӣ худ аз оғози таҷлили Сада сарчашма мегирад, ки боғдориву киштукори босамар ва сабзазоркунонӣ қадамҳои нахусти онанд.
Пос доштани анъанаҳои неку хирадпарвари ниёгонамон, аз ҷумла, ҷашни Сада ва бо арҷгузорӣ эҳё намудан ва шукӯҳманд сохтаву ҷашн гирифтани ин маросим дар шууру зеҳни мардум ва ҷомеаи имрӯзаи мо аз аҳамият холӣ нест, зеро дар баробари оғози фараҳмандиву ибтидои тараддуди деҳқон будани он ин ҷашну ин суннату анъана аҳаммияти тарбиявию ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ низ дорад. Зеро ин ҷашн баҳри некуаҳволии инсоният ва зиндагиву рӯзгори ободи мардумон офарида шудаасту тараннумгари сулҳу дӯстии одамон мебошад, то ки онҳо дар ваҳдату ягонагӣ ва дастиҳамгириҳо аҳлона рӯзгор ба сар баранд.
Дар воқеъ, ҷашни Сада таҷассумгари ғояҳои неки башардӯстона буда, он мардумро ба дӯстиву ободкорӣ даъват мекунад.

Ҷашни Сада муборак ҳамватанони азиз!

Раҳим Зулфониён -
сардори шуъбаи танзими
истилоҳоти Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди ҲҶТ

Content rating: 
5
Average: 5 (1 vote)