ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 8 July, 2024 - 12:05

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024

8-уми июли соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1.    Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минъбада.
2.    Баррасии лоиҳаи Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024.
Ҷаласа бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуд.
Дар оғоз раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҷаласаро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда, барои роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайваста дар самти пешбурди сиёсати забони давлатӣ изҳори сипос намуданд.
Сипас, муовини раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода тариқи рӯнамо ҳисоботи таҳлилии шашмоҳаро дар қиёс ба нимсолаи гузашта ва вазифаҳо барои давраҳои минъбадаро манзури ҳозирин гардонд. Мавсуф зикр намуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ монда, дар ин замина фаъолияти худро дар самтҳои гуногун амалӣ намудааст.
2. Оид ба масъалаи тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024 сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Сафаров Эраҷ баромад намуда, дурнамои фаъолияти Кумитаро матраҳ намуд ва барои тасдиқи он ба Ҳайати мушовара пешниҳод кард.
3.    Аз ҷониби Ҳайати мушовара ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минъбада қаноатбахш ҳисобида шуда, Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2024 тасдиқ гардид.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба мавзуъҳои матраҳгардида, баҳсу музокираҳо сурат гирифта, иштирокдорон – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин аъзои Ҳайати мушовара - Назарзода Сайфиддин, Абдураҳмонова Мастура, Мансурӣ Шодмон андешаҳои худро баён намуданд. Ҳисоботи шашмоҳаи Кумитаро қаноатбахш ҳисобида, пешниҳодҳои созанда манзур намуданд.
Дар фарҷом, раиси Кумита ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин ҷиҳати таҳлили воқебинона доир ба ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи Кумита изҳори сипос намуда, пешниҳодҳои ӯро бамаврид арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба дигар нафарони дар музокира иштирок намуда, барои баёни андеша ва тавсияҳои судманд миннатдории хешро баён намуданд.

Content rating: 
4
Average: 4 (4 votes)