Умри миллат ба умри забон вобаста аст

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 4 October, 2024 - 10:35

     Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро, маҳз, истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки забони модарии мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бесобиқа густариш ёфта, нақшу мақом ва манзалаташро пойдор ва мустаҳкам нигоҳ медорад.
     Дар даврони истиқлоли давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади болои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Ба хотири пойдории забони тоҷикӣ ва заҳмату талошҳои адибони ин миллат тамаддунофар, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020- 2030» ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ба тасвиб расид.
     Баҳри рушиди забони давлатӣ дар маркази ҷамоати Сағирдашт фестивалу озмунҳо, нишасту вохӯриҳо ва суҳбату мулоқотҳои судманд доир гардида истодаанд. Масалан, санаи 2-юми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Лухчи Ҷамоати мазкур конференсия дар мавзуи «Асолати забони модарӣ» баргузор гардид, ки дар он раиси Ҷамоат Ализода Бегиҷон, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Сафаров Маҳмадназар, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таълимии ҷамоат ва хонандагон иштирок доштанд.
Кори конференсияро раиси Ҷамоат бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, байён доштанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ӯ дар баромадаш илова намуд, ки бе донистани забони давлатӣ, омӯзиши дигар забонҳо мушкил буда, эҳтиром нисбат ба забони давлатӣ бояд аз синни хурдсолӣ дар зеҳни ҳар шахс ҷо дода шавад.
Дар конференсия омӯзгорон Иброҳим Раҳимов аз муассисаи таълимии №15, Бадриддин Алиев аз муассисаи таълимии №2, Саратон Шарипова аз МТМУ №16 дар мавзуъҳои «Рушди забони давлатӣ-тақозои замон», «Густариши забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол», «Ҳар киро забон хуштар, ҳавохоҳони ӯ бештар» баромадҳо намуданд.
     Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани маърифати донишандӯзӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон дар муассисаи таълимӣ гулчинҳои адабӣ, моҳҳои фанни забон ва адабиёти тоҷик, чорабиниҳои беруназсинфӣ, озмунҳои «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Иншои беҳтарин», «Диктанти беҳтарин», «Хонандаи бењтарини осори Асосгузори сулњу вањдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Рањмон», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Рўдакихонї», «Шоҳномахонӣ» ва ғайра ба нақша гирифта шуда, дар давоми соли таҳсил ташкил ва баргузор карда мешавад. Инчунин, аз аввали соли хониш то имрӯз дар муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, озмуни қироатӣ шеъри беҳтарин ва хушнависӣ беҳтарин баргузор гардида, ғолибон Лазатшои Р, Ҳайдаров Р ва Шодибекзода Ф. бо ифтихорнома қадрдонӣ гардидаанд.
Сипас, роҳбари муассиса Талабшо Азизов дар суханрониаш мавқеи забони модариро дар замони соҳибистиқлолӣ хубу муҳим хонда, иброз дошт, ки ҳамасола, 5-уми октябри Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Риояи қоидаҳои имлои забони давлатиро дар идораву муассисаҳо муҳим арёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки яке аз омилҳои асосии пойдор ва устувор нигоҳ доштани миллати мо, маҳз, ин забони шево ва гӯё, ки ба он фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст, бо шумор меравад. Инчунин, ӯ зикр намуд, ки мо бояд ғайр аз забони модарӣ бояд дигар забонҳо, аз ҷумла, забонҳои русӣ ва англисиро донем.    
     Воқеан ҳам, дар баробари ин ҳама дастгирию ғамхориҳои Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар ҳар яки моро зарур аст, ки барои беҳтар гардидани таълиму тарбияи насли наврас шабонарӯзӣ заҳмат кашем, зеро ҳақ ба ҷониби Перзиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28- уми декабри соли 2023 дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, таъкид намуданд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Азизов Талабшо.
директори МТМУ № 15,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
деҳаи Лухч, ҷ/д Сағирдашт, ноҳияи Дарвоз

Content rating: 
Average: 5 (6 votes)