Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳурияӣ таҳти унвони «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷума, Ҳамрохон Дӯстзода, директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ, забоншиносони варзида, олимон, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, Прокуратураи генералӣ, суди олӣ, палатаи ҳисоб, кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми бузург дорад. Дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Зимни Конференсия изҳор гардид, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаҳои маориф илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё рӯзи 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардида, он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар тамоми давлатҳои олам таҷлил мегардад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ» имрӯз дар Тоҷикистон ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии арманҳо, бошкирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо ва уйғурҳо ва ғайра фаъолият менамоянд.
Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва ҳалқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Login
Sitemap
Contacts

















Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


