ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Tajik Spell Checker 2026

Submitted by Ҳайати тадорукот on 24 February, 2026 - 17:29

     Таҳти чунин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷума, Ҳамрохон Дӯстзода, кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
     Тазаккур дода шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамалакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон боифтихор чунин таъкид намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».
Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона иҷро мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар менамоянд.

Content rating: 
Average: 5 (1 vote)