Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол»
ФИШУРДАИ
гузориш барои воситаҳои ахбори омма аз конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
(18.02.2025)
«Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро забони давлатӣ низ муайян менамояд. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қавмият ва дар ниҳоят, кишвар аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталиф бо ҳамин забон амалӣ мегарданд. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Пас, маълум мегардад, ки забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу ақидаҳо муносибат ба забон аз кас диққати ҷиддиро талаб менамояд.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан, Модар ва Забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Забон бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад. Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳамаи давру замон мебошад. Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё рӯзи 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ» имрӯз дар Тоҷикистон ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии арманҳо, бошқирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо, қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо ва уйғурҳо ва ғайра фаъолият менамоянд. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми бузург дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Кумита бо мақсади иҷрои банда 46-и Нақшаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори ҲҶТ аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тасдиқ шудааст, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол” 18-уми феврали соли 2025 дар толори Академияи ВАО баргузор намуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аъзоёни Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва кормандони ВАО иштирок карданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ профессор Сахидод Раҳматуллозода кушода, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, конференсияро ҳусни оғоз бахшид.
Дар конференсия зиёда аз 40 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, маърузаҳои профессорон С. Раҳматуллозода (Забони модарӣ гавҳари ноёби миллӣ), Ш. Кабиров (Мушкилоти илмҳои забони модарӣ), С. Назарзода (Вижагиҳои забонии ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз), С. Абдуллоева (Омилҳои афзалиятноки рушди забони муосири тоҷик), А. Ғаффор (Мулоҳизаҳо оид ба алоқаи калимаҳо бо пешоянди номӣ дар осори мансури асрҳои XV-XVI) ҷолиб буданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби номзадҳои илмҳои филологӣ, мақолаҳои дотсентон С. Маҳдӣ, С. Мирзоев, С. Собирҷонов, Р. Зулфониён, М. Каримова, Р. Холназаров, Б. Раҳмонов, А. Давлатшоева, С. Эрматов, Б. Исмоилов, Ш. Шарифов, Ҳ. Шодиев, С. Юсупова, Ш. Буриева, Ф. Ҷурабекова, С. Қодирова, Р. Бобокалонова, М. Зоитова ва дигарон, ки ба масъалаҳои гуногуни забонҳои модарии сокинони Тоҷикистон бахшида шуда буданд, дар конференсия ироа гардид.