Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи илм дар муассисаҳои илмию фарҳангӣ гузашта истодааст. Таҳқиқу баррасӣ ва донишҳои гуногуни назарӣ аз қадим диққати донишмандони тоҷикро ҷалб кардааст. Аз Эъломияи Куруши Кабир то пешниҳодҳои беназири Сарвари давлатамон дар робита ба об дар СММ, гувоҳи зеҳни волои миллати тоҷик мебошад. Ин аст, ки машғул шудан ба илм аз вазифаҳои муҳими илмӣ ба шумор меравад. Яке аз донишмандоне, ки умри бобаракати худро ба ин самти муҳим бахшидааст, профессор Зоир Ҷурахон Маҷидзода мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш таъкид карда буданд, ки халқ ба хотири ҳамон фарзандони наҷибаш арҷ мегузорад, ки дар роҳи пешрафти давлат, шукуфоии Ватан ва сарбаландии миллати худ содиқонаву фидокорона заҳмат кашида, дар соҳаҳои худ ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд.
Ин таъкидҳои Пешвои миллат бозгӯи обрӯю эътибори ҳазорон нафар фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад, ки дар арсаҳои гуногуну соҳаҳои мухталиф фаъолияти пурсамар намуда, дар шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Яке аз чунин, фарзандони содиқи Ватан, доктори илмҳои ҳуқуқ, ходими илмию давлатӣ, генерал-майори милитсия Зоир Ҷурахон Маҷидзода мебошад.
Мардони хирадманд, покҷавҳару нексиришт ва ҷасуру росткор ҳамеша ва дар ҳар давру замон мавриди эҳтиром ва писанди ҳамагонанд. Зеро онҳо бо хислату фазилатҳои хоси худ дар ҷомеа нодиру камназиранд. Эшон хушбахтии худро дар саодати мардум дониста, ҳаргиз барои манфиати шахсии худ талош намеварзанд. Аз ин рӯ, ин гуна ашхос тавассути хираду фазилатҳои наҷиб ва амалҳои неки хеш дар зеҳнҳо боқӣ монда, аҳли ҷомеа онҳоро қадршиносӣ менамоянд ва азиз медорад.
Моҳи марти соли равон, ин шахсияти муътабару баруманди кишвар, олим, устод, муҳаққиқ, инсони комил ва донишманди соҳибмактаб, яке аз саромадони илми ҳуқуқ дар кишвар Зоир Ҷурахон Маҷидзода ба синни мубораки шасту ҳашт қадам мениҳанд. Аз синни шаст боло дар байни мардуми мо эҳтироми хоссае дошта, қуллаеро мемонад, ки аз баландии он ба поёниҳо бо назари ифтихор ва қаноатмандӣ менигаранд.
Дар рӯзҳои Ҷашни ниёгонамон Наврӯз, 26-уми марти соли 1957, дар деҳаи зебоманзари Яхчашмаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадани Зоир Ҷурахон-собиқ вакили мардумӣ, муҳаққиқи дақиқназар, шахси суханвару пурмаҳсул, ҳалиму меҳрубон ва, умуман, инсони комил фоли нек ва пайомади хуш буда, ба фазилати ӯ созгор аст.
Устод Зоир Ҷурахон таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи ҳатмиро солҳои 1964 то 1974 дар мактаби №2-и зодгоҳаш гирифта, аз соли 1975 то 1977 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат намуда, мисли дигар халқияту миллатҳои замони шуравӣ бо ифтихор савганди садоқат ба забон оварда, дар ҳимояи Ватан баҳри пойдорӣ ва ҳастии он, марзи кишварро ба қиммати ҷон ҳифз намудааст. Мавсуф барои идомаи таҳсил соли 1978 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1983 бо муваффақият хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар Донишкада ӯ дар ҳаёти ҷамъиятии он ва ба хусус, корҳои иттифоқи ленинии ҷавонон (комсомол) фаъолона ширкат мекардааст.
Генерал Зоир Ҷурахон бо як матонат ва ғайрати ҷавонмардӣ, фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1983 ба ҳайси нозир ва ваколатдори оперативӣ оғоз намуда, худро ҳамчун корманди фаъолу ҷӯянда, болаёқату ташкилотчӣ нишон дода тавонистааст. Номбурда аз зумраи он нафароне мебошад, ки солиёни зиёд умри бобаракати худро дар мақомоти корҳои дохилӣ паси сар намуда, дастуру тавсияҳои ин ниҳоди қудратиро ҳамеша сармашқи кори худ қарор дода, дар як қатор вазифаҳои роҳбарикунанда: корманди оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ, то муовини сардор ШКД ноҳияи Бохтар, шунавандаи Академияи ВКД Федератсияи Россия, сардори шуъбаи 3-юми Раёсати кофтуковии ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, сардори ШКД ноҳияи Шоҳмансур, сардори Раёсати кофтуковии ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, муовини котиби Шурои Амнияти Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷиистон, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлёти ВКД Тоҷикистон, муовини директории Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди ИДМ, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташакили ВКД Тоҷикистон, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар ҳашт Раёсатҳои ин ниҳодҳои қудратӣ роҳбари кардааст, ки чунин роҳбарон ангуштшуморанд.
Мавсуф дар миёни кормандони Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҳисоби кормандони амалӣ, аввалин шахсе мебошад, ки ба шароитҳои сангини солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон нигоҳ накарда, бар зидди ҷинояту ҷиноятгорӣ мубориза бурда, дар даст қалам ба навиштани рисолаҳои номзади ва докторӣ машғул шуд.
Дар солҳои вазнини ҷанги таҳмили дар кишвар, устод барои таъмини амният, кашф ва пешгирии ҷиноятҳои вазнин саҳми худро гузоштааст, ки аз ҷассорат ва ватандӯстии ӯ дарак медиҳад. Зиндагинома ва роҳи меҳнатии тайкардаи устод воқеан ҳам намунаи олии садоқат ба халқу Ватан аст.
Ҳамаи ин хислатҳои наку ва ақли закӣ дар зиндагӣ ва алалхусус корӣ ва касбии устод, абадӣ нақш баст. Ба чунин хислат ва фаҳмиши интихоби роҳи кор дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби ӯ тасодуфӣ набуда, амри тақдир будааст.
Номбурда солиёни зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият намуда, қобилияти хуби одамшиносӣ дошт. Институти бозомӯзиро ҷиддӣ ба роҳ монда, аз кормандони пуртаҷриба қатъӣ талаб мекард, ки ҷавонони нав ба кор омадаро зери назорат гирифта, нозукиҳои корро ба онҳо ёд диҳанд.
Соҳибқаламе барҳақ гуфтааст:
Ранҷ набурда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ,
Музд гар металаби хидмати устод бибар.
Албатта, ранҷу заҳмат ва хизматҳои шоёнаи устод дар ҷодаи омода намудани кадрҳои болаёқат бенатиҷа намонд. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки аксари ҷавонони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар давраи роҳбарии ин марди некбин ба кор омада буданд, айни замон дар сатҳи олии роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ бо муваффақият адои вазифа намуда истодаанд.
Дар урфият хеле хуб гуфтаанд, ки мероси падар хоҳӣ, илмӣ падар омӯз. Воқеан, ҷигарбанди устод, подполковники милитсия, Зоирзода Суҳроб Ҷурахон баъди хатми мактаби олии Академияи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Санкт- Петербурги федератсияи Россия ва факултети 1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давомдиҳандаи кори қиблагоҳ, ҳоло сардори шуъбаи Амнияти иттилоотиро дар Раёсати кофтуковӣ ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад.
Имрӯзҳо шогирдони устод, хатмкунандагони мактабҳои олии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик, имрӯзҳо худ устод гардида, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатии кишвар хизмат намуда истодаанд, ки аз шогирдии хеш ба устоди арҷмандашон ифтихори азим доранд.
Дар тасаввури ҳамкасбону шогирдон номи устод, чун рамзи устоди хирадпешаву некбин, кордону нуқтасанҷ, сахтгиру серталаб, мушфиқу ғамхор ва аз ҳама муҳимаш ҷонсупурдаи касби пуршарафи хеш абадӣ нақш бастааст. Ӯ аз зумраи он мутахассисоне мебошад, ки ҳаргиз пойбанди кадом як риштаи маҳдуди фаъолияти касбӣ набудааст. Ин аст, ки қобилияти худододӣ дар таҷрибаи кори роҳбарӣ ба ӯ имконият дод, ки дар ҳаллӣ ин ва ё он масоили сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва низомӣ бошуурона амал намуда, баҳри эътирофи чунин андешаҳо ҳамагонро ҳидоят намояд.
Зиндагӣ ба устод хотираи фавқулодда ва ақли комилро раво дида, қалби ҳассосу мушфиқро низ ба ӯ ҳадя намудааст. Ин сифатҳои ақлӣ ва инсондӯстӣ, ки дар гуфтору кирдори устод аён буд, ҳеҷ гоҳ нагузоштанд, ки ӯ дар равиши пурпечутоби зиндагӣ манфиати хешро ба эшон боло гузорад. Ин мавқеъгирӣ, ки аслан худқурбонист хоси мардони поксиришт ва далели инсонпарварии онҳост.
Устод, Зоир Ҷурахон аз зумраи олимоне мебошад, ки дар баробари хизмати шоёнаш дар амалияи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, ба кори илмию эҷодӣ низ машғул буда, соҳаҳои асосии мулоҳиза ва тадқиқотҳои илмӣ: Масъалаҳои иҷтимоию этносотсиалӣ, геополитика, ҳуқуқи исломӣ ва исломшиносӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва давлатшиносӣ, назарияи идоракунӣ дар масъалаи тартиботи ҳуқуқӣ, муқобилиятсози бар зидди экстремизм ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ мебошад. Ба қалами ӯ имрӯз беш аз 25 китоби илмӣ-оммавӣ, дарсӣ, дастурамалҳои таълимӣ, барномаҳо ва беш аз 110 номгӯи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотиро дар дохилу хориҷӣ ҷумҳурӣ ба табъ расида, дар миёни олимони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои илмиаш ном бароварда, соҳиби эҳтирому ифтихор буда, яке аз номбардонрони миллат эътироф гаштааст. Гуфтан ба маврид аст, ки аз байни кормандони мақомоти милитсияи тоҷик, устод, яке аз аввалинҳо мебошад, ки унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносиро соҳиб шудааст.
Қобили зикр аст, ки профессор Зоир Ҷурахон воқеан шахсиятест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон натанҳо, чун олими варзидаи соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ, балки рамзи ҷасорату мардонагӣ, хоксорию нексириштӣ, покию ростӣ мавриди эътироф ва эҳтиром қарор дорад. Пуррагии сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмӣ, фурӯтанию қаноатпешагӣ ва дигар фазилатҳое, ки дар замири ин марди адолатҷӯ ниҳон аст, дар байни аҳли илми кишвар шояд ангуштшумор бошад.
Табиист, ки раванди ташаккул ва инкишофи донишҳоро мутахассисон ва муҳаққиқони намоён роҳбарӣ намуда, дар раванди эҷодкунию бунёдкуниҳо мақом ва нақши махсусро соҳибанд. Дар шароити Тоҷикистон ба ҷумлаи чунин саромадони илмҳои ҳуқуқшиносии муосир профессор, устод Зоир Ҷурахон баромад менамояд.
Хурсандибахш аст, ки ин олими тоҷик, соли 2015 барои хизматҳои биёрсолаи бенуқсон дар пешрафти илми ҳуқуқшиносии тоҷик ва силсила корҳо дар мавзуи «Давлатдории миллӣ» ва «Мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона» ба ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Академик М. О. Осимӣ сарфароз гардонида шудааст.
Саҳми профессор Зоир Ҷурахон дар таколмули қонунгузории соҳа низ назаррас аст. Ӯ ҳамчун муфассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйи» хизмати шоиста кардааст. Аз ин ҷост, ки аввалин бор ба ин қонун тафсир навишта буд ва баъд аз қабули таҳрири нави қонуни мазкур, он ба нашр омода гардид, ки натиҷаи дониши васеи ин донашмади соҳаи ҳуқуқ мебошад.
Нақши устод дар омода сохтану ба камол расонидани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ назаррас аст. Ӯ дар давраи фаъолияти илмиаш 14 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ, 25 нафар аспирант ва унвонҷӯй роҳбарӣ карда, ба 2 нафар докторантҳо дар дифои рисолаи докториашон ҳамчун муқарриз ва ба 25 нафар унвонҷӯён дар дифои рисолаҳои номзадиашон ба сифати муқарризи расмӣ иштирок намуда, ба мавзуъҳои илмии эшон баҳои судманд додааст.
Қобили зикр аст, ки устод ҳанӯз аз лаҳзаҳои нахустини фаъолияташ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар донишкадаю донишгоҳҳо ба таълиму тадриз машғул буда, ҳамчун шахси донишманду соҳибкасб мақому манзалати арзандаро соҳиб гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки устодро ҳамагон ҳамчун мактаби таҷрибаи ғанӣ ва нодири зиндагӣ, махзани беинтиҳои илму дониш ва намунаи олии инсонгароию инсондӯстӣ мешиносанд. Муҳимаш ин аст, ки аз таҷрибаи бою дониши устод ҳама фаровон истифода мебаранд ва табиист, ки минатпазиранд.
Профессор Зоир Ҷурахон пайваста дар конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ, машваратҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ширкат намуда, баромадҳои пурмуҳтаво ва воқеиро анҷом додааст. Мақоллаҳои илмию таҳқиқоти донишманди тоҷик дар маҷалаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр гардида, ҳаводорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар пайдо намудааст. Ин донишманди тоҷикро дар ҳудуди ИДМ ва як қатор кишварҳои дигар мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд.
Доктори илмҳои ҳуқуқ, устоди меҳнатқарину меҳандӯст, Зоир Ҷурахон тайи солҳои охир дар Институти сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дошта, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатиро ба зимма дошта, дар рушди паҳлуҳои гуногуни на танҳо илмҳои ҳуқуқшиносӣ, балки инкишофи донишҳои давлатдории тоҷикон саҳми назаррас гузошта истодааст. Номбурда айни замон раиси Шурои муштараки диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои илмиро дар риштаи ҳуқуқшиносиро ба зимма дорад.
Профессор Зоир Ҷурахон на танҳо дар кори мақомоти корҳои дахилӣ, балки дар корҳои илмию эҷодӣ, низ бо дили гарм ва масъулияти баланд муносибат намуда, тамоми мушкилиҳои роҳи ноҳамвори шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳирона ба роҳ мондаю пурсаброна паси сар намуда, пеш меравад.
Ӯ хеле хуб медонад, ки:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Маҳз ҳамин хизматҳои шоиста, садоқати касбӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва саъю талошҳои созандагии устод Зоир Ҷурахон буд, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат дар тули фаъолияти меҳнатиаш борҳо бо мукофотҳои олии давлатӣ ва молию пулӣ сарфароз гардонида шудааст. Чунончи: Мушовири давлатии дараҷаи як(1997), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), Узви вобастаи Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии Дастаҷамъона (2009), Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Ордени «Шараф» дараҷаи 2, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 14 медали гуногуни Ҳукуматӣ, соҳавӣ, байнидавлатӣ ва дар маҷмуъ бо 42 номгӯи мукофотҳо, ки дар миёни онҳо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо мушарраф гардидааст.
Зиёда аз ин, чанд даъват Вакили маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст, ки на ба ҳама кас чунин дастовардҳо насиб мегарданд.
Гарчанде, ки мақоли «Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд, меҳри ӯро дар дилаш афрохтаанд»-ро борҳо шунидаем, ба таҷрибаи андухтаи доктор Зоир Ҷӯрахон нигарем, мебинем, ки Худованд саховати худро бар сари ӯ арзонӣ дошта, ӯро барои чандин корҳо офарида будааст.
Месазад, ки ин лаҳза устоди азизу меҳрубон-Шуморо бо фарорасии 68-умин солгарди мавлудатон аз самими дил табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хушиҳои зиндагиро орзу намоям. Таманнои онро дорам, ки дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва зиндагӣ муваффақ бошед.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки мавлуди Шумо ба ин моҳ рост омадааст, баҳратон зиндагии пурсафову босаодат, пур аз нишоту нусратҳоро таманно менамоям. Бигузор, аз фурӯғи Наврӯзи оламафрӯз ҳаёти Шуморо чун гулҳои баҳорӣ ҳамеша шукуфону дурахшон, дилу кошонаатон ҳамеша пурнур ва саршор аз шодиву сурур бошад!
Мирзозода Мирзошариф Одина
корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон