КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд».