Чоршанбе, Декабр 17, 2025

Семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Декабр, 2025 - 18:00

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ таҳти унвони "Забони миллат-пояи давлат" доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин афзуд, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
Дар фарҷоми семинар, ба масъулини мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад